Оё колика сабаби гиряи кӯдак аст?
Колика — ин бе ягон сабаб хеле дуру дароз гиря кардани кӯдаки солим аст. Он бештар дар 6 ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешавад. Одатан дар 3-4 моҳагӣ худ аз худ нест мешавад.
Мақолаҳои кӯтоҳ, меҳрубонона ва ба далелҳо асосёфта барои ҳар марҳила — давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва соли аввал.
Колика — ин бе ягон сабаб хеле дуру дароз гиря кардани кӯдаки солим аст. Он бештар дар 6 ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешавад. Одатан дар 3-4 моҳагӣ худ аз худ нест мешавад.
Колика — ин бе ягон сабаб хеле дуру дароз гиря кардани кӯдаки солим аст. Он бештар дар 6 ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешавад. Одатан дар 3-4 моҳагӣ худ аз худ нест мешавад.
Дар ҳама гуна давраи ҳомиладорӣ фишори баланди хун ё гипертензия ба вуҷуд омада метавонад. Дар ҳомиладорӣ баландшавии фишори хун ба зан бештар таъсир мерасонад. Агар он табобат карда нашавад, беморӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ бо саломатии худи зан ва фарзанди ояндааш гардад.
Қайкунӣ — ин тавассути даҳон бо қувва берун кардани массаи дар меъда ҷамъшуда мебошад. Туф кардан (аксар вақт дар кӯдакони то яксола мушоҳида мешавад) аз даҳон рехтани массаи таркиби меъда аст, ки бо оруғ задани зуд-зуд ҳамроҳ мешавад.
Ҳомиладорӣ чунин давраест, ки дар он тағйироти зиёд мушоҳида мешавад. Ҷудо кардани ин тағйирот аз меъёр ва патология аз зани ҳомиладор масъулият, аз шифокор бошад дониш ва малака талаб мекунад. Яке аз чунин муаммоҳо ин пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ мебошад.
Холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ, ки маъмулан холестази ҳомиладорӣ номида мешавад, бемории ҷигарест, ки дар давраҳои охири ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд.
Наҷосат одатан қаҳваранг аст, аммо ранги он ҳар рӯз метавонад тағйир ёбад. Ин одатан боиси нигаронӣ нест. Сабабҳои наҷосати сабз дар кӯдакон вобаста ба синну соли онҳо метавонанд гуногун бошанд.
Агар шумо дар наҷосати навзод хун ё ҳангоми туф кардан ва қай кардан миқдори ками хунро мушоҳида кунед, табиист, ки дар шумо савол пайдо мешавад, ки сабаби ин дар чист ва оё аз ин ҳолат бояд хавотир шуд ё не.
Тавассути ин мақола мо ба шумо дар бораи сабабҳои пайдоиши газ дар кӯдакон, аломатҳои он ва чӣ гуна хориҷ кардани гази ҷамъшуда маълумоти муфид пешниҳод мекунем.
Сабаби қабзият ба он вобаста аст, ки он дар кадом марҳилаи ҳомиладорӣ рух медиҳад. Ба ин сабабҳои эҳтимолии зерин дохил мешаванд:
Кандидози ковокии даҳон ё барфак як навъи маъмули сироят дар кӯдакон аст, ки одатан ташхис ва табобати он осон аст. Агар шумо ва фарзанди шумо ҳам ба занбӯруғ...
Варикоз венаҳои барҷаста ва варамидаи пой мебошад. Ранги онҳо одатан кабуди тира ё бунафш буда, аз намудаш ба риштаи печ дар печ монанд аст.
Академияи педиатрияи Амрико ба модарон тавсия медиҳад, ки кӯдаконро дар 6 моҳи аввали ҳаёташон бо шири сина ғизо диҳанд. Ҳадди ақал 1 сол кӯдакон бо шири модар ғизо мегиранд, дар давраҳои минбаъда барои рушди фаъоли кӯдак маҳсулоти иловагӣ илова кардан мумкин аст.
Экзема (инчунин дерматити атопикӣ номида мешавад) доначаҳои пӯсти хушк ва хоришдор аст, ки метавонад дар ҳама ҷойи бадан пайдо шавад ва одатан дар пӯсти рӯй ва дасту пой ба вуҷуд меояд. Экзема метавонад дар ҳар як инсон, аз ҷумла дар кӯдакон пайдо шавад.
Бисёр занони ҳомиладор дар ин давра, хусусан дар семоҳаи якум ва сеюм аз хастагӣ шикоят мекунанд. Зиёдшавии сатҳи прогестерон ва бардоштани вазни зиёдатӣ низ метавонад хастагиро афзоиш диҳад, ки ин дар навбати худ метавонад бехобиро зиёд кунад.
Барои истеҳсоли шир бадан ба калорияҳои иловагӣ ниёз дорад. Намудҳои муайяни хӯрок ва нӯшокиҳо барои зиёд кардани шири модарони ҷавон муфид ҳисобида мешаванд. Тадқиқотҳо оид ба ғизоҳое, ки ширдиҳиро зиёд мекунанд, хеле каманд.
Гипергликемия метавонад ба рагҳои хунгард, асаб, чашм ва гурда, инчунин дил дар тамоми бадан зарар расонад. Гипергликемия сабаби бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани кӯдакон мегардад.
Беобшавӣ дар навзодон ҳолати набудани моеъи кофӣ дар бадан барои иҷрои фаъолияти муқаррарии ҳаётӣ мебошад.
Дар бораи он ки чӣ тавр имконияти таваллуди дугоникҳоро зиёд кардан мумкин аст, афсонаҳои зиёде мавҷуданд. Гарчанде усулҳои исботшудаи баланд бардоштани эҳтимолияти ҳомиладории дугоник вуҷуд надошта бошанд ҳам, омилҳои маълуме вуҷуд доранд, ки фоизи чунин ҳомиладориро зиёд мекунанд.
Аз ҳад зиёд дар зери стресс будан метавонад ба саломатии шумо ва кӯдаки ояндаи шумо мушкилоти гуногунро ба миён орад.
Бавосир – бемории варидҳои сӯрохии мақъад буда, бо калоншавии гиреҳҳои бавосир, ба поён лағжидан ё ба берун баромада мондани онҳо ҷараён мегирад. Рӯдаи рости одам аз мушак ва бофтаҳои пайвасткунанда ташкил ёфтааст. Қабати дарунии луобӣ бо буғумчаҳо, яъне гиреҳҳои бавосир пӯшонида шудааст.
Мастит — бемориест, ки бо пайдоиши сироят дар бофтаҳои ғадуди шири як ё ҳарду сина ба амал меояд. Ин одатан дар занони ширдеҳ ба вуҷуд меояд.
Тибқи ҳисобҳои Академияи педиатрии Амрико, мушкилоти вобаста ба хоб дар 25-50%-и кӯдакон ва 40%-и наврасон мушоҳида мешавад.
Дар организми зани ҳомиладор дар давоми ҳомиладорӣ тағйироти зиёд рӯй медиҳанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳомиладорӣ дар пӯст, мӯй ва нохунҳо як қатор тағйирот мушоҳида шуданашон мумкин аст. Дар ин мақола мо дар бораи баъзе тағйироти пӯст, ки дар натиҷаи ҳомиладорӣ ба вуҷуд меоянд, маълумот медиҳем.
Ҳомилагии эктопикӣ дар ҳолате ба амал меояд, ки эмбрион берун аз қабати дохилии бачадон ҷойгир шавад. Ин метавонад боиси оризаҳои барои ҳаёт хатарнок гардад. Аксар вақт дар ҳомиладории эктопикӣ эмбрион дар найҳои бачадон (найчаҳои фаллопий) ҷойгир мешавад, аммо он метавонад дар тухмдон ё ковокии шикам низ бошад.
Беобшавӣ дар ҳомиладорӣ нисбат ба дигар давраҳо яке аз ҳолатҳои манфии бештар вохӯранда ба ҳисоб меравад. Дар ин давра беобшавӣ дар аксари ҳолатҳо сабук аст, аммо баъзан беобшавии шадид мушоҳида мешавад, ки метавонад барои саломатии модар ва кӯдак хатари ҷиддӣ эҷод кунад.
Хуррок кашидан дар ҳомиладорӣ асосан дар триместри 2-юми ҳомиладорӣ, тахминан дар ҳафтаи 16-уми тақвими ҳомиладорӣ ба сабаби баста шудани бинӣ аз таъсири гормонҳои ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд.
Пас аз таваллуд бадани шумо тағйироти зиёдеро аз сар мегузаронад ва барои барқарор кардани он вақт лозим аст. Дар давоми як ҳафтаи пас аз таваллуд эҳсос кардани баъзе нороҳатиҳо, аз қабили дард ва хастагии шадид маъмул аст. Аммо дар баъзе занон пас аз таваллуд оризаҳои мушкилоти ҷиддии саломатӣ пайдо мешаванд, ки барои ҳаёт хатарноканд. Агар шумо аз вазъи саломатии худ хавотир бошед ё дард ва нороҳатӣ дошта бошед, ба духтури худ муроҷиат кунед.
Дидани чизҳо аз боло метавонад барои кӯдаки шумо хеле ҳаяҷоновар бошад! Ёд гирифтани рост истодан барои кӯдак боз як дунёи навро кашф мекунад ва ин ҳолат барои мустақилияти ӯ хеле муҳим аст. Дар баробари ин, барои падару модар ҳам қадам гузоштани кӯдак ё ба он саъй кардани ӯ ҳодисаи хеле шавқовар ва хурсандибахш аст.
Мувофиқи фикри баъзе тадқиқотчиён, модарони оянда бо сабаби хоҳишҳои фарзанди таваллудшаванда ё талаботи организм ба маҳсулоти муайян хӯрок интихоб мекунанд, аммо дигар тадқиқотчиён таъкид мекунанд, ки ин ҷараёнро ба осонӣ шарҳ додан душвор аст.
Зан метавонад аз он нигарон бошад, ки шикамаш нисбат ба ҳафтаи ҳомиладорӣ хеле калон ё хеле хурд аст ё ҳомила дар қисми болоӣ ё поёнии шикам "ҷойгир мешавад."
Ҳар як зане, ки ба саломатии репродуктивии худ бефарқ нест, бояд дар бораи овулятсия ва хусусиятҳои хоси он маълумот дошта бошад. Тавассути ин мақола мо дар бораи аломатҳои овулятсия маълумоти муфассал медиҳем.
Дар мақолаи зерин мо дар бораи чизҳои муҳиме, ки шумо бояд дар бораи табларза ҳангоми ҳомиладорӣ донед, аз ҷумла дар бораи он ки табларза дар занони ҳомила чист, чӣ гуна доруҳоро ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан ва табларза истеъмол кардан мумкин аст ва аҳамияти муроҷиат ба духтур барои кам кардани хатарҳое, ки табларза метавонад ба шумо ва кӯдаки рушдёбандаи шумо расонад, маълумот медиҳем.
Боз дарди миён шуморо нороҳат мекунад?! Аз чӣ сабаб дарди миён дар ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд ва чӣ гуна онро бартараф кардан мумкин аст?! Дар ин мақола мо ба ин саволҳо то қадри имкон ҷавоб хоҳем дод.
Умуман, дар занону духтарони бидуни бемориҳои репродуктивӣ таъхири ҳайз метавонад то 5-7 рӯз давом кунад. Аммо, халалдоршавии сикли ҳайз...
Сабабҳои зиёде ҳастанд, ки дар бораи тағйирёбии бадан ҳангоми ҳомиладорӣ фикр кунед. Ҳарчанд ҳар як ҳомиладорӣ гуногун аст, якчанд чизҳое ҳастанд, ки дар аксарият мушоҳида мешаванд, аз ҷумла камхунӣ ҳангоми ҳомиладорӣ дар бисёр занони ҳомила мушоҳида мешавад.
Сарчархзанӣ дар ҳамаи занон, инчунин дар давраи ҳомиладорӣ дар занони ҳомила зуд-зуд мушоҳида мешавад. Онҳоро сарчархзанӣ ва баъзан дар баробари сарчархзанӣ тарси афтидан низ фаро мегирад. Дар ин мақола мо дар бораи сабабҳои сарчархзанӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва он ки кай бояд ба духтур муроҷиат кард, муфассал сухан меронем.
Тавассути ин мақолаи мо, мо бо шумо сироятҳои маъмул дар ҳомиладорӣ, чӣ гуна ба кӯдак таъсир расонидани онҳо ва роҳҳои пешгирии инкишофи сироятҳоро дида мебароем.
Токсикоз одатан дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ пайдо мешавад ва ба он ҳамчун яке аз нишонаҳои аввалини ҳомиладорӣ нигоҳ мекунанд. Тақрибан 70-80%-и занони ҳомиладор дар семоҳаи аввал нороҳатиҳоеро, аз қабили дилбеҳузурӣ ё қайкунӣ эҳсос мекунанд.
Дар баробари он ки ҳомиладорӣ ҳаяҷоновар аст, муайян кардани он ки кадоме аз бисёр тағйироти он давра муқаррарӣ аст ва кадоме боиси нигаронӣ мегардад, на ҳамеша осон аст. Яке аз чунин тағйирот ин пайдоиши ихроҷот дар ҳомиладорӣ буда, дар давраи ҳомиладорӣ он метавонад бо часпакӣ ё ғафсӣ, басомад ва миқдори худ аз ҳамдигар фарқ кунад.
Дар кӯдакони навзод системаи танзими ҳарорати бадан хуб инкишоф наёфтааст. Агар кӯдаки шумо аз 3 моҳ хурдтар бошад ва ҳарорати рӯдаи рост ё ҳарорати артерияи чакка 38°C ё аз он баландтар бошад, фавран кӯдаки худро ба духтури педиатри маҳаллӣ нишон диҳед.
Бачадон аз бофтаи мушак иборат буда, ҳар гуна мушак метавонад дар ҳолати суст ва таранг қарор дошта бошад. Дар занҳое, ки ҳомила нестанд, масалан, ҳангоми ҳайз, бачадон кашиш мехӯрад, дар вақти таваллуд бошад, ин кашишхӯрӣ ба таваллуди тифл мусоидат мекунад. Дар ин мақолаи худ мо дар бораи нишонаҳо, сабабҳо ва усулҳои табобати аз меъёр баланд шудани тонуси бачадон маълумот медиҳем.
Бисёре аз занон ҳангоми ҳомиладорӣ бо мушкилоти бехобӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Занони ҳомила дар семоҳаи аввал бештар хоб мераванд, аммо сифати хоби онҳо ба таври назаррас коҳиш меёбад. Дар баробари ин, дар давоми ҳомиладорӣ зан тамоми рӯз хастагиро ҳис мекунад. Бехобии шабона низ метавонад боиси пайдоиши хастагӣ гардад.
Яке аз саволҳои аввалине, ки занон пас аз ҳомиладор шудан пайдо мекунанд, ин аст: «Дар ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест? Кадом маҳсулот ба ҳомила зарар мерасонад?». Ба ин саволҳо ҷавоб ёфта, онҳо бояд рӯйхати маҳсулотеро, ки истеъмол кардан мумкин ва мумкин нест, дониста гиранд.
Диарея ба се ва ё зиёда маротиба омадани наҷосати обдор дар як рӯз гуфта мешавад. Диареяи доимӣ метавонад боиси беобшавӣ ва аз худ накардани ғизои кофӣ гардад. Дар давраи ҳомиладорӣ ин метавонад ба зан ва ҳомила зарар расонад. Занони ҳомиладор, ки гирифтори дарунравии шадид ва тӯлонӣ мебошанд, бояд фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунанд.
Дар ин мақола мо дар бораи сабабҳои пайдоиши ҳолати нафастангӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва роҳҳои сабук гардонидани он маълумот медиҳем.
Хунравӣ ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад дар рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ ва дар тӯли тамоми давра низ мушоҳида шавад. Вобаста ба хусусияти худ, хавфнок ва
Дар бораи сабзавотҳои барои занони ҳомила фоиданок, тарзи бехатар истеъмол кардани онҳо ва сабзавотҳои хатарнок маълумот мегиред.
Тағйирот дар сина ҳангоми ҳомиладорӣ гуногун аст, аз ҷумла варамидани сина, дард, калоншавӣ, ҷудо шудани моеъ, пайдоиши рахҳои сурх...
Дар бисёр занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ҳолати гум шудани иштиҳо мушоҳида мешавад. Шумо метавонед хӯрокро нохуш пиндоред ё худро гурусна ҳис кунед, аммо дар чунин ҳолат шумо худро ба хӯрокхӯрӣ маҷбур карда наметавонед.
Вақте ки ба санаи таваллуд 2 ҳафта мемонад, ё ҳатто агар муҳлати таваллуд ҳанӯз тамоман наздик нашуда бошад ҳам, шумо шояд фикр кунед, ки ҳангоми таваллуд чӣ рӯй медиҳад. Организми ҳар як зан гуногун аст ва аломатҳо ё нишонаҳои таваллуди тифл метавонад аз дигаре фарқ кунад.
Буриши қайсарӣ ё ҷарроҳии қайсарӣ амалиётест, ки табиби таваллуд — акушер-гинеколог кӯдакро на тавассути маҳбал, балки тавассути буриши шикам ва бачадони модар ба дунё меорад.
Таваллуди бармаҳал ё бармаҳал таваллуд кардан — ин таваллудест, ки пеш аз оғози ҳафтаи 37-уми ҳомиладорӣ сар мешавад.
Барои қайкунии доимӣ дар кӯдакони хурдсол сабабҳои зиёди эҳтимолӣ мавҷуданд. Қай кардани навзод асосан бо сабабҳои зерин рух медиҳад:
Агар мушакҳои иҳотакунандаи ковокии шикам пурра пӯшида нашаванд, аз сабаби сӯрохӣ дар девори шикам чурраи ноф ба вуҷуд меояд. Вақте ки рӯдаҳо дар сӯрохӣ ҷамъ мешаванд, дар ковокии шикам чурра барҷаста мешавад.
Ҳангоми ҳомиладорӣ суръати тапиши дил нисбат ба суръати тапиши дили калонсолон баландтар аст, аммо тапиши муқаррарии дили ҷанин вобаста ба давраи ҳомиладорӣ ва вақтҳои рӯз тағйир меёбад.
Вақте ки занони ҳомиладор аз сабаби хунравии милк ба дандонпизишк муроҷиат мекунанд, ба онҳо метавонад ташхиси бемории гингивити ҳомиладорӣ (илтиҳоби милкҳо) гузошта шавад.
Тератоген — ҳар гуна омилест, ки дар давраи ҳомиладорӣ тавассути таъсир ба модар рушди кӯдакро халалдор мекунад. Ҳамчун мисоли тератогенҳо моддаҳои заҳролуд...
Яке аз вазифаҳои асосии гурда нигоҳ доштани моддаҳои барои организм зарурӣ дар таркиби хун, масалан, сафедаҳо, ва тавассути пешоб хориҷ кардани моддаҳои партови боқимонда мебошад. Агар сафеда дар бадан намонда, тавассути пешоб ба берун баромада истода бошад, яъне ҳангоми таҳлил дар пешоб сафеда муайян карда шавад, ин маънои онро дорад, ки дар гурда ягон мушкилӣ вуҷуд дорад.
Ситомегаловирус (СМВ) яке аз вирусҳои васеъ паҳншуда мебошад. Пас аз сироят ёфтан, дар бадан вирус пайдо мешавад.
Доначаҳои гармӣ (баъзан арақдона низ номида мешавад) бемории пӯст буда, дар навзодон ва кӯдакони хурдсол асосан дар рӯзҳои гарм ба мушоҳида мерасад.
Гарчанде чунин ба назар мерасад, ки инстинкти модарӣ дар тарбияи кӯдак кӯмак мекунад, такяи аз ҳад зиёд ба ин нишондод...
Ҳолатҳои рагкашӣ метавонанд яке аз нишонаҳои маъмулии давраи ҳомиладорӣ бошанд. Агар зан маълумот дошта бошад...
Моеъи амниотикӣ ранги шаффоф ё зардчатоб дорад. Агар ранги он тағйир ёбад, шояд кӯдаки шумо дар бачадон меконий хориҷ карда бошад.
Агар пневмония дар давраи ҳомиладорӣ табобат карда нашавад, метавонад барои ҳаёт хатарнок бошад, илова бар ин, мубориза бо ин беморӣ барои занони ҳомила каме душвортар аст.
Кӯдаки ҳангоми хоб гирякунандаро чӣ тавр ором кардан мумкин аст? Тавассути мақолаи мо метавонед ба ин савол ҷавоби муфассал гиред.
Варамҳо дар давраи ҳомиладорӣ як амри муқаррарӣ мебошанд, зеро организм барои қонеъ кардани ниёзҳои кӯдаки инкишофёбанда тақрибан 50% бештар...
Тавассути ин мақола шумо метавонед ба саволҳое чун «Кӯдак кай гап мезанад», «Кӯдак дар чандсолагӣ гап мезанад», «Забони кӯдак кай мебарояд» ҷавоб гиред.
Тавассути мақола бо калкулятори ҳисобкунии ҳомиладорӣ ва тақвими ҳомиладорӣ шинос мешавед.
Тавассути ин мақола дар бораи ҷараёни давраи ҳомиладорӣ, тағйироти муқаррарӣ ва патологӣ дар он ва омилҳои хатарнок барои ҳомила маълумот мегиред.
Аломатҳои ҳомиладорӣ — тарзи зоҳиршавии онҳо дар ҳамаи занон метавонад каме ё ба куллӣ фарқ кунад. Дар баъзе занон ҳомиладориро
Аз ин мақола шумо дар бораи сабабҳо, аломатҳо, табобат ва роҳҳои пешгирии хушкшавии чашм (синдроми чашми хушк) ҳангоми ҳомиладорӣ маълумот хоҳед гирифт.
Санаи таваллуд, овулятсия, ҳафтаҳо ба моҳҳо ва ҳГХ. Ройгон, фаврӣ, бидуни бақайдгирӣ.