Барои истеҳсоли шир бадан ба калорияҳои иловагӣ ниёз дорад. Намудҳои муайяни хӯрок ва нӯшокиҳо барои зиёд кардани шири модари ҷавон муфид ҳисобида мешаванд.
Тадқиқотҳо оид ба ғизоҳое, ки ширдиҳиро зиёд мекунанд, хеле каманд. Бо вуҷуди ин, маҳсулоти зерин метавонанд ба афзоиши истеҳсоли шири сина кумак кунанд:
Ярмаи овёс
Ярмаи овёс яке аз маҳсулоти беҳтарин барои зиёд ё афзун намудани шири модар мебошад. Он инчунин манбаи моддаҳои ғизоӣ ба ҳисоб меравад, ки барои занони ширдеҳ ва тифлон муҳиманд.
Ба чунин моддаҳои ғизоӣ инҳо дохил мешаванд:
- нахҳои ғизоӣ (дар зироатҳои ғалладона вомехӯранд);
- оҳан;
- магний;
- руҳ (синк).
Сирпиёз
Истеъмоли сирпиёз ё қабули иловаҳои сирпиёз метавонад раванди лактатсияро дар баъзе занон ҳавасманд гардонад ва ҳаҷми ширро зиёд кунад. Гарчанде ки ягон тадқиқот самаранокии онро исбот накардааст, баъзе одамон дар Ҳиндустон сирпиёзро ҳамчун галактагог (растании ширафзо) истифода мебаранд.
Бо вуҷуди ин, истеъмоли аз ҳад зиёди сирпиёз метавонад боиси бадбӯии шири модар гардад. Ба баъзе кӯдакон ин бӯй маъқул нест ва дар натиҷа онҳо метавонанд камтар шири модар истеъмол кунанд.
Тухми арпабодиён
Тухми арпабодиён як ҷузъи маъмули чой ва иловаҳоест, ки барои зиёд кардани истеҳсоли шири сина фурӯхта мешаванд. Баъзеҳо барои сабук кардани дамидани шикам аз тухми арпабодиён низ истифода мебаранд.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли арпабодиён дар давраи синамаконӣ ба афзоиши миқдори шир ва равған ва зиёд шудани вазни кӯдак мусоидат мекунад.
Фоиданок: Аломатҳое, ки занро пас аз таваллуд аз хатар огоҳ мекунанд
Маҳсулоти серсафеда
Сафеда барои истеҳсоли шири модар хеле муҳим аст. Он аз зан ба кӯдак гузашта, ӯро ғизо медиҳад ва барои сабзиш ёрӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба занони ширдеҳ тавсия дода мешавад, ки ҳар рӯз 25 грамм сафедаи иловагӣ истеъмол кунанд. Барои таъмини устувории шири модар, ҳар рӯз бояд миқдори зиёди хӯрокҳои серсафеда истеъмол кард.
Ғизоҳои аз сафеда бой:
- гӯшти беравған;
- тухм;
- лӯбиё ва наск;
- тофу (панир);
- чормағз ва маҳсулоти ғалладона
Муҳим: Фоида ва зарари синамаконии дарозмуддати кӯдакон
Сабзавоти баргдори сабз
Бино ба маълумоти кафедраи тибби оилавӣ ва саломатии ҷамъиятии Донишгоҳи Висконсин, бисёр мева ва сабзавот, аз ҷумла сабзавоти баргдори сабз, ба суръат бахшидани раванди лактатсия мусоидат намуда, барои зиёд кардани шири сина хизмат мекунанд.
Ба сабзавоти баргдори сабз инҳо дохил мешаванд:
- барги лаблабу;
- қоқу;
- карам;
- кашниз;
- испаноқ.
Маҳсулоте, ки бояд камтар истеъмол кард
Бисёр занон чунин меҳисобанд, ки ҳангоми синамаконӣ аз ягон намуди ғизо даст кашидан лозим нест. Дигарон бошанд, таъкид мекунанд, ки баъзе хӯрок ва нӯшокиҳо метавонанд миқдори ширро кам кунанд ё боиси нороҳатии кӯдак гарданд.
Ба онҳо инҳо дохил мешаванд:
- маҳсулоти дорои кофеин, аз ҷумла қаҳва, чой ва шоколад;
- маҳсулоти ширӣ;
- кабудиҳо, аз ҷумла кашниз, пудина ва ҷамбили кӯҳӣ;
- зиравориҳо, масалан, дорчин ва чили;
- меваҳо, аз ҷумла меваҳои ситрусӣ, киви, олуи хушк ва ананас;
- сабзавоте, ки дар шикам газ ҳосил мекунанд, аз қабили пиёз, карам, брокколи ва гулкарам
Бо вуҷуди ин, ҳар як зан ва тифл гуногун аст. Рӯзномадорӣ ва пайгирии тағйирот барои муайян кардани ғизоҳои номувофиқ кӯмак мекунад.
Хонед: Кандидози ковокии даҳон — барфак
Маслиҳатҳои иловагӣ барои зиёд кардани шири модар
Бо маҳсулоти дар боло номбаршуда раванди лактатсияро беҳтар кардан мумкин аст, дар баробари ин бисёр усулҳои дигари зиёд кардани миқдори шир мавҷуданд. Ба инҳо дохил мешаванд:
- чанде пас аз таваллуд макондани кӯдак;
- зуд-зуд макондан бо талаби кӯдак;
- дӯшидани шир пас аз синамаконӣ барои нигоҳ доштани устувории он;
- нӯшидани об ва шарбатҳо;
- истироҳати зиёд;
- коҳиш додани стресс тавассути медитатсия ва машқҳои ҷисмонӣ;
- пӯшидани либоси таги ба сина мувофиқ;
- даст кашидан аз машрубот ва никотин;
- мушоҳидаи самаранокии макидани кӯдак;
- дар сурати пайдо шудани мушкилоти вобаста ба синамаконӣ, фавран гирифтани маслиҳати духтур оид ба лактатсия;
- пеш аз истеъмоли доруҳо бо духтур маслиҳат кардан, зеро баъзе доруҳо метавонанд миқдори ширро кам кунанд.