Холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ, ки маъмулан холестази ҳомиладорӣ номида мешавад, бемории ҷигарест, ки дар давраҳои охири ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд. Ин ҳолат хориши шадидро ба вуҷуд меорад, аммо дар бадани зан доғу доначаҳо мушоҳида намешаванд. Хориш одатан дар дасту пойҳо пайдо мешавад, ҳамзамон метавонад ба дигар қисмҳои бадан низ таъсир расонад.
Беморӣ дар баробари он ки зани ҳомиларо бо ҳолати нохуше ба монанди хориш азият медиҳад, ба саломатии ҷанини инкишофёбанда низ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Аломатҳо
Хориши шадид дар бадан нишонаи асосии холестази ҳомиладорӣ мебошад. Ҳеҷ гуна доғу доначаҳо мушоҳида намешаванд. Дар аксарияти занон дар кафи даст ё кафи по хориш ба вуҷуд меояд, аммо дар баъзе занон ҳолати хориш метавонад дар тамоми бадан пайдо шавад. Дар давраи ҳомиладорӣ хориш аксар вақт шабона шиддат мегирад ва аз ин сабаб дар зани ҳомила бехобӣ мушоҳида мешавад.
Хориш бештар дар семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ ба мушоҳида мерасад, аммо баъзан ин ҳолат метавонад барвақттар ҳам оғоз шавад. Бо наздик шудани вақти таваллуд ин боз ҳам шиддат мегирад. Аммо пас аз ба дунё омадани тифлатон, хориш одатан дар давоми чанд рӯз нест мешавад.
Дигар аломатҳои камтар намоёни холестази ҳомиладорӣ метавонанд инҳоро дар бар гиранд:
- Зардшавии пӯст ва қисми сафеди чашм (зардпарвин)
- Дилбеҳузурӣ;
- Пастшавии иштиҳо ё нестшавии он.
- Пешоби тираранг;
- Наҷосати рангаш равшан;
- Хастагӣ (аз ҳад зиёд мондашавӣ);
- Дард дар қисми рости болои шикам.
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Агар дар бадани шумо, махсусан дар дасту пойҳо, ҳолати доимӣ ё шадиди хориш мушоҳида шавад, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Сабабҳои холестази ҳомилагӣ
Сабаби бемории холестази ҳомилагӣ аниқ нест. Ирсияти зани ҳомиладор дар ин ҳолат нақши муҳим мебозад. Баъзан ин ҳолатҳо дар таърихи оила ҳамчун бемории оилавӣ вомехӯранд. Инчунин, баъзе вариантҳои генетикӣ низ муайян карда шудаанд.
Дар ин ҳолат гормонҳои ҳомиладорӣ низ метавонанд иштирок кунанд. Сатҳи гормонҳои ҳомиладорӣ ҳангоми наздик шудани санаи таваллуд баланд мешавад. Ба ақидаи табибон, ин метавонад ҷараёни муътадили сафроро, ки дар ҷигар ҳосил шуда, дар системаи ҳозима ба таҷзияи чарбҳо мусоидат мекунад, суст кунад. Сафро ба ҷойи аз ҷигар баромадан, дар узв ҷамъ мешавад. Дар натиҷа, сафро ба ҷараёни хун дохил мешавад, ки боиси пайдоиши ҳолати хориш мегардад.
Омилҳое, ки хатар эҷод мекунанд
Омилҳое, ки метавонанд хатари пайдоиши холестазро дар занони ҳомила афзоиш диҳанд, инҳоянд:
- Мавҷудияти хешованди наздике, ки қаблан ба холестази ҳомиладорӣ гирифтор шудааст;
- Агар дар ҳомиладории қаблӣ бемории холестаз вуҷуд дошта бошад, хатари такроршавии он дар ҳомиладории минбаъда 60-70%-ро ташкил медиҳад*;
- Ҳомиладор шудан ба ду ва ё зиёда кӯдак;
- Агар пеш аз ҳомиладорӣ ҳолати осебёбии ҷигар мушоҳида шуда бошад;
- Дар натиҷаи бордоркунии сунъӣ ҳомиладор шудан.
Табобат ва пешгирӣ
Табобат одатан ба рафъи аломатҳо, асосан хориш ва пешгирии оризаҳои эҳтимолӣ нигаронида шудааст.
Барои кам кардани хатари холестаз ва дигар мушкилот дар давраи ҳомиладорӣ, риояи парҳези солим ва мутавозин бо меваю сабзавоти тару тоза муҳим аст.
Ғизохӯрии дуруст ба занони гирифтори холестази ҳомиладорӣ барои кам кардани оризаҳои ҷиддии беморӣ кӯмак мерасонад. Хӯрокҳое, ки ба фаъолияти ҷигар мусоидат мекунанд, метавонанд махсусан муфид бошанд. Азбаски ин ҳолат ба ҷаббидашавии моддаҳои ғизоӣ халал мерасонад, истеъмоли ҳарчи бештари хӯрокҳои серғизо низ муҳим аст.
Ба дастурҳои духтур оид ба табобат ва парҳез риоя кардан муҳим аст. Парҳез алтернативаи доруҳои аз ҷониби духтур таъиншуда нест.
Фоиданок: Сабзавоти фоиданок барои зани ҳомиладор
Оризаҳои холестази ҳомиладорӣ
Оризаҳои марбут ба холестази ҳомиладорӣ метавонанд дар модар ва/ё тифли рӯ ба инкишоф пайдо шаванд.
Дар модарони оянда ин ҳолат метавонад муваққатан ба ҷаббидани чарбу дар бадан таъсир расонад. Ҷаббидашавии миқдори ками равған ба пастшавии миқдори витамини К, ки дар лахташавии хун иштирок мекунад, оварда мерасонад. Аммо ин ориза хеле кам рӯй медиҳад.
Дар одамоне, ки холестаз доранд, сатҳи витамини К паст аст, ки эҳтимолияти хунравиро зиёд мекунад, аз ин рӯ, пеш аз таваллуд ва пас аз таваллуд аксар вақт ба иловаҳои витамини К ниёз доранд.
Оризаҳои холестази ҳомиладорӣ дар навзодон метавонанд ҷиддӣ бошанд. Ба онҳо инҳо дохил мешаванд:
- Таваллуди бармаҳал;
- Мушкилоти нафаскашӣ дар натиҷаи нафаскашӣ бо меконий;
- Марги кӯдак дар охири ҳомиладорӣ, пеш аз таваллуд (мурдатаваллуд).
Азбаски ин гуна оризаҳо барои саломатии тифлатон хеле хавфнок ҳисобида мешаванд, духтур метавонад ҷараёни таваллудро бармаҳал барангезад.
Аз ин рӯ, агар зани ҳомиладор дар худ хориши шадид ё дигар тағйироти ғайримуқаррариро ҳис кунад, фавран ба духтур муроҷиат кардан муҳим аст.