Ҳомиладорӣ метавонад дар шумо як қатор эҳсосотро ба вуҷуд оварад, аз ҷумла эҳсоси изтироб ё стрессро, аммо ин ҳолати комилан муқаррарӣ аст. Стресс дар давраи ҳомиладорӣ ин вокуниши муқаррарӣ ба тағйироти калон аст (инчунин дар ҳомиладорӣ). Дар баъзе ҳолатҳо, стресс метавонад барои одамон ҳатто муфид бошад, ки он барои муқовимат ба душвориҳои нав ҳамчун такон хидмат мекунад.
Бо вуҷуди ин, муддати тӯлонӣ дар ҳолати стресс будан метавонад ба саломатии шумо ва кӯдаки ояндаатон мушкилоти гуногунро ба вуҷуд орад.
Сабаби стресс дар ҳомиладорӣ чист?
Баъзе занон бо эҳсос кардани аввалин аломатҳои ҳомиладорӣ худ аз худ ба ташвиш меафтанд ва вазъияти стрессӣ ба вуҷуд меояд. Зан метавонад эҳсос кунад, ки ӯ назоратро аз даст додааст ё қувваи кофӣ барои идора кардани вазъиятҳои аз сар мегузаронидаи худро надорад.
Стресс ҳангоми ҳомиладории ба нақша гирифтанашуда ё фикрҳои манфии аввалияи марбут ба ҳомиладорӣ пас аз ҳомиладор шудан, ҳангоми таваллуди кӯдак ё модаршавӣ, инчунин пас аз исқоти ҳамл ё фавти ҳомила ба вуҷуд меояд.
Ҳангоми интизории натиҷаҳои санҷишҳои антенаталии худ ва муносибат ба тағйироти ҷисмонӣ дар ҳомиладорӣ ё ҳомиладории вазнин низ ҳолати стрессӣ ба вуҷуд омада метавонад.
Дар баробари ин, вазъият дар хона низ метавонад боиси стресс гардад, масалан, волидайни танҳо ё дар оила будани наврас ва инҷиқиҳои ӯ, аз сар гузаронидани мушкилот дар муносибатҳо ва фикр кардан дар бораи он, ки чӣ гуна онҳоро бартараф кардан мумкин аст, аз ҷумла зӯроварии хонаводагӣ.
Агар дар шумо якбора якчанд ҳолатҳои дар боло зикршуда рух диҳанд, шумо эҳтимол стресси бештарро аз сар гузаронед.
Стресс дар давраи ҳомиладорӣ ба ҷанин чӣ гуна таъсир мерасонад?
Стресси музмин (доимӣ) метавонад ба саломатӣ ё ҳолати умумии шумо таъсири манфӣ расонад ва ин метавонад бо аломатҳое ба монанди дарди сар, бехобӣ, нафаскашии тез ва тезшавии набз зоҳир шавад.
Баъзе одамон ҳолатҳои зеринро аз сар мегузаронанд:
- Фикрҳои савдоӣ;
- Изтироб ё нооромӣ;
- Асабоният;
- Мушкилоти ғизохӯрӣ (хӯрдани аз ҳад зиёд ё кам ё нодуруст хӯрок хӯрдан);
- Набудани истироҳат ё мушкилоти истироҳат.
Стресси музмин инчунин метавонад барои фарзанди ояндаи шумо мушкилот эҷод кунад. Инчунин, онҳо метавонанд боиси афзоиши мушкилоти рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии фарзанди шумо дар оянда, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба рафтор дар давраи кӯдакӣ гарданд.
Муҳим: Хуррокзанӣ ва нишонаҳои он дар давраи ҳомиладорӣ
Коҳиш додани стресс дар давраи ҳомиладорӣ
Чӣ қадаре, ки ғамхорӣ кардан ба саломатии ҷисмонии шумо муҳим бошад, ҳамон қадар ғамхорӣ кардан ба ҳолати рӯҳии шумо дар давраи ҳомиладорӣ низ муҳим аст. Вақте ки шумо худро хуб, хурсанд ва хушбахт ҳис мекунед, шумо метавонед стресси худро хубтар идора кунед. Вақте ки шумо стресси худро идора карда метавонед, он ба шумо ва фарзанди ояндаатон таъсири ҷиддӣ намерасонад.
Барои идора кардани стресс, кӯшиш кунед, ки амалҳои зеринро иҷро кунед:
- Ба ҳолате, ки боиси стресс мегардад, диққат диҳед ва ҳангоми дар стресс буданатон чӣ ҳодиса рӯй доданашро дарк кунед;
- Оҳиста ҳаракат кунед, истироҳат кунед ва ба худ фишори зиёдатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ наоред;
- Ғизои солим истеъмол кунед, ғизоҳои дуруст бо тавозуни хуб барои нигоҳ доштани саломатии шумо ва кӯдаки шумо кӯмак мерасонанд;
- Ба шахсе, ки бовар доред, дар бораи фикрҳо ва эҳсосоти худ нақл кунед;
- Бо дигар занони ҳомиладор тавассути замимаи дӯстдоштаи мобилии худ «Lalu» суҳбат кунед, мушкилоти умумиро баррасӣ кунед. Дар ҳолати зарурӣ бо табиби мутахассис тамос гиред;
- Фаъолияти ҷисмонӣ, инчунин истироҳат ба коҳиш додани стресс мусоидат мекунанд. Дар машқҳои маъмулӣ, ки барои ҳомиладорӣ мувофиқанд, иштирок кунед: бо йога, медитатсия машғул шавед, тавассути курсҳои нафаскашӣ истироҳат кунед, аз видеоҳо ё подкастҳо истифода баред;
- Бо машғулиятҳои дӯстдоштаи худ машғул шавед, инчунин бо хондан, тамошои телевизор ё ягон хоббӣ ва умуман бо одамоне, ки дар наздашон худро озод ва ором ҳис мекунед, вақт гузаронед;
- Ба шумо лозим нест, ки ҳамаи мушкилотро худатон ҳал кунед. Агар ба шумо кумак лозим бошад, кӯшиш кунед, ки онро пурсед ва ҳангоме ки одамон мехоҳанд ба шумо кумак кунанд, пешниҳодҳои онҳоро қабул кунед.