Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Бехобӣ дар давраи ҳомиладорӣ: сабабҳо ва усулҳои бартараф кардани он

Бисёре аз занон ҳангоми ҳомиладорӣ бо мушкилоти бехобӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Занони ҳомила дар семоҳаи аввал бештар хоб мераванд, аммо сифати хоби онҳо ба таври назаррас коҳиш меёбад. Дар баробари ин, дар давоми ҳомиладорӣ зан тамоми рӯз хастагиро ҳис мекунад. Бехобии шабона низ метавонад боиси пайдоиши хастагӣ гардад.

Бисёре аз занон ҳангоми ҳомиладорӣ бо мушкилоти бехобӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Занони ҳомила дар семоҳаи аввал бештар хоб мераванд, аммо сифати хоби онҳо ба таври назаррас коҳиш меёбад. Дар баробари ин, дар давоми ҳомиладорӣ зан тамоми рӯз хастагиро эҳсос мекунад. Бехобӣ дар шаб низ метавонад боиси пайдоиши хастагӣ гардад.

Дар ин мақола мо дар бораи сабабҳои бехобӣ дар ҳомиладорӣ ва роҳҳои сабук кардан ва рафъи он сӯҳбат хоҳем кард.

Бехобӣ чист?

Бехобӣ — ин ҳолати халалдор шудани хоб аст, ки ба хоб рафтан ё дар шаб хобиданро душвор месозад. Ин мушкилоти маъмули хоб метавонад боиси он гардад, ки шумо хеле барвақт бедор шавед ва дигар ба хоб наравед. Ин боиси он мешавад, ки зани ҳомиладор гӯё таъсири тароватбахш ё барқароркунандаи хобро эҳсос намекарда бошад.

Бехобӣ ҳангоми ҳомиладорӣ кай оғоз мешавад?

Мушкилоти хоб дар ҳама давраи ҳомиладорӣ муқаррарӣ аст, аммо бисёр занони ҳомиладор дар семоҳаҳои дуюм ва сеюм бехобиро аз сар мегузаронанд, зеро дигар нишонаҳои ҳомиладорӣ афзоиш меёбанд ва калон шудани кӯдак дар бистар бароҳат хобиданро низ душвор месозад.

Бо вуҷуди ин, тағйирот дар семоҳаи аввал метавонанд шуморо аз бистари бароҳат хезонанд ва хоби ширинатонро халалдор кунанд, аз ҷумла токсикоз, ки метавонад дар ҳар вақти рӯз ё шаб ба амал ояд ва эҳтиёҷи доимӣ ба пешобкунӣ, метавонанд боиси вайроншавии хоб дар семоҳаи аввали ҳомилагӣ гарданд.

Сабабҳои бехобӣ ҳангоми ҳомилагӣ

Бехобӣ якчанд сабаб дорад. Ба онҳо инҳо дохил мешаванд:

Сабабҳои дигари бехобӣ инчунин метавонанд бо стресс алоқаманд бошанд. Хавотирии зани ҳомиладор дар бораи таваллуд ва раванди он, ё фикрҳои ӯ дар бораи аз ҷиҳати равонӣ ва малакавӣ омода набудан ба модари ҷавон шудан, метавонанд боиси вайрон шудани сифати хобаш гарданд.

Барои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳое, ки метавонанд боиси стресс гарданд ва зина ба зина омода шудан ба модарӣ, манбаъҳои «Lalu », аз ҷумла мақолаҳои муфид ва видеокурсҳое, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо табибон омода карданашон ба нақша гирифта шудааст, ба шумо ёвари асосӣ хоҳанд буд.

Табобати бехобӣ дар шароити хона

Тибқи таҳқиқот, аз зани ҳомиладор талаб карда мешавад, ки доруҳои зидди бехобиро танҳо ҳангоми мавҷуд будани нишондодҳои дақиқ қабул кунад ва эҳтиёткор бошад.

Сарфи назар аз ин, бехобиро дар давраи ҳомиладорӣ тавассути усулҳое ба монанди ворид кардани тағйирот ба тарзи ҳаёт, ки дар шароити хона имконпазир аст, низ бартараф кардан мумкин аст.

Ба гигиенаи хоб риоя кунед

Зери мафҳуми гигиенаи хоб одатҳое дар назар дошта шудаанд, ки хоб рафтанро осон мекунанд.

Зане, ки аз бехобӣ азият мекашад, метавонад амалҳои зеринро санҷида бинад:

Дар байни одатҳои дигаре, ки ба хоб мусоидат мекунанд, барои коҳиш додани стресс массаж кардан ё пеш аз хоб ваннаи ширгарм қабул кардан мумкин аст.

Соатҳои хобро ҳисоб накунед

Гарчанде ки аксарият пас аз ҳашт соати хоб худро хуб ҳис кунанд ҳам, баъзеҳо бо хоби камтар низ худро хуб ҳис мекунанд ва баъзеи дигар ба хоби бештар ниёз доранд. Ҳолати хоби худро омӯзед ва санҷед, ки дар соатҳои фаъолият худро чӣ гуна ҳис мекунед. Агар бо хоби кам ҳам хастагии музминро эҳсос накунед, ҳамин миқдор хоб метавонад барои шумо кифоя бошад.

Ба фаъолияти ҷисмонӣ аҳамият диҳед

Талаботи ҷисмонии ҳомиладорӣ метавонад дар баробари зиёдшавии доимии вазн нигоҳ доштани фаъолиятро душвор гардонад.

Мувофиқи маълумоти Коллеҷи акушерӣ ва гинекологии Амрико, машқҳои ҷисмонӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ҳам барои модар ва ҳам барои кӯдак муфид мебошанд. Масалан,

Машқҳои сабуки ҷисмонӣ низ барои рафъи бехобӣ кӯмак мерасонанд. Ҳангоми ҳомиладорӣ ҳар гуна машқҳои ҷисмонӣ бояд бо тавсияи табиб анҷом дода шаванд.

Тадқиқотҳои тиббӣ нишон медиҳанд, ки 30 дақиқа машқи сабук ҳадди ақал 4-6 соат пеш аз хоб ба беҳтар шудани сифати хоб ёрӣ мерасонад ва бехобиро бартараф мекунад.

Аз болиштҳои махсус истифода баред

Барои сабук кардани бехобӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ба қоидаҳои хоб дар триместрҳои 2-3-юми ҳомиладорӣ риоя кунед.

Барои кам кардани фишор ба сутунмӯҳра, дар ҳолати қат будани зонуҳо ва ронҳо болиштҳоро дар байни зонуҳо гузошта, на бо шикам ё пушт, балки ба паҳлӯи чап хобидан лозим аст. Илова бар ин, гузоштани болиштча дар зери сутунмӯҳра метавонад дардро коҳиш диҳад ва хобро беҳтар созад.

Фоиданок: Дар давраи ҳомиладорӣ чиҳо мумкин нест?

Мақола дар асоси маълумоти SleepFoundation.org, Коллеҷи амрикоии акушерӣ ва гинекологӣ ва Healthline аз ҷониби дастаи «Lalu» омода шудааст.

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Сабабҳои пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ кадомҳоянд?

Ҳомиладорӣ чунин давраест, ки дар он тағйироти зиёд мушоҳида мешавад. Ҷудо кардани ин тағйирот аз меъёр ва патология аз зани ҳомиладор масъулият, аз шифокор бошад дониш ва малака талаб мекунад. Яке аз чунин муаммоҳо ин пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ мебошад.

"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Чӣ тавр метавон венаҳои варикозиро пас аз таваллуд хурд кард?

Варикоз венаҳои барҷаста ва варамидаи пой мебошад. Ранги онҳо одатан кабуди тира ё бунафш буда, аз намудаш ба риштаи печ дар печ монанд аст.

"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Диабети қанд дар вақти ҳомиладорӣ чӣ гуна беморӣ аст?

Гипергликемия метавонад ба рагҳои хунгард, асаб, чашм ва гурда, инчунин дил дар тамоми бадан зарар расонад. Гипергликемия сабаби бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани кӯдакон мегардад.