Дар организми зани ҳомиладор дар давоми ҳомиладорӣ тағйироти хеле зиёд рӯй медиҳанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳомиладорӣ дар пӯст, мӯй ва нохунҳо як қатор тағйирот мушоҳида шуданаш мумкин аст. Дар ин мақола мо дар бораи баъзе тағйироти пӯст, ки дар натиҷаи ҳомиладорӣ ба вуҷуд меоянд, маълумот медиҳем.
Дар давраи ҳомиладорӣ дар пӯсти занон тағйироти зерин рӯй доданаш мумкин аст:
- Доғҳои сиёҳ дар қисми дохилии рон, сина ва пистон;
- Мелазма (доғҳои пигментӣ дар рӯй);
- Хатҳои сиёҳ дар шикам;
- Аломатҳои стриявӣ (рахҳо);
- Акне (ҷӯшшакҳо);
- Телеангиоэктазияҳо (васеъшавии рагҳои майдаи хунгард ба шакли ситорача ё тӯр);
- Васеъшавии варикозии рагҳо.
Аксарияти онҳо ҳолати муқаррарӣ буда, ба туфайли тағйироти гормоналӣ ба вуҷуд меоянд.
Гиперпигментатсия
Гиперпигментатсия — доғҳои сиёҳи рӯи пӯст аст, ки дар натиҷаи истеҳсоли аз ҳад зиёди меланин ба вуҷуд меоянд.
Одатан, гиперпигментатсия баъди таваллуд нест мешавад, аммо ин ҷараён метавонад якчанд сол давом кунад.
Мелазма — мисоли гиперпигментатсия дар давраи ҳомиладорӣ шуда метавонад. Баъзеҳо инро "ниқоби ҳомиладорӣ" меноманд. Доғҳои ҷигарранги рӯй, рухсора, бинӣ ва пешонӣ хусусияти хоси мелазма ба ҳисоб мераванд.
Барои донистани усулҳои табобати мелазма дар давраи ҳомиладорӣ аз муоинаи дерматолог гузаштан лозим аст.
Дар вақти аз соати 10:00 то 14:00 аз нурҳои офтоб худдорӣ кардан, истифодаи воситаҳои муҳофизатӣ аз офтоб ва ҳангоми ба берун баромадан пӯшидани кулоҳи канорпаҳн ба кам кардани нишонаҳои мелазма кӯмак мерасонад.
Аломатҳои рах-рах
Аломатҳои рах-рах дар занони ҳомиладор маъмул аст. Ҳангоми ҳомиладорӣ аксар вақт дар ҷойҳои кашидашаванда, аз қабили шикам, сина ё рон ба таври возеҳ зоҳир мешаванд.
Аломатҳои рах-рах сараввал ранги сурхтоби бунафш дошта, бо мурури вақт ба нуқрагӣ ё сафед табдил меёбанд.
Онҳо аксар вақт хира шаванд ҳам, ҳеҷ гоҳ тамоман нест намешаванд.
Озахҳо
Дар давраи ҳомиладорӣ дар сатҳи пӯст пайдо шудани озахҳо ҳолати муқаррарӣ мебошад. Ин гуна доначаҳо одатан дар гардан, сина, пушт, кос ва зери сина пайдо мешаванд.
Одатан, озахҳо хатарнок нестанд. Агар онҳо дар қисмате ҷойгир бошанд, ки либос мерасад ё бинобар зиёд расидан эҳтимоли харошидан вуҷуд дорад, табиб метавонад онҳоро бартараф кунад.
Акне
Ҳангоми ҳомиладорӣ акне пайдо шуда, афзоиш ёфтанаш мумкин аст.
Усулҳои зиёди табобати акне мавҷуд аст. Пеш аз истифодаи ягон дору бояд бо мутахассис машварат кард.
Қоидаҳои гигиенаи умумӣ дар табобати акне аҳамияти муҳим доранд. Ба қоидаҳои гигиенӣ инҳо дохил мешаванд:
- шустани рӯй бо оби ширгарм;
- истифодаи воситаи тозакунии рӯй ду маротиба дар як рӯз;
- нигоҳ доштани мӯй аз рӯй дуртар;
- истифодаи ҳаррӯзаи шампун;
- нафишурдани акне (обилачаҳо);
- истифодаи косметикаи беравған.
Тағйирот дар венаҳо (рагҳо)
Телеангиоэктазияҳо рагҳои хурди сурх мебошанд, ки бештар ба рӯй, гардан ва дастон таъсир мерасонанд.
Тағйироти гормоналӣ дар давраи ҳомиладорӣ боиси тағйироти манфӣ дар пӯст, инчунин зиёд шудани ҳаҷми хун мегардад.
Васеъшавии варикозии венаҳо рагҳои дардноки васеъшуда мебошанд, ки дар натиҷаи зиёдшавии вазн ва фишори бачадон дар давраи ҳомиладорӣ ба вуҷуд меоянд. Ин беморӣ ҷараёни хунро ба пойҳо суст мекунад.
Васеъшавии варикозии венаҳо дар пойҳо, атрофи маҳбал ва рӯдаи рост пайдо шуданаш мумкин аст. Онҳоро одатан пас аз таваллуд тавассути муолиҷаи духтур табобат кардан мумкин аст.
Барои кам кардани таъсири васеъшавии варикозии венаҳо ва сабук кардани аломатҳо, чораҳои эҳтиётии зеринро андешед:
- Вақтҳои нишастан ва истоданро маҳдуд кунед;
- Ҳангоми муддати дароз нишастан, пойҳоятонро озод кунед (пойҳоятонро ба болои ҳам нагузоред);
- Агар имконпазир бошад, пойҳоятонро бардоред;
- Зуд-зуд машқ кунед;
- Аз қабзият пешгирӣ кунед.
Ҳолатҳои дигар
Дар давраи ҳомиладорӣ бемориҳое ба монанди хориши ҳомиладорӣ, пемфигоиди ҳомиладорӣ (герпеси ҳомиладорӣ) ва холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ низ вомехӯранд.
Хориши ҳомиладорӣ
Аломатҳои хориши ҳомиладорӣ аз варамҳои хурди хоришдор, ки ба нешзании ҳашарот монанданд, иборатанд. Тағйироте, ки дар системаи масуният бо сабаби ҳомила ба вуҷуд меоянд, метавонанд ин бемориро барангезанд.
Хориш метавонад дар занон дар давоми давраи ҳомиладорӣ пайдо шавад ва аломатҳои он аксар вақт рӯз то рӯз бадтар мешаванд.
Холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ
Холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ бемории ҷигар аст, ки дар семоҳаи сеюм муайян шуда, бо сабаби ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд.
Хориши сахт метавонад бидуни доначаҳо ба амал ояд. Дар кафи даст, кафи пой ё тамоми бадан хориш мушоҳида мешавад.
Ҳамин ки ба ягон бемории ғайриоддии пӯст дучор шудед, ба беморхона муроҷиат кунед. Агар ҳангоми ҳомиладорӣ мушкилоти пӯст пайдо шавад, ҳатман пеш аз табобат бо духтур машварат кунед.