Яке аз ташвишовартарин дигаргуниҳои наҷосат ин аст, ки он ба шакли ғайримуқаррарӣ бошад. Агар наҷосати тифл ё кӯдак сабз ояд, ин аксари модарони ҷавонро ба ташвиш меорад. Наҷосати сабз намуди маъмултарини тағйиротҳои наҷосат мебошад. Ин ҳолат дар байни кӯдакон хеле маъмул аст ва тағйирёбии муқаррарии ранги наҷосат мебошад.
Наҷосат одатан қаҳваранг аст, аммо ранги он ҳар рӯз метавонад тағйир ёбад. Ин одатан боиси нигаронӣ нест. Сабабҳои наҷосати сабз дар кӯдакон вобаста ба синну соли онҳо метавонанд гуногун бошанд.
Гарчанде ки наҷосати сабз баъзан метавонад нишонаи мавҷудияти ягон беморӣ бошад, ин ҳолат сабаби ҷиддии нигаронӣ шуда наметавонад.
Биёед беҳтараш дар ин мақола муҳокима кунем, ки агар наҷосати кӯдак сабз ояд, ин чӣ маъно дорад, чӣ боиси наҷосати сабз мегардад ва агар шумо бинед, ки наҷосати кӯдаки шумо сабз аст, чӣ бояд кард.
Наҷосати сабз чист?
Наҷосати сабз аксар вақт ба он вобаста аст, ки фарзанди шумо чӣ истеъмол мекунад, витамин ё доруе, ки ӯ қабул мекунад ва он метавонад боиси дарунравӣ ва дарди шикам дар кӯдак гардад.
Гарчанде ки наҷосати сабз махсусан дар навзодон маъмул аст, баъзан он метавонад дар кӯдакони хурдсол ё калонсол низ пайдо шавад.
Аломатҳо
Наҷосати сабз метавонад худ аз худ пайдо шавад ё дар якҷоягӣ бо баъзе нишонаҳои вайроншавии кори меъда ба вуҷуд ояд:
- Одатан, наҷосати ташаккулёфта метавонад гоҳ-гоҳ ранги сабз гирад; ин тағйирёбии муқаррарии ранги наҷосат мебошад
- Баъзан наҷосате, ки зоҳиран сиёҳ менамояд, дар асл метавонад ранги сабзи тира дошта бошад
- Наҷосати сабз ҳангоми дарунравӣ метавонад дар шакли наҷосати моеъ пайдо шавад.
Сабабҳои сабз омадани наҷосати кӯдак?
Барои ранги сабз гирифтани наҷосат дар навзодон ва кӯдакони хурдсол омилҳои зиёд сабаб мешаванд ва ин хеле кам аз мушкилоти ҷиддии тиббӣ шаҳодат медиҳад.
Кӯдакони ҳама синну сол метавонанд дар як вақт наҷосати сабз дошта бошанд, аммо сабабҳо ва басомади он вобаста ба синну соли кӯдак фарқ мекунанд.
Наҷосати сабз дар навзодон
Дар кӯдакони хурдсол ва хусусан, дар навзодон сабзранг шудани наҷосат бисёр мушоҳида мешавад. Сабабҳои он инҳоянд:
- Аввалин наҷосати навзод — меконий — ранги сиёҳи қатронӣ дорад, аммо баъзан он метавонад сабз низ бошад.
- Аз ҳад зиёд ҷудо шудани талха низ метавонад боиси сабз шудани наҷосат гардад.
- Наҷосати кӯдаки ширмак баъди меконий якбора ранги сабз гирифтанаш мумкин аст.
- Наҷосати сабз метавонад номувофиқатиро нисбат ба ғизо дар парҳези модар нишон диҳад; дар ин ҳолат мо мебинем, ки дар тифл баъзе нороҳатиҳо, аз қабили дамиши шикам ба вуҷуд омадааст.
- Сироятҳои вирусӣ ё бактериявӣ метавонанд боиси моеъ ва сабз шудани наҷосат гарданд.
- Ҳангоме ки шумо ба ғизои кӯдаки худ маҳсулоти сахт, махсусан сабзавоти сабзро илова мекунед, наҷосати ӯ низ метавонад ба ранги сабз табдил ёбад.
Агар баъди панҷ рӯзи аввали таваллуд дар навзод ихроҷи наҷосати сабзи торик давом кунад, санҷидан лозим аст, ки оё кӯдак дуруст ғизо мегирад ва вазни кофӣ ҷамъ мекунад ё не. Агар модари ҷавон ба қоидаҳои дурусти синамаконӣ риоя накунад ё дар ин бора дониш ва малакаи кам дошта бошад, ӯ бояд аз мутахассисони соҳаи нигоҳубини кӯдак, аз ҷумла синамаконии дуруст кӯмак гирад.
Сабабҳои наҷосати сабз дар кӯдакон
- Беморие, ки наҷосати сабзранг, суст ва обдорро ба вуҷуд меорад, ин дарунравӣ мебошад. Паразитҳо низ метавонанд боиси дарунравӣ гарданд. Азбаски кӯдакон ба шустани дастҳо одат накардаанд ва онро дуруст анҷом дода наметавонанд, онҳо ба паразитҳо бештар моил мешаванд.
- Агар кӯдаки шумо ғизои иловагӣ истеъмол кунад, ин ҳам метавонад наҷосати ӯро сабзранг кунад.
- Витаминҳо, хусусан доруҳое, ки дар таркиби худ оҳан доранд, метавонанд боиси сабз шудани наҷосати кӯдак гарданд.
Дар кӯдакони калонтар
- Истеъмоли маҳсулоти сабз.
- Қабули доруворӣ ё витаминҳои гуногун.
- Дарунравӣ ё вайроншавии меъда метавонад боиси сабз шудани ранги наҷосат гардад.
Тибқи маълумоти AAP, наҷосати сабз сабаби нигаронии ҷиддӣ шуда наметавонад. Бо вуҷуди ин, агар наҷосат сабз, бе шакли муайян, моеъ бошад ва зуд-зуд хориҷ шавад, ин гуна ҳолат аксар вақт аз дарунравӣ дар кӯдак шаҳодат медиҳад, ки дар ин ҳолат ба кӯдакони ҳама синну сол диққат ва ғамхорӣ талаб карда мешавад. Зеро дарунравӣ метавонад боиси ҳолатҳои ташвишовар ва барои ҳаёт хатарнок, аз қабили беобшавӣ дар кӯдакон ва хун дар наҷосати кӯдак гардад.
Дар ҳоле ки наҷосати сабз дар навзодон бевосита боиси ташвиш набошад ҳам, наҷосати сабзе, ки бо дарунравӣ ҳамроҳ мешавад, хатарнок аст. Мувофиқи маълумот, дарунравӣ дар саросари ҷаҳон яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакони то 5-сола мебошад.
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Дар баробари ин, намудҳои наҷосат вуҷуд доранд, ки метавонанд боиси нигаронии модар ё парастори кӯдак гарданд.
Агар наҷосати кӯдаки шумо сафед, сурх (махсусан сурхи дурахшон) ё сиёҳ бошад, шумо бояд фавран ба педиатри худ муроҷиат кунед.
Чунин ранг доштани наҷосат шояд мавҷудияти мушкилоти ҷиддиро нишон надиҳад, аммо ин ҳолат муроҷиат ба духтур ва муоинаро талаб мекунад.
Аломатҳои огоҳкунанда
Агар навзод ё кӯдак дарунравӣ ва яке аз нишонаҳои зеринро дошта бошад, ба духтур муроҷиат кунед:
- аломатҳои беобшавӣ;
- зиёда аз як рӯз қай кардан;
- таб аз 38,0 ºC баландтар;
- надоштани майл ба хӯрокхӯрӣ.