Сабабҳои эҳтимолии қайкунии доимӣ дар кӯдакони хурдсол зиёданд. Қайкунии навзодон асосан бо сабабҳои зерин ба вуҷуд меояд:
- Аппендитсит: дар баробари дарди шикам, таби сабук ва гум шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ яке аз аломатҳои маъмултарини аппендитсит ба шумор мераванд;
- Бемории ҳаракат (дилбеҳузурӣ ҳангоми сафар): ин ҳолат дар кӯдакони хурдсол маъмул буда, баъзан бо дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, арақи сард, хастагӣ ва беиштиҳоӣ ҳамроҳӣ мекунад;
- Ларзиши мағзи сар: ларзиши мағзи сар — осеби ҷиддии мағзи сар дар натиҷаи зарба ба сар мебошад ва он метавонад боиси қайкунӣ гардад. Агар кӯдак пас аз зарба ба сар қай кунад, ӯро фавран ба духтур нишон диҳед;
- Аллергияи ғизоӣ ё таҳаммулнопазирии ғизо: дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравӣ яке аз нишонаҳои эҳтимолии аллергияи ғизоӣ ва таҳаммулнопазирии он мебошанд;
- Заҳролудшавӣ аз ғизо: қайкунӣ нишонаи маъмули заҳролудшавӣ аз ғизо буда, одатан бо дарунравӣ ва дарди меъда ҳамроҳ мешавад;
- Гастроэнтерит: ин беморӣ «зукоми» меъда ҳисобида мешавад, ки дар кӯдакон одатан аз сабаби ротавирус ба вуҷуд омада, боиси қайкунӣ (одатан 1–2 рӯз) ва дарунравӣ (одатан 5–7 рӯз) мегардад.
Ғайр аз ин, бемории рефлюкси гастроэзофагӣ (ГЭРБ), сироятҳои гуногун, ихтилоли ҳаракати рӯда, доруҳо, заҳр, стенози пилорӣ ва стресс низ метавонанд боиси қайкунӣ гарданд.
Пешгирии қайкунии навзод
Табиист, ки қайкунии ногаҳонии фарзандатон шуморо ба ташвиш меорад. Барои он ки кӯдаки шумо дар амну роҳат бошад, пеш аз ҳама ором бошед ва ин тавсияҳоро риоя кунед:
Боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдак ташна намондааст
Беобшавӣ – талаф шудани миқдори бештари моеъ нисбат ба қабули он мебошад, ки боиси кам шудани моддаҳои муҳими барои фаъолияти бадан зарур мегардад.
Қайкунии шадид ва дарунравӣ сабаби асосии беобшавӣ дар кӯдакони хурдсол ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд нӯшидани моеъ одатан барои рафъи ҳолати сабуки беобшавӣ кифоя бошад ҳам, дар ҳолатҳои вазнин табобати тиббӣ лозим аст.
Моеъ нӯшонед
Регидратсия — барқарор кардани моеъ ва электролитҳои талафшуда. Барои ин ба кӯдак маҳлули регидратсияи даҳонӣ (ОРС, дар дорухона фурӯхта мешавад) диҳед — кам-кам, вале зуд-зуд: ба кӯдаки то 2-сола ҳар 1–2 дақиқа як қошуқи чойхӯрӣ, ба кӯдаки калонтар бошад, аз пиёла бо ҷуръаҳои хурд. Агар кӯдак қай кунад, 10 дақиқа интизор шавед ва сипас оҳистатар идома диҳед. Оби оддӣ электролитҳоро барқарор намекунад. Кӯдаки ширмакро бо шири модар ё омехтаи ширӣ кам-кам ва зуд-зуд ғизо доданро идома диҳед.
Аломатҳоро сабт кунед
Бояд нависед, ки қайкунӣ дар кӯдакатон чӣ тавр ва кай рух додааст. Ҳар дафъае, ки кӯдакатон қай мекунад, маълумоти зеринро сабт намоед:
- Сана;
- Вақти рӯз;
- Чӣ қадар давом кардани он;
- Агар дар таркиби қай моддаҳои сахт мавҷуд бошанд ё он хеле моеъ бошад;
- Кӯдак вақтҳои охир чӣ хӯрдааст ё нӯшидааст;
- Мавҷудияти аломатҳои дигар, аз қабили таб, дарди шикам ё дарунравӣ.
Духтури кӯдаконро даъват кунед
Ҳангоми мушоҳидаи қайкунии зуд-зуд ва нофаҳмое, ки ба сабаби ҷиддӣ вобаста нест, ҳамеша ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Ҳангоми занг задан аломатҳои дақиқи бемориро бигӯед.
Дар ҳолатҳое, ки сабаби беморӣ муайян нашудааст, духтури кӯдакон барои гузоштани ташхиси дақиқ таҳлили хун, пешоб ва наҷосат ё аз ташхиси рентген гузаштанро тавсия медиҳад.
Аломатҳое, ки ёрии фаврии тиббиро талаб мекунанд
Гарчанде қайкунӣ дар кӯдакони хурдсол одатан ҳолати нигаронкунанда маҳсуб наёбад ҳам, ҳолатҳое ҳастанд, ки муроҷиат ба ёрии тиббӣ зарур аст:
- Қайкунии хунолуд;
- Мавҷудияти хун дар пешоб;
- Ошуфтагии шуур ва сустии шадид (летаргия);
- Дарди сар ва гардан;
- Дарди шадиди шикам;
- Дард ҳангоми пешоб кардан;
- Қайи сабз ё сабзи зардтоб (омехта бо сафро) ё қайкунии шадид, ки мисли фаввора берун мепарад;
- Тапиши тези дил ё нафаскашии тез-тез;
- Қайкунӣ ҳамроҳ бо таб;
- Қайкунӣ ҳатто ҳангоми баргаштан ба реҷаи муқаррарии хӯрокхӯрӣ; нишонаҳои беобшавӣ: памперсҳо нисбат ба муқаррарӣ камтар тар мешаванд, ҳангоми гиря ашк кам аст ё тамоман намебарояд, ҷои нарми сари кӯдак ё чашмҳо ба дарун фурӯ рафтаанд, хоболудӣ ё инҷиқии ғайриодӣ.