Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Ҳолатҳои рагкашӣ (спазм) дар давраи ҳомиладорӣ

Ҳолатҳои рагкашӣ метавонанд яке аз нишонаҳои маъмулии давраи ҳомиладорӣ бошанд. Агар зан маълумот дошта бошад...

Бисёре аз модарони оянда дар давоми давраи ҳомиладорӣ якчанд маротиба дардҳои сабук, аз қабили рагкаширо аз сар мегузаронанд. Баробари калон шудан ва инкишоф ёфтани тифл ҳар рӯз дар бадан тағйирот мушоҳида мешавад, умуман дар тӯли 9 моҳ бардоштани кӯдак ҳам кори осон нест.

Ҳолатҳои кашишхӯрӣ метавонанд яке аз нишонаҳои маъмулии давраи ҳомиладорӣ бошанд. Агар зан маълумот дошта бошад, метавонад ба осонӣ фаҳмад, ки кадом дард аз чӣ сабаб дар организми ӯ пайдо мешавад.

Марҳилаҳои пайдоиши кашишхӯрӣ

Дар давоми семоҳаи якум ва дуюм тамоми бадан бо фароҳам овардани муҳити мусоид барои кӯдак машғул мешавад. Дар ин муддат мушакҳои бачадон ёзида, ба васеъшавӣ шурӯъ мекунанд. Васеъшавии мушакҳо боиси пайдоиши ҳисси кашишхӯрӣ дар ду тарафи шикам мегардад. Дар оғози давраи ҳомиладорӣ метавон дардҳоеро монанди давраи ҳайз низ эҳсос кард.

Сабабҳо

Дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ дар занон одатан шикамбандӣ (қабзият) мушоҳида мешавад, ки ин ҳам метавонад боиси кашишхӯрӣ гардад. Инчунин, ҳангоми иҷрои машқҳои муқаррарии ҳаррӯза низ мушакҳо метавонанд зуд-зуд кашиш хӯранд.

Сироят

Сироятҳои замбӯруғӣ ё сироятҳои роҳҳои пешоб низ метавонанд боиси кашишхӯрӣ гарданд. Таҳқиқоте, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи тиббии Британия гузаронида шудааст, нишон дод, ки дар тақрибан 6%-и модарони оянда дар давраи ҳомиладорӣ сироятҳои роҳҳои пешоб инкишоф меёбанд.

Муҳим: Ситомегаловирус

Алоқаи ҷинсӣ

Алоқаи ҷинсӣ низ метавонад боиси кашишхӯрӣ гардад. Мувофиқи маълумоти созмони ғайридавлатии ғайритиҷоратии «HealthyWomen» аксари занони солим метавонанд ҳатто то таваллуди кӯдак алоқаи ҷинсӣ дошта бошанд. Аммо дар давраи ҳомиладорӣ бо сабаби калон шудани шикам алоқаи ҷинсӣ он қадар гуворо ба назар намерасад.

Ҳомиладории берун аз бачадон

Гарчанде кашишҳои сабук дар занони ҳомила ҳолати муқаррарӣ ҳисобида шаванд ҳам, агар онҳо боиси ягон дард шаванд, муроҷиат ба духтур тавсия дода мешавад. Агар ҳамроҳ бо кашишҳо доғҳо ё хунравӣ сар шавад, ин ҳолат метавонад нишонаи ҳомиладории берун аз бачадон бошад, яъне эҳтимол дорад, ки ҷанин на дар бачадон, балки дар яке аз найчаҳои фаллопӣ ҷойгир шуда бошад. Дар чунин ҳолат фавран ба духтур муроҷиат кунед.

Агар дардҳои шадиди пайваста пайдо шаванд, ки дар давоми чанд дақиқа аз байн намераванд, фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

Баландшавии фишори хун дар давраи ҳомиладорӣ

Одатан баландшавии фишори хун пас аз 20-ҳафтаина шудани ҷанин оғоз меёбад. Баланд шудани фишори хун метавонад нишонаи преэклампсия бошад. Ҳангоми преэклампсия дар зери қабурғаҳо, дар қисми болоии рости шикам метавонад дард пайдо шавад. Агар чунин дард, дарди шадиди сар, хира шудани биниш ё варами ногаҳонии рӯй, дастҳо ва пойҳо мушоҳида шавад, фавран ба духтур муроҷиат кунед. Баландшавии фишори хун инчунин хавфи пеш аз таваллуд аз бачадон ҷудо шудани платсентаро зиёд мекунад.

Рагкашӣ ва давраи сеюми ҳомиладорӣ

Дар давраи сеюми ҳомиладорӣ занон дар мавзеи кос фишори иловагиро эҳсос мекунанд, зеро кӯдак дар ин давра хеле зуд инкишоф ёфта, калон мешавад.

Ҳар қадаре ки кӯдак калон шавад, бо пойҳояш асабҳои маҳбалро зер мекунад. Вақте ки кӯдак дар ковокии шикам мунтазам тоб хӯрда, ба ҳаракат медарояд, зан ҳангоми роҳ гаштан метавонад нисбат ба маъмулӣ бештар фишор ва рагкаширо эҳсос кунад. Дар чунин ҳолатҳо каме ба паҳлӯ хобида истироҳат кардан дардро кам мекунад, аммо агар дард пайваста идома ёбад, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард.

Таскин додани кашишхӯрӣ

Ҳангоми рагкашӣ зиёд воҳима кардан лозим нест, танҳо ба чанд тавсияи одӣ амал кардан кифоя аст. Дар аввал, фаъолият дар меҳнати ҷисмонӣ ва омилҳоеро, ки боиси кашишхӯрӣ мегарданд, кам кардан лозим аст. Шабона пеш аз хоб қабул кардани ваннаи ширгарм ва дар муҳити орому осуда истироҳат кардан ба кам шудани дарди шикам хеле кумак мерасонад.

Ҷолиб: Хоҳишҳо дар давраи ҳомиладорӣ аз чӣ далолат медиҳанд?

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Сабабҳои пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ кадомҳоянд?

Ҳомиладорӣ чунин давраест, ки дар он тағйироти зиёд мушоҳида мешавад. Ҷудо кардани ин тағйирот аз меъёр ва патология аз зани ҳомиладор масъулият, аз шифокор бошад дониш ва малака талаб мекунад. Яке аз чунин муаммоҳо ин пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ мебошад.

"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Чӣ тавр метавон венаҳои варикозиро пас аз таваллуд хурд кард?

Варикоз венаҳои барҷаста ва варамидаи пой мебошад. Ранги онҳо одатан кабуди тира ё бунафш буда, аз намудаш ба риштаи печ дар печ монанд аст.

"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Диабети қанд дар вақти ҳомиладорӣ чӣ гуна беморӣ аст?

Гипергликемия метавонад ба рагҳои хунгард, асаб, чашм ва гурда, инчунин дил дар тамоми бадан зарар расонад. Гипергликемия сабаби бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани кӯдакон мегардад.