Боз дарди миён шуморо нороҳат мекунад?! Сабаби пайдоиши дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ чист ва онро чӣ гуна бартараф кардан мумкин аст?! Тавассути ин мақола мо ба ин саволҳо то қадри имкон ҷавоб хоҳем дод.
Агар ҳангоми ҳомиладорӣ дарди миён шуморо бисёр нороҳат кунад, шумо танҳо нестед. Дарди миён яке аз нишонаҳои манфии маъмултарин дар байни занони ҳомила ба шумор меравад.
Дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ гуна зоҳир мешавад?
Дарди миён дар давраи ҳомиладорӣ одатан дар шакли дардҳое, ба монанди шахшавӣ дар қисмати болоӣ ё поёнии миён ва ронҳо, ки метавонанд ба пой ё чорбанд паҳн шаванд, зоҳир мешавад.
Мутаассифона, дарди миён метавонад аз давраҳои аввалини тақвими ҳомиладорӣ оғоз шавад. Баъзе занон инро дар семоҳаи якум эҳсос мекунанд, аммо дар бисёр занон дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ дар ҳафтаҳои 18-ум, дар семоҳаи дуюм сар мешавад. Дар семоҳаи дуюм ва махсусан дар семоҳаи сеюм, ё то вақти таваллуд дарди миён метавонад давом кунад ва баъзан бадтар шавад. Дар баъзе ҳолатҳо дарди миён дар вақти ҳомиладорӣ бо дарди миёни пас аз таваллуд иваз мешавад.
Дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ аз чӣ сабаб ба вуҷуд меояд?
Дар давраи ҳомиладорӣ гормоне бо номи релаксин ҷудо мешавад, ки дар натиҷа пайвандакҳои буғумҳо дар устухони кос ва дигар ҷойҳо суст мешаванд, то ки кӯдаки шумо ҳангоми таваллуд аз роҳҳои таваллуд осонтар гузарад.
Ба ин вазни бачадони афзояндаи шумо илова мешавад ва бо ба пеш кӯчидани маркази вазнинии баданатон, мувозинататон вайрон мешавад.
Дар навбати худ, барои бардоштани бор қисми поёнии камари шумо аз муқаррарӣ бештар хам мешавад, дар натиҷа мушакҳо бо душворӣ кор мекунанд ва тавре ки шумо тахмин кардед, эҳсоси дард ва сахтшавӣ пайдо мешавад.
Хонед: Баландшавии тонуси бачадон ҳангоми ҳомиладорӣ
Оё дарди миён дар ҳомиладорӣ ба радикулит монанд аст?
Ҳа, ба радикулит монанд аст. Агар шумо дарди шадиди кашишхӯрандаро ҳис кунед, ки аз пушт ё чорбанд сар шуда, ба пойҳо мегузарад, эҳтимол дорад, ки шумо радикулит дошта бошед.
Хабари хуш дар бораи дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ дар он аст, ки он ба таври муқаррарӣ ба осонӣ бартараф мешавад. Илова бар ин, усулҳои зиёде мавҷуданд, ки онро сабук мекунанд. Аз ин рӯ, агар як роҳи ҳал кор накунад, дигараш метавонад кӯмак расонад.
Усулҳои табобати дарди миён
Барои рафъи дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ усулҳои зеринро санҷида бинед:
Ба ҳолати нишастани худ диққат диҳед!
Тамоми рӯз дар курсӣ такя карда нишастан ба сутунмӯҳраи шумо аз ҳама бештар сарборӣ меорад. Боварӣ ҳосил кунед, ки курсиҳое, ки шумо дар хона ва кор бисёр истифода мебаред, қулай ҳастанд. Бо пушт ва дастони дар ҳолати рост ва болишти маҳкам нишастан беҳтар аст.
Барои каме бардоштани пойҳоятон аз такягоҳи пой истифода баред ва пойро ба рӯи пой нагузоред. Ин боиси ба пеш ҳаракат кардани устухони кос мегардад, ки сабаби шиддат гирифтани мушакҳои пушт мешавад.
Танаффус кунед!
Агар имконият шавад, дар як соат ҳадди ақал як маротиба роҳ гардед ё аз ҷоятон хеста, бадани худро ёзонед. Нишастани тӯлонӣ ё дар як ҳолати муайян будан метавонад боиси боз ҳам сахттар шудани дарди миён гардад.
Инчунин кӯшиш кунед, ки дуру дароз рост наистед. Агар шумо рост истода кор кунед, кӯшиш кунед, ки як поятонро ба курсии паст гузоред, то фишорро ба камаратон каме кам кунед.
Аз бардоштани борҳои вазнин худдорӣ кунед!
Агар маҷбур бошед, инро оҳиста-оҳиста иҷро кунед. Пойҳоро васеъ гузошта, худро устувор кунед; на аз миён, балки аз зону хам шавед; хам шавед ва на бо миён, балки бо ёрии қувваи дастон ва пойҳо бардоред. Беҳтараш аз касе ёрӣ пурсед!
Вазни худро назорат кунед!
Ҳангоми ҳомиладорӣ зиёдшавии вазнро назорат кунед: вазни зиёдатӣ ва хеле зуд фарбеҳ шудан метавонад боиси зиёд шудани сарбории сутунмуҳра гардад.
Пойафзоли дуруст пӯшед!
Аз пошнаҳои хеле баланд даст кашед. То қадри имкон, пойафзоли пошнааш ҳамвор пӯшед. Мутахассисон барои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани баданатон пойафзоли пошнапаст ва дорои камони хубро тавсия медиҳанд. Илова бар ин, шумо метавонед истифодаи дарунпӯшҳои махсуси пойафзолро барои мушакҳо баррасӣ кунед.
Бистари сахтро истифода баред!
Агар шумо бистари сахтро истифода набаред, онро муваққатан иваз кардан беҳтар аст. Чунки хобидан дар сатҳи ҳамвор ба шумо барои кам кардани стресс ва беҳтар кардани ҳолати хоб кӯмак мекунад.