Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Ба сӯйи волидайн шудан

Аломатҳои овулятсия: дард, ихроҷот, ҳарорати ректалӣ

Ҳар як зане, ки ба саломатии репродуктивии худ бефарқ нест, бояд дар бораи овулятсия ва хусусиятҳои хоси он маълумот дошта бошад. Тавассути ин мақола мо дар бораи аломатҳои овулятсия маълумоти муфассал медиҳем.

Ҳар як зане, ки ба саломатии репродуктивии худ бефарқ нест, бояд дар бораи овулятсия ва хусусиятҳои хоси он маълумот дошта бошад. Тавассути ин мақола мо дар бораи аломатҳои овулятсия маълумоти муфассал медиҳем.

ОВУЛЯТСИЯ — аз фолликулаи тухмдон ба ковокии шикам баромадани тухмҳуҷайраи болиғе мебошад, ки қобилияти бордоршавӣ дорад. Умуман, он як марҳилаи давраи ҳайз, яъне сикли тухмдон ба ҳисоб меравад. Дар занони синни қобили таваллуд овулятсия дар меъёр ҳар 21-35 рӯз рӯй медиҳад.

Басомади овулятсия бо механизмҳои нейрогуморалӣ, асосан бо гормонҳои гонадотропии ғадуди гипофиз ва гормони фолликулярии тухмдон танзим карда мешавад.

Фазаи овулятсия – нишонаи он аст, ки саломатии репродуктивии организм дар меъёр кор мекунад. Рух надодани ин марҳила аз мавҷуд будани ягон мушкилӣ дар организм дарак медиҳад. Тавре ки дар боло қайд кардем, зане, ки ба саломатии худ бепарво нест, бояд мушоҳида кунад, ки овулятсия рӯй медиҳад.

Ритми овулятсия, ки барои ҳар як зан доимӣ аст, дар давоми 3 моҳи пас аз исқоти ҳамл, дар давоми як соли пас аз таваллуд, инчунин пас аз 40-солагӣ, вақте ки организм ба давраи менопауза омодагӣ мебинад, дар заминаи набудани ҳайз ё таъхири ҳайз тағйир меёбад.

Бо оғози ҳомиладорӣ ва пас аз қатъи пурраи функсияи ҳайз, овулятсия қатъ мегардад. Донистани вақти овулятсия барои банақшагирии ҳомиладорӣ, бордоркунии сунъӣ ва интихоби вақти аз ҳама самаранок барои ЭКО аҳамияти муҳим дорад.

Аломатҳои овулятсия

Ба сифати аломатҳои субъективии овулятсия дарди кӯтоҳмуддати қисми поёни шикамро номбар кардан мумкин аст.

Аломатҳои объективии овулятсия — ин зиёдшавии ихроҷи луоб аз маҳбал, пастшавии ҳарорати ректалӣ (базалӣ) дар рӯзи овулятсия, баландшавии он дар рӯзи дигар, зиёдшавии прогестерон дар плазмаи хун ва ғайра мебошанд.

Бино ба баъзе манбаъҳо, афзоиши ҳисси бӯй ва таъм, баланд шудани ҳассосияти ғадудҳои ширӣ ҳам аломатҳои овулятсия ба ҳисоб мераванд.

Ин аломатҳо аз сабаби ба нишонаҳои ҳомиладорӣ монанд буданашон, метавонанд боиси иштибоҳи занҳое шаванд, ки сикли ҳайзашон номунтазам аст.

Бояд дар хотир дошт, ки агар дарди қисми поёни шикам шадид ва тез бошад, ин метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад. Ва дар ин ҳолат ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардан лозим аст.

Ҳар гуна аломатҳо на ҳамеша аз овулятсия дарак медиҳанд, аз ин рӯ, барои гирифтани маълумоти дақиқ, иловатан истифода бурдани дигар усулҳои муайян кардани овулятсия беҳтар аст.

Дар поён дар бораи аломатҳои дар боло номбаршуда маълумоти муфассалтар медиҳем.

Овулятсия ва дард

Дар рӯзҳои овулятсия дард дар қисмҳои поёни шикам, ки ба хунравии вобаста ба ҳайз алоқаманд нест, мушоҳида шуданаш мумкин аст.

Дард метавонад дар қисми поёни марказии шикам ё вобаста ба он ки фолликулаи доминантӣ дар кадом тухмдон пухта мерасад, дар тарафи рост ё чап пайдо шавад. Дард бештар хусусияти кашанда дорад. Он метавонад бо варами сабук ё эҳсоси пуршавӣ дар қисми поёни шикам ҳамроҳӣ кунад.

Дар аввал дард андак бошад ҳам, дар рӯзҳои минбаъда каме пурзӯршавии он мушоҳида мешавад. Ин дардҳо бо баланд шудани сатҳи моддаҳои фаъоли биологӣ — простагландинҳо дар бадани зан пеш аз овулятсия алоқаманданд. Простагландинҳо девори фолликула ва бофтаи тухмдонро ҳал карда, гузариши тухмҳуҷайраро ба найчаи бачадон таъмин мекунанд. Дар ин ҷараён "таъсири паҳлӯии" простагландинҳо дард аст.

Донистани он, ки дард бо овулятсия алоқаманд аст, низ аҳамияти муҳим дорад. Зеро дардҳое, ки бо сабабҳои дигари патологӣ ба вуҷуд меоянд, метавонанд ёрии таъҷилиро талаб кунанд.

Ҳангоми овулятсия дард шиддатнокии миёна дорад ва истеъмоли доруҳои рафъи дардро талаб намекунад. Дардҳои шадид бошад, аз ягон мушкилоти саломатӣ дарак медиҳанд.

Агар дар рӯзҳои пешбинишудаи овулятсия дард шадид бошад, шумо бояд ба гинеколог муроҷиат кунед. Дардҳо дар қисми поёни шикам, ки бо баланд шудани ҳарорати бадан, зиёд шудани ихроҷ аз роҳҳои ҷинсӣ, тағйир ёфтани ранги ихроҷ аз шаффоф, сафед ба зард, сабз ё мушоҳида шудани онҳо якҷоя бо ихроҷҳои хунин ҳамроҳӣ мешаванд, метавонанд аз ҳолати патологии узвҳои ҷинсӣ шаҳодат диҳанд. Дар чунин ҳолатҳо, албатта, ба гинеколог муроҷиат кардан шарт аст.

Ихроҷҳои луобӣ

Ғадудҳои гарданаки бачадон луоб ҳосил мекунанд. Одатан он тиқини ҳақиқӣ ба ҳисоб меравад, ки канали гарданаки бачадонро маҳкам карда, ба бачадон гузаштани сироятҳоро пешгирӣ мекунад ва ғафс мебошад. Дар чунин луоби ғафс ҳуҷайраҳои нутфа зуд ҳаракатнокии худро гум мекунанд. Дар натиҷа барои онҳо ба ковокии бачадон баромадан душвор мегардад. Лекин фолликули асосӣ (доминантӣ), ки дар тухмдон рушд мекунад, гормони эстрадиолро ҳосил мекунад.

Чӣ қадаре ки эстрадиол зиёд бошад, моеъи сервикалӣ ҳамон қадар зиёд ва обакӣ мешавад. Дар арафаи овулятсия он мисли сафедаи тухм ёзанда мешавад. Дар баъзе занон дар мобайни сикл ин ихроҷи луобии шаффоф хеле эҳсос мешавад. Дар баъзеҳо якчанд рӯз пеш аз овулятсия, дар баъзеҳо танҳо рӯзи овулятсия ҷудо мешавад. Ин хусусияти фардӣ аст.

Ҳарорати ректалӣ

Ҳарорати базалии бадан — ҳарорат дар вақти истироҳати организм аст ва дар вақти овулятсия каме баланд шудани он мушоҳида мешавад. Ҳарорати ректалии бадани зан вобаста ба як қатор омилҳо, аз ҷумла миқдори гормонҳо низ тағйир меёбад.

Пас аз овулятсия миқдори гормони прогестерон дар хун меафзояд. Дар ҳолати муқаррарӣ ҳарорати базалӣ пас аз оғози ҳайз ба ҳисоби миёна дар давоми 2 ҳафта (дар марҳилаи 1-уми сикли ҳайз) аз 37.0 °C зиёд намешавад. Пеш аз оғози марҳилаи 2-юми сикли ҳайз ҳарорат каме паст шуда, якбора ба андозаи 0.4-0.5 °C баланд мешавад. Айнан ҳамин баландшавӣ аз ба амал омадани овулятсия далолат медиҳад.

То саршавии ҳайзи навбатӣ ҳарорат баланд боқӣ мемонад ва бо паст шудани он давраи нави ҳайз оғоз меёбад.

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Ба сӯйи волидайн шудан

Эҳтимолияти ҳомиладории дугоник ба чӣ вобаста аст?

Дар бораи он ки чӣ тавр имконияти таваллуди дугоникҳоро зиёд кардан мумкин аст, афсонаҳои зиёде мавҷуданд. Гарчанде усулҳои исботшудаи баланд бардоштани эҳтимолияти ҳомиладории дугоник вуҷуд надошта бошанд ҳам, омилҳои маълуме вуҷуд доранд, ки фоизи чунин ҳомиладориро зиёд мекунанд.

Ба сӯйи волидайн шудан

Ҳомиладории берун аз бачадон чӣ гуна оризаҳо оварданаш мумкин аст?

Ҳомилагии эктопикӣ дар ҳолате ба амал меояд, ки эмбрион берун аз қабати дохилии бачадон ҷойгир шавад. Ин метавонад боиси оризаҳои барои ҳаёт хатарнок гардад. Аксар вақт дар ҳомиладории эктопикӣ эмбрион дар найҳои бачадон (найчаҳои фаллопий) ҷойгир мешавад, аммо он метавонад дар тухмдон ё ковокии шикам низ бошад.

Ба сӯйи волидайн шудан

Ҳайз чанд рӯз метавонад ба таъхир афтад? (Сабабҳои ба таъхир афтодани ҳайз)

Умуман, дар занону духтарони бидуни бемориҳои репродуктивӣ таъхири ҳайз метавонад то 5-7 рӯз давом кунад. Аммо, халалдоршавии сикли ҳайз...