Беобшавӣ дар навзодон — ин ҳолати набудани моеъи кофӣ дар бадан барои анҷом додани фаъолияти муътадили ҳаётӣ ба шумор меравад.
Бадани кӯдак тақрибан 75% аз об иборат буда, об қисми таркибии ҳар як ҳуҷайра мебошад. Об барои назорати ҳарорати бадан, нигоҳ доштани якпорчагии узвҳо ва бофтаҳо, интиқоли моддаҳои ғизоӣ ба ҳуҷайраҳо ва дигар нишондиҳандаҳои ҳаётӣ нақши муҳим мебозад.
Кӯдаки шумо ҳар рӯз тавассути пешобкунӣ, ҳаракати рӯда, арақ кардан, гиря ва ҳатто нафаскашӣ миқдори муайяни обро гум мекунад. Об дар организми кӯдак ҳар дафъае, ки ӯ хӯрок мехӯрад ё моеъ истеъмол мекунад, иваз мешавад.
Як қатор омилҳо метавонанд мувозинати байни камшавӣ ва барқароршавии обро дар бадан вайрон кунанд. Масалан, агар тифли шумо қай кунад ё дар ӯ ҳолати диарея бошад, ӯ моеъро нисбатан зудтар гум мекунад, ки ин метавонад боиси беобшавии кӯдак гардад.
Аломатҳои беобшавӣ дар навзодон
Аломатҳои маъмултарини беобшавӣ дар навзодон инҳоянд:
- Пешоби ғализ, ки ранги зарди хеле сир ё норинҷӣ дорад;
- Қабзият;
- Хушкшавии лабҳо;
- Хушкии даҳон;
- Хушк шудани пардаҳои луобӣ;
- Хоболудии аз ҳад зиёд;
- Беқарорӣ;
- Дар давоми 24 соат камтар аз шаш тагпӯши намнок;
- Аз даст додани шавқ ба макидан ё гирифтани шиша;
- Набудани ашк ҳангоми гиря;
- Рангпаридагӣ;
- Фурӯ рафтани нуқтаи мулоими сари кӯдак;
- Чин пайдо кардани пӯст.
Ҳолати беобшавии навзодон метавонад зуд ба амал ояд. Хусусан, агар кӯдаки шумо бемор бошад, баданаш гарм шуда бошад ё дар ғизохӯрӣ мушкилот дошта бошад, ба ин аломатҳо диққат диҳед. Ва фавран ба духтури кӯдакона муроҷиат кунед.
Сабабҳои беобшавӣ дар навзодон
Як қатор омилҳо метавонанд ба беобшавӣ оварда расонанд. Гарчанде ки беобшавӣ дар ҳар синну сол таъсири муайян дорад, он дар кӯдакони хурдсол нисбат ба калонсолон бештар вомехӯрад.
Сабабҳои беобшавии кӯдакони хурдсол ва навзодон аз ҷумлаи инҳоянд:
- Мушкилоти вобаста ба синамаконӣ: агар кӯдаконе, ки бо шири сина ғизо мегиранд, дуруст макида натавонанд, шири синаро зуд-зуд ё муддати тӯлонӣ нахӯранд ё мушкилоти вобаста ба таъмини шири сина вуҷуд дошта бошад, агар модар аз сабаби надоштани дониш оид ба синамаконӣ дуруст маконида натавонад, бадани кӯдак метавонад беоб шавад;
- Мушкилоти вобаста ба ғизодиҳӣ аз шиша;
- Дарунравӣ;
- Табларза: Баландшавии ҳарорати бадани кӯдаки шумо метавонад боиси талафи бештари моеъ гардад;
- Ҳарорати баланд, намии аз ҳад зиёд ё зери офтоби гарм дар ҳавои кушод гузаронидани вақти зиёд — метавонад боиси арақкунӣ ва бухоршавии моеъ тавассути пӯсти кӯдак гардад;
- Дасткашӣ аз хӯрокхӯрӣ — баста шудани бинӣ, дарди гӯш ё гулӯ метавонад ба макидан ва фурӯ бурдан халал расонад;
- Қайкунӣ.
Табобат
Табобати беобшавии навзод ба сабаб ва вазнинии беморӣ, махсусан ба синну соли кӯдак вобаста аст.
Беобшавии шадид хеле хатарнок аст, ҳатто метавонад боиси пайдоиши ҳолатҳои барои ҳаёт таҳдидкунанда гардад. Аз ин рӯ, агар аломатҳо назаррас бошанд, ба духтур муроҷиат кунед. Агар шумо аз ҳолати ҳозираи кӯдак хавотир бошед, аз дархости ёрии таъҷилӣ худдорӣ накунед.
Барои маълумот, Академияи педиатрияи Амрико таъкид мекунад, ки ба кӯдакон бояд танҳо аз 6-моҳагӣ об дода шавад ва истеъмоли рӯзонаи онҳо бояд бо 0,5-1 истакон (118-236 мл) маҳдуд карда шавад.
Агар дар фарзанди шумо ҳолатҳои зерин мушоҳида шаванд, фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунед:
- Агар гирифтори рагкашӣ бошад;
- Дар ҷойҳои нарми косахонаи сараш фурӯравӣ бошад;
- Дарунравии беист зиёда аз ҳашт соат давом кунад;
- Пистон ё шишаро нағз макида натавонад;
- Аз 3-моҳа хурд бошад ва таб дошта бошад;
- Баъди ду маротиба ғизо додан ҳам қай кунад;
- Аломатҳои дигари беобшавии давомдор ё шадид мавҷуд бошанд.
Пешгирӣ
Усули беҳтарини пешгирии беобшавӣ на танҳо донистани аломатҳо ва фаҳмидани сабабҳо, балки донистани он аст, ки чӣ тавр онро пешгирӣ кардан мумкин аст.
- Ба навзод бодиққат бошед;
- Дониш ва малакаҳоро оид ба нигоҳубини дурусти кӯдак аз худ кунед;
- Тагпӯшҳои намнок ва афзоиши вазнро назорат кунед;
- Аз муҳити аз ҳад зиёд гарм худдорӣ намоед;
- Аз додани миқдори зиёди об худдорӣ намоед;
- Паҳншавии микробҳоро пешгирӣ кунед.