Ҳамон тавре ки сохти бадани инсон гуногун аст, равандҳое, ки дар он мегузаранд, аз ҷумла нишонаҳои ҳомиладорӣ низ дар ҳар як зан гуногун мешаванд. Зане, ки орзуи ҳомиладориро дар дил мепарварад, мехоҳад аз ин нишонаҳо огоҳ шуда, онҳоро дар худ ҳарчи зудтар эҳсос кунад. Охир, ҳомиладорӣ як давраи хеле аҷиб, хос ва такрорнашаванда аст-ку? Магар чунин нест?
Нишонаҳо ва аломатҳои ҳомиладорӣ — тарзи зуҳуроти он дар ҳар зан метавонад каме ё ба куллӣ фарқ кунад. Дар ҳоле ки баъзе занон нишонаҳои аввалини ҳомиладориро эҳсос мекунанд, дигарон дар вазъи саломатии худ ҳеҷ гуна тағйиротро ҳис намекунанд.
Дар зер дар бораи нишонаҳои аввалини ҳомиладорӣ маълумот медиҳем. Агар шумо ин нишонаҳоро дар худ эҳсос кунед, дар бунгоҳ ё беморхонаи маҳаллии худ аз муоина гузашта, дар сурати тасдиқ шудани ҳомиладорӣ, ба қайди ҳомиладорӣ биистед.
Ҳамчунин ба лоиҳаи мо – «Lalu — Мактаби ҳомиладорӣ» ҳамроҳ шавед. Барои ин замимаи мобилии моро аз мағозаи барномаҳои Google Play ройгон боргирӣ кунед. Ва тамоми давраи ҳомиладориро тавассути тақвими мӯъҷизавии ҳомиладорӣ пайгирӣ намоед!
Тавассути замимаи мобилии «Lalu — Мактаби ҳомиладорӣ» шумо метавонед аз чунин имкониятҳои муфид истифода баред: дар тӯли тамоми давраи ҳомиладорӣ пайгирӣ кардани тағйироти худ ва ҳомилаатон, шинос шудан бо расмҳо ва андозаҳое, ки рушди ҳомиларо инъикос мекунанд, интихоби ном барои фарзанди ояндаатон ва табодули фикру таҷриба бо дигар занони ҳомиладор.
Аломатҳои нахустини ҳомиладорӣ
Пас аз бордоршавии тухмҳуҷайра дар организми зан як қатор тағйироти гормоналӣ мушоҳида мешавад. Дар зер мо дар бораи хусусиятҳое суҳбат хоҳем кард, ки дар бадани шумо дар заминаи тағйироти гормоналӣ ба вуҷуд меоянд. Албатта, барои тасдиқи ҳомиладорӣ гузаштан аз ташхисҳое чун муайян кардани миқдори ХГЧ дар хун ва ташхиси ултрасадо (УЗИ) лозим меояд.
Набудани ҳайз ва ихроҷи ками хунин
Тухмҳуҷайраи зан пас аз бордоршавӣ дар бачадон ба ҷойгиршавӣ шурӯъ мекунад. Ин раванд имплантатсия номида мешавад. Маҳз дар ҳамин давра (одатан 1-2 рӯз) метавонад аз маҳбал ба миқдори кам ихроҷи хунин мушоҳида шавад. Онҳо аз ихроҷи давраи ҳайз бо ранг, давомнокӣ ва миқдори худ ба куллӣ фарқ мекунанд. Рангаш равшантар, давомнокиаш кӯтоҳтар ва миқдораш хеле кам мебошад. Дар ин муддат фарорасии ҳайз мушоҳида намешавад.
Аммо ба таъхири ҳайз набояд ҳамчун нишонаи боэътимод нигарист, зеро набудани ҳайз аксар вақт метавонад бо бемориҳои системаи репродуктивӣ, стресс ва тағйироти патологии гормоналӣ вобаста бошад.
Дар бораи он ки ба ғайр аз ҳомиладорӣ боз кадом омилҳо метавонанд боиси ба таъхир афтодани ҳайз гарданд, метавонед тавассути ин мақола маълумот гиред: Сабабҳои таъхири ҳайз
Аломатҳои ҳомиладорӣ: Калоншавӣ ва дарднок шудани ғадудҳои шир
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳомиладорӣ дар организми зан тағйироти зиёди гормоналӣ рух медиҳад. Ғадудҳои шир бошанд, ба тағйироти гормоналӣ хеле ҳассосанд. Дар рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ ғадудҳо калон шуда, нӯги пистонҳо дарднок мешаванд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки калоншавии сина метавонад аз сабаби истеъмоли доруҳои гормоналии зидди ҳомиладорӣ низ ба вуҷуд ояд.
Ҳамчунин, дар ғадудҳои синаи зани ҳомила дар тӯли тамоми давраи ҳомиладорӣ тағйироти хосе ба амал меояд. Ин тағйирот аз зуҳуроти аввалин нишонаҳои ҳомиладорӣ оғоз шуда, то замони таваллуд ва расидан ба дараҷаи таъмини тифли навзод бо ғизои комил идома меёбад.
Дар бораи тағйироти сина ҳангоми ҳомиладорӣ метавонед тавассути ин мақола маълумоти бештар гиред: Тағйироти сина ҳангоми ҳомиладорӣ
Аломатҳои ҳомиладорӣ: Хастагӣ ва хоболудӣ
Хастагии бесабаб ва зуд беҳол шудан низ аз аввалин нишонаҳои ҳомиладорӣ ба шумор мераванд. Гирёнчак шудани баъзе занон низ як ҳолати маъмул аст. Ин аломат бештар дар ҳомиладории аввал ба вуҷуд меояд.
Шиддат гирифтан ва тез шудани ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо дар организм боиси эҳсоси хастагӣ, хоболудӣ ва хоҳиши истироҳат кардан мегардад. Ҷолиби диққат он аст, ки хоболудии семоҳаи аввал тадриҷан, аксар вақт дар семоҳаҳои дуюм ва сеюм бо бехобӣ иваз мешавад.
Муҳим: Ҳолатҳои спазм (кашишхӯрии рагҳо) дар давраи ҳомиладорӣ
Дилбеҳузурӣ
Пайдоиши дилбеҳузурӣ ё токсикози субҳгоҳӣ аксар вақт аз ҳафтаи 5-6-уми ҳомиладорӣ оғоз меёбад, дар баъзе занон бошад, ин аломат пас аз бордоршавӣ, яъне дар ҳафтаҳои 2-3-юм низ метавонад ба мушоҳида расад. Бояд дар хотир дошт, ки бемориҳои роҳи меъдаю рӯда, дилу раг ва системаи марказии асаб низ метавонанд сабаби дилбеҳузурӣ гарданд.
Дар бораи токсикоз ҳангоми ҳомиладорӣ метавонед тавассути ин мақола маълумоти бештар гиред: Токсикоз дар давраи ҳомиладорӣ ва роҳҳои сабук кардани он дар шароити хона
Зиёдшавии ихроҷи пешоб
Ҳамчун нишонаи аввалини ҳомиладорӣ, дар зан нисбат ба маъмул бештар ба миён омадани эҳтиёҷ ба пешобро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳангоми ҳомиладорӣ миқдори хун дар бадан меафзояд, ки ин боиси аз ҷониби гурдаҳои зани ҳомила коркард шудани моеъи иловагӣ мегардад. Ин худ аз худ боиси зиёд шудани ихроҷи пешоб мешавад.*
Бояд дар хотир дошт, ки ба зиёд шудани ихроҷи пешоб баъзан мушкилоти дигар, аз ҷумла сирояти роҳҳои пешоб, диабети қанд ва истеъмоли доруҳои пешоброн (диуретикҳо) низ метавонанд сабаб шаванд.
Нишонаҳои ҳомиладорӣ – аломатҳои дуюмдараҷа
- Баландшавии ҳарорати базалӣ ҳамчун аломати ҳомиладорӣ;
- Дар натиҷаи зиёд тавлид шудани гормони прогестерон ҳарорати бадан метавонад то 37 дараҷа баланд шавад;
- Эҳсоси вазнинӣ дар минтақаи кос – гардиши хун дар ин қисмат меафзояд, зан фишор ва вазниниро эҳсос мекунад;
- Бехобӣ – эҳсоси хастагӣ аксар вақт боиси ҳаяҷонпазирии асаб мегардад, ки дар натиҷа бехобӣ мушоҳида шуда метавонад;
- Дард дар миён – дар минтақаи миён дарди кунд эҳсос шуда метавонад. Аммо ҳангоми бемориҳои гурда низ дард мушоҳида шуда метавонад;
- Дарди сар – аз сабаби таъсири тағйироти гормоналӣ ба системаи асаб дарди сар мушоҳида шуда метавонад;
- Сарчархзанӣ. Ин метавонад бо васеъшавии рагҳои хунгард, паст шудани фишори хун ва коҳиши миқдори қанд дар хун вобаста бошад. Агар беҳуш шавед, ҳатман ба духтур хабар диҳед. Агар беҳушшавӣ ё сарчархзании шадид бо дарди шикам ё хунравӣ аз маҳбал ҳамроҳ бошад, фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед – ин метавонад нишонаи ҳомиладории берун аз бачадон бошад;
- Кушода шудани иштиҳо – дар заминаи тезшавии мубодилаи моддаҳо иштиҳо боз мешавад;
- Қавитар шудани ҳисси бӯй ва таъм – агар қаблан зан ба баъзе бӯйҳо аҳамият надода бошад, ҳангоми ҳомиладорӣ ҳассосият нисбат ба бӯйҳо меафзояд.
- Зудранҷӣ ва тағйирёбии кайфият – аксари занҳо асабонӣ мешаванд ва кайфияташон зуд-зуд тағйир меёбад.
- Тағйирёбии вазни бадан – барои он ки организми зан ҳомиларо бо маводи ғизоӣ таъмин намояд, афзоиши вазни бадан мушоҳида мешавад.
- Варами пойҳо ва дастҳо – дар давраи ҳомиладорӣ организм моеъи бештарро нигоҳ медорад, бинобар ин, махсусан дар моҳҳои охир, дар пойҳо, буҷулакҳо ва ангуштон варами сабуке, ки тадриҷан пайдо мешавад, мушоҳида шуда метавонад. Ногаҳон варам кардани рӯй, дастҳо ё пойҳо метавонад нишонаи преэклампсия бошад – дар чунин ҳолат фавран ба духтур муроҷиат кунед.
- Доначаҳои гуногун дар рӯй – гарчанде ки қаблан зан бо пӯсти худ ягон мушкилӣ надошта бошад ҳам, дар давраи ҳомиладорӣ дар рӯй доначаҳо (угри) пайдо мешаванд. Ин ҳолат бо дисбаланси гормоналӣ шарҳ дода мешавад.
- Дамидани шикам ва/ё қабзият – дар натиҷаи таъсири гормонҳо ба рӯдаҳо метеоризм мушоҳида мешавад.
- Намоёнтар шудани шабакаи рагҳои варидӣ дар мавзеи сина – пас аз оғози ҳомиладорӣ организм барои ғизодиҳӣ низ омода мегардад, намоён шудани рагҳои варидӣ аз оғози раванди лактатсия далолат медиҳад. Ранги нӯги пистон низ тиратар мешавад.
- Сурхшавии ранги пӯсти рӯй – дар натиҷаи таъсири гормонҳо ба капиллярҳо рагҳои хунгард васеъ мешаванд.
- Вайроншавии пигментатсия дар хати сафеди шикам — аломати хоси занони ҳомиладор буда, дар ин ҳолат аз ноф то симфизи устухонҳои шармгоҳ «роҳча» пайдо мешавад.
Агар шумо нишонаҳои аввалини ҳомиладориро эҳсос кунед, аммо санҷиши ҳомиладорӣ натиҷаи манфӣ нишон диҳад, шояд шумо каме шитоб карда бошед. Пас аз чанд рӯз санҷишро такроран гузаронед. Агар пас аз ду-се ҳафта ҳам натиҷаи тест манфӣ барояд, беҳтар аст, ки ба табиб муроҷиат карда, сабаби наомадани ҳайзро муайян намоед.
Агар ҳомиладории шумо тасдиқ шавад, чуноне ки дар боло зикр кардем, замимаи мобилии
«Lalu»-ро ба телефони мобилии худ насб кунед. Ва вазифаи пурмасъулияти ба дунё овардани фарзанди солимро осонтар ба анҷом расонед.
Шумо метавонед барномаи мобилиро тавассути ин пайванд боргирӣ кунед: https://bit.ly/lalu-app