Сарчархзанӣ дар ҳамаи занон, инчунин дар давраи ҳомиладорӣ дар занони ҳомиладор зуд-зуд мушоҳида мешавад. Онҳоро сарчархзанӣ ва баъзан дар баробари сарчархзанӣ тарси афтидан низ фаро мегирад. Дар ин мақола мо дар бораи сабабҳои сарчархзанӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва кай ба духтур муроҷиат кардан муфассал маълумот медиҳем.
Сарчархзанӣ ҳангоми ҳомиладорӣ
Ҳолат метавонад дар ҳар кас ба таври гуногун эҳсос шавад, аммо одатан чунин тавсиф карда мешавад:
- хирашавии пеши чашм;
- гум кардани мувозинат;
- дилбеҳузурии сабук;
- эҳсоси аз даст додани назорати бадан.
Сабабҳои сарчархзанӣ ҳангоми ҳомиладорӣ?
Сабабҳои сарчархзанӣ дар занони ҳомиладор метавонанд зиёд бошанд, бинобар ин мо рӯйхат тартиб додем, то ки маълумотро ба осонӣ омӯхтан мумкин бошад.
Сабаби сарчархзанӣ дар давраи аввали ҳомиладорӣ: Вертиго – як намуди эҳсоси сарчархзанӣ мебошад. Дар ин давра сарчархзанӣ дар заминаи тағйироти гормоналии бадан ба амал меояд: дар бадани зан ҳаёти нав ба вуҷуд меояд, бинобар ин дар аввали ҳомиладорӣ нороҳатӣ ба монанди сарчархзанӣ мушоҳида шуданаш мумкин аст.
Сарчархзанӣ дар семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ: Сабаби асосӣ: зиёд шудани ҳаҷми хун дар бадан, афзоиши ҳомила, тез шудани тапиши дил, вазодилататсия. Ғайр аз ин, дар натиҷаи якбора паст шудани фишори хун сар чарх заданаш мумкин аст.
Сарчархзанӣ метавонад дар натиҷаи мигрен, бемории дил, камхунӣ, паст шудани сатҳи қанд дар хун, стресс ва бехобӣ ба вуҷуд ояд.
Сарчархзанӣ дар семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ: Сарчархзанӣ дар семоҳаи охири ҳомиладорӣ набояд дар ҳомиладории муқаррарӣ мушоҳида шавад, бинобар ин, агар дар ин давра сарчархзанӣ шуморо нороҳат кунад, фавран ба духтур муроҷиат кардан тавсия дода мешавад. Сабабҳо метавонанд гуногун бошанд, аммо ҳамаи онҳо метавонанд ба тифл ва модар зарар расонанд ё боиси таваллуди бармаҳал гарданд. Масалан, гуруснагӣ ва якбора паст шудани миқдори қанд ба ҳолати кӯдак дар шикам таъсир мерасонад. Инчунин, сабабҳои гум кардани мувозинат метавонанд паст будани сатҳи гемоглобин дар хун, норасоии оксиген, тағйирёбии фишори атмосферӣ, токсикоз, фишурдашавии рагҳои калон аз ҷониби ҳомила ва диабети қанди ҳомиладорӣ бошанд.
Сабабҳои умумии ба тамоми давраи ҳомиладорӣ тааллуқдошта
Дар давраи ҳомиладорӣ сарчархзанӣ метавонад дар дилхоҳ вақт ба вуҷуд ояд. Ин ҳолатҳо ба семоҳаи мушаххас вобаста нестанд.
Камхунӣ
Шумо метавонед ба камхунӣ гирифтор шавед, ки он бо кам шудани шумораи ҳуҷайраҳои сурхи хуни солим тавсиф карда мешавад. Ин ҳангоми норасоии оҳан ва кислотаи фолий дар бадан ба амал меояд.
Дар баробари сарчархзанӣ, камхунӣ метавонад боиси хастагӣ, паридани ранги пӯст ё нафастангӣ гардад.
Ҳангоми ҳомиладорӣ дар вақти дилхоҳ камхунӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Агар шикоятҳои дар боло номбаршуда шуморо ба ташвиш оранд, духтур метавонад барои чен кардани миқдори оҳан ва мушоҳидаи ҳолати он ҳангоми ҳомиладорӣ таҳлили хун гузаронад. Агар камхунӣ тасдиқ шавад, духтурон метавонанд иловаҳои оҳан ё кислотаи фолийро тавсия диҳанд.
Беобшавӣ
Беобшавӣ дар вақти дилхоҳи ҳомиладорӣ рӯй доданаш мумкин аст. Агар шумо аз дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ азият кашед, ин метавонад боиси беобшавии умумӣ гардад. Инчунин, дар вақти ҳомиладорӣ организм метавонад беоб шавад, зеро дар ин вақт бадани шумо ба оби бештар ниёз дорад.
Дар аввали ҳомиладорӣ ҳадди ақал 8-10 истакон об дар як рӯз нӯшидан лозим аст ва ин миқдор бояд дар семоҳаи дуюм ва сеюм зиёд карда шавад, зеро шумо дар давраҳои минбаъдаи ҳомиладорӣ ба парҳези худ калорияҳои иловагӣ дохил мекунед. Ин маънои онро дорад, ки шумо бояд истеъмоли обро низ зиёд кунед.
Эҳтиёҷи обро дар давраи ҳомиладорӣ аз рӯи истеъмоли ғизо ҳисоб кардан мумкин аст. Барои ҳар як калорияи истеъмолшуда одатан 1-1,5 мл об лозим аст (масалан, ба одаме, ки дар парҳези 2000 калориягӣ аст, ҳар рӯз 2000-3000 мл моеъ лозим аст). Ба занони ҳомила тавсия дода мешавад, ки аз семоҳаи дуюм сар карда, истеъмоли калорияро тақрибан 300 калория зиёд кунанд. Аз ин рӯ, аз семоҳаи дуюм сар карда, ба онҳо илова бар истеъмоли муқаррарии моеъ боз 300 мл моеъ лозим аст.[1]
Муҳим: Беобшавӣ ҳангоми ҳомиладорӣ
Идоракунии сарчархзанӣ ҳангоми ҳомиладорӣ
Якчанд роҳҳои пешгирӣ ё коҳиш додани сарчархзанӣ ҳангоми ҳомиладорӣ вуҷуд доранд:
- Аз дар як ҳолат дурудароз истодан худдорӣ намоед;
- Аз ҳолати рост истодан ба нишастан ё хобидан шитоб накунед;
- Дар семоҳаи дуюм ва сеюм аз ба пушт хобидан худдорӣ намоед;
- Барои пешгирӣ кардани паст шудани сатҳи қанд дар хун, принсипҳои ғизои солимро риоя кунед;
- Барои пешгирии беобшавӣ бештар об нӯшед;
- Либосҳоеро пӯшед, ки бароҳат бошанд ва ҳаракатро маҳдуд накунанд.
- Барои табобати бемориҳое, ки боиси чарх задани сар мегарданд, иловаҳо ва доруҳои аз ҷониби духтур тавсияшударо қабул кунед.
Агар ҳангоми ҳомиладорӣ сари шумо чарх занад, чӣ бояд кард?
Аввалан, шумо бояд оҳиста нишинед, об нӯшед ва чашмонатонро напӯшед. Ба ягон ашё бо диққат нигоҳ карда истодан хуб аст.
Агар вазъи умумии шумо беҳтар нашавад, пас шумо бояд фишори хунатонро чен кунед. Эҳтимол сабаби сарчархзанӣ паст шудани фишори хун бошад. Дар ин ҳолат шумо бояд тирезаҳоро кушоед ва дароз кашед.
Агар сабаби ин ҳолат пастшавии сатҳи қанд дар хун бошад, пас шумо бояд конфет ё ягон ширинӣ истеъмол кунед.
Агар чораҳои дар боло зикршуда кӯмак накунанд, фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед. Дар хотир доред, ки мушоҳида шудани сарчархзанӣ дар давраҳои охири ҳомиладорӣ метавонад ёрии фавриро талаб кунад!
Саломат бошед!