Доначаҳои гармӣ (дар баъзе мавридҳо арақдона низ номида мешавад) бемории пӯст буда, дар навзодон ва кӯдакони хурдсол асосан дар рӯзҳои гарм ба мушоҳида мерасад.
Доначаҳои гармӣ аз чӣ сабаб пайдо мешаванд?
Ин доначаҳо, ки арақдона ё милиария низ номида мешаванд, ҳангоми аз сабаби арақкунии аз ҳад зиёд баста шудани ғадудҳои арақ ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа дар пӯст доғҳои сурх ё обилачаҳо пайдо мешаванд. Ин беморӣ бештар дар тобистон, дар ҳавои гарму намнок авҷ мегирад. Либосҳои гарме, ки аз матоъҳои синтетикӣ дӯхта шудаанд, метавонанд боиси боз ҳам вазнинтар шудани беморӣ гарданд.
Намудҳои доначаҳои гармӣ
Доначаҳои гармӣ якчанд намуд доранд:
- Доначаҳои булӯрӣ (Miliaria crystallina) — сабуктарин намуди доначаҳои гармӣ мебошад. Он ба қабати болоии пӯст, ки эпидермис номида мешавад, таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат дар пӯсти кӯдаки навзод доначаҳои хурди сафед ва пуфакчамонандро мушоҳида кардан мумкин аст;
- Доначаҳои сурх (Miliaria rubra) — ин намуди доначаҳои гармӣ дар қабати берунии пӯст амиқтар ҷойгир мешавад. Miliaria rubra аксар вақт арақдона номида мешавад; пӯсти гирду атрофи доначаҳо сурх ва дарднок шуда, ба хориш сар мекунад;
- Доначаҳои амиқ (Miliaria profunda) — ба қабати амиқтарини пӯст (дерма) таъсир мерасонад. Дар байни тифлон ва кӯдакон хеле кам ба назар мерасад. Одатан дар сатҳи пӯсти дасту пой ва шиками калонсолон пайдо мешавад.
Мақолаи муфид: Сабабҳои дамиши шикам дар кӯдакон
Аломатҳои доначаҳои гармӣ
Доначаҳои гармӣ дар пӯст обилачаҳои хурди сурху гулобиро ба вуҷуд меоранд. Ин доначаҳо ба ҷӯшҳои майда монанданд. Азбаски доначаҳо хеле намоёнанд, баъзан волидонро ба ташвиш меоранд. Доначаҳои гармӣ ба таб ва дигар аломатҳои хатарнок оварда намерасонанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо аз сабаби хориши доначаҳо кӯдаки шумо метавонад ноором шавад.
Аломатҳои маъмултарини он инҳоянд:
- Дар шакли нуқтаҳои барҷастаи гулобӣ ё сурхтоб ва доначаҳо зоҳир мешавад;
- Дар навзодон бештар дар гардан, зери бағал, қатҳои оринҷ ва ҷойҳое, ки памперс баста мешавад, ба назар мерасад;
- Дар кӯдакони хурдсол ва калонтар доначаҳо одатан дар қисмати гардан, сина ва камар пайдо мешаванд;
- Доначаҳо хеле кам дар рӯй, кафи даст ё кафи по мушоҳида мешаванд;
- Баъзан доначаҳои гармӣ метавонанд хориш кунанд;
- Агар доначаҳо хорида шаванд, ба зиёд шудан майл доранд;
- Дар пӯсти навзодон доначаҳои гармӣ дар шакли ҳубобчаҳои майдаи обдор пайдо мешаванд.
Муҳим: Меъёри хоб ва манфиатҳои он дар кӯдакон
Табобати доначаҳои гармӣ
Доначаҳо одатан хатари ҷиддӣ надоранд ва дар тӯли чанд рӯз худ аз худ мегузаранд. Агар доначаҳо дар давоми 3 рӯз нагузаранд ё зиёд шаванд, фасод кунанд ё сурхӣ дар атрофашон паҳн шавад, инчунин агар кӯдак таб кунад, камтар шир макад ё сусту беҳол шавад, ба духтур муроҷиат кунед.
Бо ёрии усулҳои зерин метавон нороҳатии тифлро сабук карда, шифоёбии ӯро суръат бахшид:
- Ҳангоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои доначаҳои гармӣ кӯдакро ба ҷойи салқинтар гузаронед;
- Пӯсти кӯдакро салқин ва хушк нигоҳ доред;
- Ба ҷойи доначаҳо компресс гузоред (матои мулоимро чанд қабат карда, дар оби салқин тар кунед);
- Пӯсти кӯдакро бо оби салқин каме нам карда, сипас боэҳтиёт хушк намоед;
- Барои салқин нигоҳ доштани пӯст либосҳои зиёдатии тифлро кашед ва ҳавои хонаро низ салқин нигоҳ доред;
- Ба кӯдак бештар моеъ бинӯшонед; дар ин ҳолат ба навзодон мувофиқи талабот додани шири модар ва ба кӯдакони калонтар бештар об нӯшондан тавсия дода мешавад.
Муҳим: Кремҳои гуногуни зидди доначаҳоро бе дастури духтур истифода набаред. Азбаски доначаҳои гармӣ ба навъи доначаҳои аллергӣ дохил намешаванд, истифодаи кремҳои табобатӣ метавонад кумак накунад.
Пешгирии доначаҳои гармӣ
Барои коҳиш додани хатари пайдоиши доначаҳои гармӣ дар навзодон тавсияҳои зерин дода мешаванд:
- Навзодонро мувофиқи мавсим либос пӯшонед. Онҳоро ҳамеша, хусусан дар ҳавои гарм, бо матоъҳои ғафс печондан шарт нест;
- Либосҳои кушоди аз матои пахтагӣ дӯхташударо интихоб кунед, ки ба нафаскашии пӯст монеъ нашаванд;
- Навзодонро аз нурҳои мустақими офтоб дур нигоҳ доред;
- Дар ҳавои гарм кӯдаконро дар ҷои салқин нигоҳ доред. Агар ҳаво хеле гарм бошад, бо истифода аз кондитсионер хонаро салқин кунед;
- Кӯдаконро аз асбобҳои гармидиҳӣ ё дигар манбаъҳои гармӣ дур нигоҳ доред;
- Ҳолатҳои арақкунии аз ҳад зиёдро назорат кунед. Агар пӯсти кӯдак сурх шавад ё арақ кунад, ӯро ба ҷойи салқинтар гузаронед.
Замимаи мобилии мо «Lalu»-ро зеркашӣ кунед ва оид ба нигоҳубини дурусти тифлатон аз табибон маслиҳат гиред. Бо Lalu модари касбӣ шавед!