Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Модари солим – фарзанди солим

Сабзавоти фоиданок барои зани ҳомиладор

Дар бораи сабзавотҳои барои занони ҳомила фоиданок, тарзи бехатар истеъмол кардани онҳо ва сабзавотҳои хатарнок маълумот мегиред.

Рӯйхати маҳсулоте, ки истеъмолашон ба занони ҳомила тавсия дода намешавад, дар назари аввал беохир менамояд. Аз ҷумла, бо гӯшти дуддодашуда, баъзе маҳсулоти баҳрӣ ва ҳатто маҳсулоти дорои кофеин бояд як муддат хайрухуш кард. Он чизе, ки шумо истеъмол мекунед, ба рушду инкишофи фарзанди шумо таъсир мерасонад, бинобар ин эҳтиёткорӣ ва интихобан истеъмол кардан ҳеҷ гоҳ зарар надорад.

Истеъмоли дурусти сабзавот ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад кӯдакро бо витаминҳо ва минералҳои муҳиме таъмин кунад, ки ба рушди ӯ дар батни модар ва пас аз таваллуд низ мусоидат менамоянд. Аммо баъзе сабзавотҳо метавонанд ҳангоми ҳомиладорӣ хатарнок ҳам бошанд.

Дар бораи беҳтарин сабзавотҳо ҳангоми ҳомиладорӣ, инчунин кадом сабзавотҳоро набояд истеъмол кард, метавонед тавассути ин мақола маълумоти муфассал гиред.

Мақолаи муфид: Дар давраи ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест?

Фоидаи сабзавот дар давраи ҳомиладорӣ

Беҳтарин сабзавотҳо дар давраи ҳомиладорӣ метавонанд миқдори зиёди моддаҳои ғизоиро таъмин кунанд. Дар вақти мувофиқ ва ба миқдори кофӣ ғизо хӯрдан асоси ғизогирии дурустро ташкил медиҳад. Ғизои солим ба пешгирии норасоии моддаҳои ғизоӣ ва диабети қанди давраи ҳомиладорӣ кумак мекунад.
Фоидаҳои ғизои дуруст:

Баъзе моддаҳои муҳими ғизоӣ аз инҳо иборатанд:

Истеъмоли сабзавот дар давраи ҳомиладорӣ ва баъд аз он барои саломатии кӯдаки шумо аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Сабзавоти муфид барои занони ҳомиладор

Беҳтарин сабзавот барои истеъмол ҳангоми ҳомиладорӣ инҳоянд:

Ҳангоми муоинаи пизишкӣ шумо метавонед дар бораи дигар сабзавотҳои барои шумо ва тифли ояндаатон муфид низ пурсида, маълумот гиред.

Истеъмоли сабзавот ва кабудиҳо пас аз хуб шустани онҳо бехатар ҳисобида мешавад.
Ва зани ҳомила бояд ҳамеша ба ин диққат диҳад!

Сабзавотҳое, ки истеъмолашон дар давраи ҳомиладорӣ мумкин нест

Баъзе навъҳои сабзавот низ мавҷуданд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ набояд истеъмол карда шаванд. Ҳамаи ин гуна сабзавот метавонанд хатари сирояти бактерияҳои барои кӯдаки шумо зарароварро афзоиш диҳанд:

Чӣ қадар сабзавот истеъмол кардан лозим аст?

Эҳсоси гуруснагии бештар аз ҳарвақта табиист, зеро эҳтиёҷи шумо ба ғизо нисбатан зиёд аст. Аксаран дар давраи ҳомиладорӣ камтар ва тез-тез хӯрок хӯрдан тавсия карда мешавад. Шояд шумо бо ҳозимаи ғизо мушкилӣ дошта бошед. Кам ва тез-тез хӯрок хӯрдан эҳтимолияти ин мушкилотро кам мекунад.

Ба зани ҳомиладор тавсия дода мешавад, ки дар як рӯз 300 грамм (чор порсия) ё бештар аз он сабзавоти хом ё пухта истеъмол кунад.

Чӣ тавр сабзавотро ба барномаи ғизо дохил кардан мумкин аст?

Барои омода кардани сабзавот усулҳои ҷолибе мавҷуданд, ки шумо метавонед онҳоро санҷида бинед. Таф додани сабзавот бо гиёҳу адвиёти табиӣ, аз қабили кашниҷ ва райҳон, онҳоро боз ҳам болаззаттар мекунад. Сабзавоти хуб шусташударо бурида, реза карда ва пухта истеъмол кунед.

Агар сабзавотеро чандон дӯст надоред ва мехоҳед онро ба барномаи хӯроки худ ворид кунед, метавонед онро ҳамроҳ бо дигар сабзавотҳо бипазед.

Ин мақола аз ҷониби дастаи «Lalu» дар асоси маълумоти allaboutwomenmd.com ва www.webmd.com омода шудааст.

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Модари солим – фарзанди солим

Сабабҳои бемории мастит ва усулҳои табобати он

Мастит — бемориест, ки бо пайдоиши сироят дар бофтаҳои ғадуди шири як ё ҳарду сина ба амал меояд. Ин одатан дар занони ширдеҳ ба вуҷуд меояд.

Модари солим – фарзанди солим

Аломатҳое, ки занро пас аз таваллуд аз хатар огоҳ мекунанд

Пас аз таваллуд бадани шумо тағйироти зиёдеро аз сар мегузаронад ва барои барқарор кардани он вақт лозим аст. Дар давоми як ҳафтаи пас аз таваллуд эҳсос кардани баъзе нороҳатиҳо, аз қабили дард ва хастагии шадид маъмул аст. Аммо дар баъзе занон пас аз таваллуд оризаҳои мушкилоти ҷиддии саломатӣ пайдо мешаванд, ки барои ҳаёт хатарноканд. Агар шумо аз вазъи саломатии худ хавотир бошед ё дард ва нороҳатӣ дошта бошед, ба духтури худ муроҷиат кунед.

Хурдсолон ва бемориҳои хурд

Оё колика сабаби гиряи кӯдак аст?

Колика — ин бе ягон сабаб хеле дуру дароз гиря кардани кӯдаки солим аст. Он бештар дар 6 ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешавад. Одатан дар 3-4 моҳагӣ худ аз худ нест мешавад.