Дар баробари он, ки ҳомиладорӣ ҳаяҷоновар аст, муайян кардани он, ки кадоме аз тағйироти зиёди ин давра муқаррарӣ ва кадоме боиси нигаронӣ мебошад, на ҳамеша осон аст. Яке аз чунин тағйиротҳо ин ҷудошавии ихроҷ дар ҳомиладорӣ буда, дар давраи ҳомиладорӣ бо часпандагӣ ё ғафсӣ, басомад ва миқдори он фарқ карданаш мумкин аст.
Яке аз нишонаҳои аввалини ҳомиладорӣ зиёдшавии ихроҷи маҳбал мебошад, ки дар давраҳои минбаъдаи ҳомиладорӣ идома меёбад.
Ихроҷи оддии маъмулии маҳбал, ки лейкорея номида мешавад, шаффоф ё равшан ва бебӯй ё бӯи турш дорад. Тағйирот дар ихроҷи маҳбал баъди як-ду ҳафтаи бордоршавӣ ва ҳатто пеш аз ҳайзбинӣ сар шуданаш мумкин аст.
Дар ҳафтаҳои охири ҳомиладорӣ шумо инчунин метавонед пай баред, ки ихроҷи маҳбал массаи ғафси луобмонанд бо рахҳои хунинро дар бар мегирад, ки он "омодагӣ" номида мешавад. Ин аломати аввалини таваллуд ба ҳисоб меравад ва барои нигаронӣ асос намебошад.
Сабаби тағйирёбии хусусияти ихроҷ дар ҳомиладорӣ чист?
Ихроҷи маҳбал ба туфайли тағйирёбии сатҳи гормонҳо метавонад аз ҷиҳати миқдор, консентратсия ва баъзан ранг ва бӯй низ тағйир ёбад.
Дар давоми давраи ҳомиладорӣ тағйирот дар гарданаки бачадон ба ихроҷи маҳбал низ таъсир мерасонад. Баробари нарм шудани гарданаки бачадон ва девори маҳбал, бадан барои пешгирии сироятҳои беруна ҷудошавии ихроҷро зиёд мекунад. Дар охирҳои ҳомиладорӣ сари тифли шумо метавонад ба гарданаки бачадон фишор оварда, ба он таъсир расонад, ки ин ҳам аксар вақт боиси зиёд шудани ҷудошавии ихроҷ дар ҳомиладорӣ мегардад.
Тавсифи ихроҷ дар ҳомиладорӣ аз рӯи ранг
Тағйирёбии ранги ихроҷи маҳбал метавонад ба духтур дар бораи он ки дар бадани зани ҳомила чӣ рӯй медиҳад, маълумоти аввалиндараҷа пешниҳод намояд. Агар зани ҳомила давраи ҳомиладории худро тавассути барномаҳои боэътимод ба монанди «Lalu» пайгирӣ кунад ва дар бораи тавсифи мухтасари ихроҷҳо маълумот дошта бошад, ин имкон медиҳад, ки сари вақт ба ёрии тиббии соҳибихтисос муроҷиат намояд. Ин барои барвақт бартараф кардани омилҳое, ки ба саломатии ҳомила ва модар дар ҳолатҳои патологӣ хатар эҷод мекунанд, инчунин барои ба дунё овардани кӯдаки солим замина мегардад.
Ранги онҳо ҳамчун меъёри асосӣ дар муайян кардани меъёр ва патологияи ихроҷи маҳбал аҳамияти муҳим дорад.
1-4 ҳафта
Дар ҳафтаи аввал ҷудошавии хунин ба амал омаданаш мумкин аст, ки ин дар асл охири ҳайзи охирин мебошад. Ҳафтаи дуюм бо ҷудошавии моддаҳои сафеди каме гулобӣ тавсиф карда мешавад, ки аз оғози раванди овулятсия ва часпидани тухмҳуҷайраи бордоршуда ба девори бачадон шаҳодат медиҳад. Ҳангоми пайвастшавии тухмҳуҷайра ба бачадон дар давраи ҳомиладорӣ ранги моддаҳои ҷудошаванда на ҳама вақт хунин мешавад. Онҳо аксар вақт зардтоб ва қаймоқранг мебошанд. Дар охири моҳи якуми ҳомиладорӣ боз ҷудошавии хунин ё қаҳваранг пайдо шуданаш мумкин аст. Агар ҷудошавӣ муътадил бошад, пас барои нигаронӣ асос нест. Ин нишондиҳандаи тағйироти гормоналӣ дар бадан аст.
5-20 ҳафта
Ҳар гуна моддаҳои ҷудошавандаи гулобӣ, қаҳваранг ва сурх ғайримуқаррарӣ буда, метавонанд ба исқоти ҳамл ё ҷудошавии бармаҳали ҳамроҳак ишора кунанд. Дар ҳолати муқаррарӣ моддаҳои ҷудошаванда бояд шаффоф, дорои консистенсияи мулоим ва бебӯй ё камбӯй бошанд. Ранги зардтоб, луоб, доғҳои сабз, моддаҳои хеле часпанда (ки байни ангуштон каш меёбанд) ва бӯи нохуш метавонанд аз сироятҳои ҷинсии пинҳонӣ дарак диҳанд.
20-40 ҳафта
Танҳо ихроҷи шаффоф ва бебӯй меъёр ҳисобида мешавад. Ихроҷи луоби хунин аз маҳбал метавонад нишонаи осеб дидани гарданаки бачадон ё муждарасони аввалини таваллуд бошад. Луоби зардтоб, сабз, дорои бӯи турш ё нохуш ва пуфакчадор аломати инкишофи фаъоли сирояти узвҳои таносул мебошад.
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Дар бораи ҳар гуна ихроҷи ғайримуқаррарӣ ба духтуратон хабар додан хеле муҳим аст, зеро он метавонад нишонаи сирояти ҳомиладорӣ ё нишонаи аввалини мушкилоти гуногуни дигари вобаста ба ҳомиладорӣ бошад. Баъзе нишонаҳои ихроҷи ғайримуқаррарӣ:
- ихроҷоти зард, сабз ё хокистарранг;
- дорои бӯйи тез ва бад;
- бо сурхшавӣ, хориш ё варами атрофи маҳбал ҳамроҳ аст.
Ихроҷоти патологӣ метавонад нишонаи ягон сироят бошад. Дар давраи ҳомиладорӣ сироятҳои занбӯруғӣ зуд-зуд вомехӯранд. Агар шумо ҳангоми ҳомиладорӣ ба ин сироят гирифтор шавед, духтур метавонад чораҳои табобати маҷмӯиро бо ёрии кремҳои маҳбалӣ ё шамъчаҳо тавсия диҳад. Барои пешгирии сирояти занбӯруғӣ:
- либоси васеъ, ҳавогузар пӯшед;
- либоси таги пахтагинро истифода баред;
- пас аз душ, шиноварӣ ё машқҳои гуногун узвҳои ҷинсии худро хушк кунед ва боварӣ ҳосил кунед, ки онҳо хушк мебошанд;
- барои ба эътидол овардани микрофлораи маҳбал ба парҳези худ маҳсулоти ширӣ ба монанди йогурт ва ҷурғотро илова кунед.
Дар ҳомиладорӣ ихроҷи патологӣ дар натиҷаи бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда низ пайдо шуданаш мумкин аст. Дар ин давра тавсия дода мешавад, ки ҳамаи занони ҳомиладор барои БРҶГ муоина карда шаванд. Агар шумо фикр кунед, ки шумо гирифтори БРҶГ ҳастед, муҳим аст, ки ҳарчи зудтар ба духтур хабар диҳед, то хатари сирояти БРҶГ ба навзод коҳиш дода шавад.
Ихроҷи ғайримуқаррарӣ инчунин метавонад дар бораи мушкилоти гуногуни ҳомиладорӣ шаҳодат диҳад. Агар дар зани ҳомиладор 20-35 мл ихроҷи сурхи дурахшон пайдо шавад, фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Ин метавонад нишонаи ҷойгиршавии пасти ҳамроҳак ё пеш аз муҳлат ҷудо шудани ҳамроҳак бошад.
Дар ҳомиладорӣ ба хусусияти ихроҷ ва кай сар шудани тағйиротҳо дар он эътибор диҳед. Ин метавонад ба шумо дар назорати саломатии худ ва ҳомила, пешгирии ҳама гуна ҳолати ҷиддии патологӣ, ташхиси дурусти табиб дар ҳолатҳои патологӣ ва таҳияи нақшаи табобат кумак расонад.