Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Дар давраи ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест? Маҳсулоти аз ҳама зарарнок барои шумо

Яке аз саволҳои аввалине, ки занон пас аз ҳомиладор шудан пайдо мекунанд, ин аст: «Дар ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест? Кадом маҳсулот ба ҳомила зарар мерасонад?». Ба ин саволҳо ҷавоб ёфта, онҳо бояд рӯйхати маҳсулотеро, ки истеъмол кардан мумкин ва мумкин нест, дониста гиранд.

Яке аз саволҳои аввалине, ки дар занон пас аз ҳомиладор шудан пайдо мешавад, ин аст: «Дар вақти ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест? Кадом маҳсулот ба ҳомила зарар мерасонад?» Бо ёфтани ҷавоб ба ин саволҳо, онҳо бояд рӯйхати маҳсулотеро, ки хӯрдан мумкин ва номумкин аст, дониста гиранд.

Хушбахтона, маҳсулоте, ки хӯрдани онҳо ба шумо мумкин аст, нисбат ба чизҳое, ки истеъмолашон манъ шудааст, бештаранд. Дар вақти ҳомиладорӣ барои нигоҳ доштани саломатии худ ва ҳомилаи инкишофёбанда ба таомномаи худ бояд диққати ҷиддӣ диҳед. Дар ин кори душвор ба шумо барномаи мобилии «Lalu» бо тавсияҳои ҳафтаинаи худ ёрӣ расонида метавонад.

Баъзе хӯрокҳоро камтар истеъмол кардан лозим аст, аз дигарҳояш бошад, тамоман даст кашидан лозим меояд. Дар зер мо дар бораи 11 намуди хӯрок ва нӯшокиҳо маълумот медиҳем, ки ҳангоми ҳомиладорӣ бояд аз онҳо худдорӣ намуд ё истеъмолашонро кам кард.

Гӯшти нимпухта, хом ва коркардшуда

Баъзе мушкилоте, ки бо моҳии хом алоқаманданд, ба гӯшти нопухта низ дахл доранд. Истеъмоли гӯшти нопухта ё хом хатари сироятёбӣ ба як қатор бактерияҳо ё паразитҳо, аз қабили токсоплазма, E. coli, листерия ва салмонелларо зиёд мекунад.

Бактерияҳо метавонанд ба саломатии кӯдак таҳдиди ҷиддӣ эҷод кунанд: онҳо метавонанд боиси бемориҳои шадиди асаб, аз ҷумла маъюбии зеҳнӣ, нобиноӣ ва саръ шаванд.

Дар ҳоле ки аксари бактерияҳо дар сатҳи порчаҳои гӯшт ҷойгиранд, бактерияҳои дигар метавонанд дар дохили нахҳои мушакҳо зиндагӣ кунанд.

Истеъмоли қисмҳои хурди гӯшти барра ва гӯсола ё қисмҳои пурраи гӯшт, ба монанди қабурғаҳо дар ҳолати то охир пухтанашуда, метавонад бехатар бошад. Аммо, ин танҳо дар сурате мумкин аст, ки порчаи гӯшт аз берун пурра пухта шуда бошад.

Пирогҳои гӯштӣ, бургерҳо, қима ва гӯшти паррандаро ҳеҷ гоҳ набояд хом ё пухтанашуда истеъмол кард. Бинобар ин, бургерҳоро то хуб пухтан дар болои панҷара нигоҳ доред.

Ҳот-догҳо, маҳсулоти ҳасибӣ, гӯшти нимтайёри яхкардашуда низ ҳангоми коркард ё нигоҳдорӣ метавонанд бо бактерияҳои гуногун олуда шаванд.

Тухми хом

Тухми хом метавонад бо бактерияи салмонелла зараровар бошад.

Аломатҳои сирояти салмонелла аз таб, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, спазми меъда ва дарунравӣ иборатанд. Дар ҳолатҳои нодир сироят метавонад спазми бачадонро ба вуҷуд орад, ки боиси таваллуди бармаҳал ё таваллуди мурда мегардад.

Барои бехатарӣ ҳамеша тухмро хуб пазед ё аз тухмҳои пастеризатсияшуда истифода баред. Аз истеъмоли маҳсулоте, ба монанди тухме, ки зардиаш хуб пухта нашудааст ва майонези хонагӣ комилан худдорӣ намоед.

Узвҳои ҳайвонот

Гӯшти узвҳои ҳайвонот манбаи аҷоиби моддаҳои гуногуни ғизоӣ ба ҳисоб меравад.

Ба онҳо оҳан, витамини В12, витамини А, руҳ, селен ва мис дохил мешаванд — ҳамаи ин барои шумо ва кӯдак муфид аст.

Аммо ҳангоми ҳомиладорӣ истеъмоли аз ҳад зиёди витамини А-и пайдоишаш ҳайвонот тавсия дода намешавад.

Истеъмоли аз ҳад зиёди витамини А тавассути хӯрдани узвҳои ҳайвонот, хусусан дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ, метавонад боиси нуқсонҳои модарзодӣ ва исқоти ҳамл гардад.

Моҳиҳои дорои симоби зиёд

Симоб элементи хеле заҳрнок ба ҳисоб меравад. Сатҳи бехатари манбаи таъсиркунанда маълум нест ва он бештар дар оби ифлосшуда вомехӯрад.

Симоб метавонад барои системаи асаб, масуният ва гурдаҳо заҳрнок бошад. Илова бар ин, он метавонад дар кӯдакон боиси мушкилоти ҷиддии рушд гардад, ҳатто миқдори ками он низ метавонад таъсири манфӣ расонад.

Азбаски он дар баҳрҳои ифлос зиёд вомехӯрад, дар бадани моҳиҳои калони баҳрӣ миқдори зиёди симоб ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ аз истеъмоли моҳиҳои дорои миқдори зиёди симоб бояд худдорӣ кард.

Ба намудҳои моҳие, ки дар баданашон миқдори зиёди симоб доранд ва шумо бояд онҳоро умуман аз истеъмол хориҷ кунед, инҳо дохил мешаванд:

Муҳимаш он аст, ки дар кишвари мо ин гуна намудҳои моҳӣ вуҷуд надоранд. Аммо дар таомхонаҳои гуногун ин намудҳои моҳӣ пешниҳод карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки на ҳамаи моҳиҳо зарароваранд.

Тибқи таъкиди созмони FDA, ҳангоми ҳомиладорӣ истеъмоли моҳиҳои симобашон кам муфид аст ва ин гуна моҳиҳоро дар як ҳафта то се маротиба истеъмол кардан мумкин аст.

Моҳиҳои симобашон кам хеле зиёданд ва дар поён баъзеи онҳоро номбар мекунем:

Алалхусус, моҳиҳои равғанин, ба монанди лосос, барои истеъмол интихоби хуб мебошанд, зеро дар таркиби онҳо кислотаҳои равғании омега-3, ки барои кӯдаки шумо муҳиманд, зиёданд.

Моҳии нимпухта ё хом

Ин барои мухлисони суши душвор хоҳад буд, аммо ин хеле муҳим аст. Моҳии хом, махсусан харчангшаклҳо метавонанд якчанд сироятҳоро ба вуҷуд оранд. Онҳо метавонанд боиси сироятҳои вирусӣ, бактериявӣ ё паразитӣ, аз қабили норовирус, вибрион, салмонелла ва листерия гарданд.

Дар натиҷаи таъсири ин сироятҳо дар организми модар беобшавӣ ва беқувватӣ ба вуҷуд меояд. Баъзе сироятҳо бошанд, ба инкишофи кӯдак таъсири манфӣ расонида, ҳатто метавонанд ба ҳолатҳои марговар оварда расонанд.

Занони ҳомила, махсусан, ба сирояти листерия моил ба ҳисоб мераванд. Дарвоқеъ, мувофиқи маълумоти маркази CDC, эҳтимолияти гирифторшавии занони ҳомила ба листерия нисбат ба қисми дигари аҳолӣ 10 маротиба зиёдтар аст.

Ин бактерияҳо метавонанд дар хок, оби ифлос ва растаниҳо мавҷуд бошанд. Ҳангоми коркарди моҳии хом, аз ҷумла ҳангоми дудкунӣ ё хушккунӣ низ ин бактерияҳо метавонанд гузаранд.

Бактерияҳои листерия ба воситаи ҳамроҳак ба ҳомила низ гузашта метавонанд. Ин метавонад ба таваллуди пеш аз муҳлат, исқоти ҳамл, фавти ҳомила ва дигар мушкилоти ҷиддӣ оварда расонад.

Албатта, тавсия дода мешавад, ки аз истеъмоли хӯрокҳои суши, аз ҷумла моҳии хом ва харчангҳо худдорӣ намоед. Агар шумо мухлиси ин маҳсулот бошед, хавотир нашавед, пас аз таваллуди кӯдак бо духтури оилавии худ машварат карда, метавонед ин маҳсулотро истеъмол кунед.

Кофеин

Шумо метавонед яке аз миллионҳо одамоне бошед, ки қаҳва, чой, нӯшокиҳои беалкогол ё какаоро дӯст медоранд. Вақте ки сухан дар бораи муҳаббат ба кофеин меравад, албатта шумо танҳо нестед. Бо вуҷуди ин, ҳангоми ҳомиладорӣ истеъмоли онҳоро кам кардан мувофиқи мақсад аст.

Тибқи маълумоти Коллеҷи амрикоии акушерҳо ва гинекологҳо, одатан ба занони ҳомиладор тавсия дода мешавад, ки дар як рӯз камтар аз 200 миллиграмм (мг) кофеин истеъмол кунанд.

Кофеин хеле зуд ҷаббида мешавад ва ба пласента (ҳамроҳак) ба осонӣ мегузарад. Аз сабаби набудани ферменти асосӣ, ки барои мубодилаи кофеин дар кӯдакон ва пласентаи онҳо зарур аст, метавонад сатҳи баланди пайвастагиҳо ба вуҷуд ояд.

Исбот шудааст, ки истеъмоли зиёди кофеин дар давраи ҳомиладорӣ афзоиши ҳомиларо маҳдуд мекунад ва хатари таваллуд бо вазни камро зиёд мекунад.

Агар вазни кӯдак ҳангоми таваллуд камтар аз 2,5 кг бошад, ин боиси афзоиши хатарҳо, аз қабили фавти кӯдак ё пайдоиши бемориҳои музмин дар синни калонсолӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, барои он ки миқдори кофеин дар кӯдак зиёд нашавад, шумо бояд истеъмоли ҳаррӯзаи қаҳва ва нӯшокиҳои газнокро то ҳадди имкон кам кунед.

Навдаҳои хом

Ҳатто салате, ки шумо барои саломатӣ фоидаовар ҳисобида интихоб кардаед, метавонад аз ҷузъҳои зараровар холӣ набошад. Растаниҳои хом, аз ҷумла кабудиҳо, испанох, шалғамча ва маҳсулоте аз қабили мош ё лӯбиё метавонанд бо салмонелла олуда шуда бошанд.

Муҳити намноке, ки барои неш задани тухмиҳо зарур аст, барои ин намуди бактерияҳо айни муддаост ва дар ин марҳила нест кардани онҳо қариб ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, ба шумо тавсия дода мешавад, ки аз чунин маҳсулот комилан даст кашед. Истеъмоли ин гуна маҳсулоти кабудӣ дар хӯрок танҳо пас аз дар равған хуб пухтан бехатар аст.

Маҳсулоти ношуста

Сатҳи меваву сабзавоти ношуста ё тозанашуда метавонад бо якчанд намуди бактерия ва паразитҳо ифлос шуда бошад.

Ба онҳо токсоплазма, E. coli, салмонелла ва листерия дохил мешаванд, ки метавонанд аз хок ё ҳангоми коркард гузаранд.

Сирояти бактериявӣ метавонад дар ҳама гуна вақт рух диҳад: ҳангоми истеҳсолот, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё савдои чакана. Яке аз паразитҳои хавфноке, ки дар мева ва сабзавот монда метавонад, токсоплазма номида мешавад.

Дар аксари одамоне, ки бо токсоплазма сироят ёфтаанд, ягон аломат ба мушоҳида намерасад, аммо баъзеҳо метавонанд як моҳ ё бештар аз он ҳис кунанд, ки ба зуком гирифтор шудаанд.

Аксари навзодоне, ки бо бактерияҳои токсоплазма сироят ёфтаанд, дар вақти таваллуд ягон аломат надоранд. Бо вуҷуди ин, нишонаҳое ба монанди нобиноӣ ё маъюбии зеҳнӣ метавонанд баъдтар дар ҳаёти кӯдак пайдо шаванд.

Ҳангоми ҳомиладорӣ, бо об бодиққат шустани мева ва сабзавот, тоза кардан ё буғ додан барои кам кардани хатари сироятёбӣ хеле муҳим аст. Пас аз таваллуди кӯдак низ инро бояд ба одат табдил диҳед.

Шир, панир ва шарбати мевагии пастеризатсиянашуда

Шири хом, панирҳои пастеризатсиянашуда ва мулоим дорои бактерияҳои зарарнок, аз қабили листерия, салмонелла, E. coli ва Campylobacter мебошанд.

Айнан ҳамин чиз ба шарбати ҷӯшонданашуда дахл дорад, ки он низ ба ифлосшавии бактериалӣ хеле моил аст. Ҳамаи ин сироятҳо метавонанд барои ҳаёти кӯдаки таваллуднашуда оқибатҳои хатарнок дошта бошанд.

Бактерияҳо метавонанд ба таври табиӣ пайдо шаванд ё аз ифлосшавӣ ҳангоми ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ ба вуҷуд оянд. Пастеризатсия усули аз ҳама самараноки нест кардани бактерияҳои зараровар бидуни тағйир додани арзиши ғизоии маҳсулот ба шумор меравад.

Барои кам кардани хатари сироят, танҳо шири пастеризатсияшуда, панир ва шарбати меваро истеъмол кунед.

Нӯшокиҳои спиртӣ

Ҳангоми ҳомиладорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ комилан худдорӣ кардан лозим аст, зеро ин хатари исқоти ҳамл ва таваллуди мурдаро зиёд мекунад. Ҳатто миқдори ками он метавонад ба рушди майнаи кӯдаки шумо таъсири манфӣ расонад.

Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад боиси пайдоиши синдроми алкоголии ҷанин гардад, ки боиси деформатсияҳои рӯй, нуқсонҳои дил ва инкишофи маъюбии зеҳнӣ мегардад.

Хӯрокҳои зараровари коркардшуда

Барои ба шумо ва кӯдаки рушдёбандаатон фоида расондан, бояд ғизоҳои аз витаминҳо ва минералҳо бойро истеъмол кунед.

Воқеан, ин гуфтаҳо, ки зан ҳангоми ҳомиладорӣ "бояд барои ду нафар хӯрок хӯрад" як афсона аст. Шумо метавонед дар семоҳаи аввал ба таври муқаррарӣ хӯрок хӯред ва сипас дар семоҳаи дуюм калорияҳоро дар як рӯз ба андозаи 350 ва дар семоҳаи сеюм тақрибан ба андозаи 450 калория зиёд намуда, мутаносибан ғизо гиред.

Нақшаи оптималии ғизогирӣ ҳангоми ҳомиладорӣ бояд асосан аз маҳсулоти ғизоии комил иборат бошад, ки ниёзҳои шумо ва кӯдакро қонеъ гардонад. Хӯрокҳои коркардшуда одатан минералҳо ва витаминҳоро пурра дар бар намегиранд. Инчунин, баъзан онҳо аз равған ва шакар бой мебошанд, ки метавонанд ба шумо таъсири манфӣ расонида, ба гирифтани вазни зиёдатӣ оварда расонанд.

Афзоиши вазни зиёдатӣ ҳангоми ҳомиладорӣ боиси оризаҳо ва бемориҳои зиёд мегардад. Ба инҳо афзоиши хатари диабети қанди ҳомиладорӣ, инчунин баъзе оризаҳои ҳомиладорӣ ё таваллуд дохил мешаванд.

Маҳсулоти аз сафеда бой ва газакҳои сабук бояд дар таомномаи шумо бештар ҷой гиранд. Сабзавот, меваҳо ва маҳсулоти лӯбиёгӣ (мош, нахӯд, лӯбиё) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Албатта, пеш аз истеъмол онҳоро хуб тоза кардан лозим аст.

Хулоса карда гӯем, назорати саломатӣ дар давраи ҳомиладорӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки аз хӯроку нӯшокиҳое, ки ба шумо ва кӯдаки шумо хатар эҷод мекунанд, худдорӣ намоед.

Гарчанде ки аксари ғизо ва нӯшокиҳо барои истеъмол комилан бехатар бошанд ҳам, аз баъзеи онҳо, ба монанди моҳии хом, маҳсулоти ширии пастеризатсиянашуда, машрубот ва моҳии дорои сатҳи баланди симоб, бояд худдорӣ кард.

Илова бар ин, баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои дорои миқдори зиёди қаҳва ва шакар бояд барои нигоҳ доштани ҳомиладории солим маҳдуд карда шаванд.

Фикр мекунем, ки тавассути ин мақола шумо ба саволи "Ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест?" ҷавоб ёфтед.

Муфид: Дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ – сабабҳо ва усулҳои рафъи он

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Оё баландшавии фишори хун дар ҳомиладорӣ хатарнок аст?

Дар ҳама гуна давраи ҳомиладорӣ фишори баланди хун ё гипертензия ба вуҷуд омада метавонад. Дар ҳомиладорӣ баландшавии фишори хун ба зан бештар таъсир мерасонад. Агар он табобат карда нашавад, беморӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ бо саломатии худи зан ва фарзанди ояндааш гардад.

Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Холестази ҳомиладорӣ дар ҳомила ё зани ҳомиладор чӣ гуна оризаҳо доданаш мумкин аст?

Холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ, ки маъмулан холестази ҳомиладорӣ номида мешавад, бемории ҷигарест, ки дар давраҳои охири ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд.

Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Оё қабзият дар давраи ҳомиладорӣ зарар дорад?

Сабаби қабзият ба он вобаста аст, ки он дар кадом марҳилаи ҳомиладорӣ рух медиҳад. Ба ин сабабҳои эҳтимолии зерин дохил мешаванд: