Токсикоз дар давраи ҳомиладорӣ аломати маъмулии ҳомиладорӣ буда, бо дилбеҳузурӣ ва қайкунии даврӣ зоҳир мегардад. Токсикоз одатан бо дилбеҳузурии пагоҳирӯзӣ ташвиш медиҳад, дар баробари ин, метавонад дар вақти дилхоҳи рӯз бо ҳамин аломатҳо ба зани ҳомила нороҳатиҳои гуногун эҷод кунад.
Токсикоз одатан дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд ва ҳамчун яке аз аломатҳои аввалини ҳомиладорӣ арзёбӣ мегардад. Тақрибан 70-80 фоизи занони ҳомила дар семоҳаи аввал нороҳатиҳоеро, аз қабили дилбеҳузурӣ ё қайкунӣ эҳсос мекунанд.
Токсикоз дар ҳомиладорӣ кай оғоз меёбад?
Дилбеҳузурӣ ва қайкунии ҳомиладорӣ одатан пеш аз ҳафтаи 9-уми ҳомиладорӣ оғоз меёбад. Ва дар аксари занон ин дар ҳафтаи 14-уми ҳомиладорӣ аз байн меравад. Дар баъзе занҳо бошад, токсикоз якчанд ҳафта ё моҳ давом мекунад. Дар баъзе занҳои дигар ин дар давоми тамоми давраи ҳомиладорӣ нороҳат мекунад.
Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳангоми ҳомиладорӣ одатан ба ҳомила зарар намерасонад, аммо метавонад ба ҳаёти шумо, аз ҷумла ба қобилияти корӣ ё фаъолияти муқаррарии ҳаррӯзаи шумо таъсири манфӣ расонад. Усулҳои бехатари табобати токсикоз мавҷуданд, ки барои хуб ҳис кардани худ ва бадтар нашудани нишонаҳо кӯмак мерасонанд. Дар ин мақола мо дар бораи усулҳои табобат ё сабук кардани токсикози ҳомиладорӣ дар шароити хона сухан меронем.
Бештар истироҳат кунед
Аксар вақт дар семоҳаи аввал модари оянда худро заиф, хоболуд ҳис мекунад, мехоҳад истироҳат кунад ва баъзан ӯ танҳо барои ҳаракат кардан қувва намеёбад. Ин, албатта, токсикоз нест, аммо агар чунин эҳсосот пайдо шаванд, ба онҳо гузашт кардан лозим аст, то ки тасодуфан хуруҷи навбатии дилбеҳузурӣ ба вуҷуд наояд. Бештар истироҳат кунед ва ҳаракатҳои тезу ногаҳонӣ накунед.
Дар хонаи ҳавододашуда хоб кунед: ҳавои хобгоҳ бояд тоза ва салқин бошад. Ҳамеша сари вақт хоб кунед, то нисфи шаб дар назди телевизор ё компютер нанишинед, ҳамаи омилҳои нороҳаткунандаро аз байн баред: матраси ноқулай, кӯрпа, болишт, бистари сахт, зеро норасоии хоб низ метавонад боиси дилбеҳузурии пагоҳирӯзӣ гардад.
Барои пешгирии хуруҷи токсикоз ҳангоми ҳомилагӣ дуруст ғизо гиред
Дар як рӯз 5-6 маротиба, ҳатто аз ин ҳам бештар ва ҳамеша кам-кам хӯрок хӯред. Ин метавонад барои сабук кардани токсикоз хизмат кунад.
Вақте ки саҳар бедор мешавед, фавран аз бистар нахезед. Яке аз усулҳои самараноки мубориза бар зидди токсикоз дар бистар нонушта кардан аст. Бегоҳӣ ҷурғот ё ягон маҳсулотеро, ки субҳ хӯрданро дӯст медоред, дар паҳлӯи бистаратон гузоред. Субҳ бошад, пеш аз хестан чизе хӯред ва баъд каме дароз кашед. Бо ин роҳ шумо метавонед ба он ноил шавед, ки токсикози пагоҳирӯзӣ умуман шуморо нороҳат накунад ё хеле сабук гузарад.
Одатан, ҳангоми токсикоз хӯрдани ғизои равғандор, дуддодашуда, шӯр ва нӯшидани оби газнок тавсия дода намешавад (маҷмӯи маъмулии хӯроквории хатарнок). Бо вуҷуди ин, эҳтимол дорад, ки баъзе маҳсулоти на он қадар солим дар давраи ҳомиладорӣ ба шумо писанд оянд ва баъзе хӯрокҳои солим, баръакс, боиси дилбеҳузурӣ гарданд. "Инҷиқиҳои занони ҳомила" — хоҳиши шабона хӯрдани торт бо моҳӣ ё бодиринг — ин дархостҳои бадан дар бораи эҳтиёҷ ба ин ё он ҷузъи ғизо мебошанд. Ҳамин ки шумо аз барномаи "Lalu" баромадед, боз онро пазмон мешавед, ин низ яке аз "инҷиқиҳои ҳомиладорӣ" аст. 😊
Масалан, хоҳиши хоидани бӯр аломати норасоии калсий мебошад.
Агар шумо ягон маҳсулотро хӯрдан ё нӯшидан нахоҳед, ҳатто агар ин маҳсулот хеле фоиданок ва зарур бошад ҳам, онро истеъмол накунед.
Зуд-зуд моеъ нӯшед
Токсикоз метавонад танҳо бо дилбеҳузурӣ маҳдуд нашавад, баъзан ба он қайкунӣ низ ҳамроҳ шуданаш мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки бадан моеъро гум мекунад. Аз ин рӯ, дар байни хӯрокхӯрӣ зуд-зуд об нӯшед: як-ду қулт оби минералии бегаз ё чой бо лимӯ барои бартараф кардани дилбеҳузурӣ ва пур кардани моеъи гумшуда кӯмак мерасонад. Аммо шумо бояд моеъро бо қултҳои хурд нӯшед. Илова бар ин, шумо бояд муддате аз шӯрбоҳо даст кашед, зеро нӯшидани миқдори зиёди моеъ ва хӯроки обакӣ, баръакс, метавонад боиси дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ шавад.
Аз ҳавои тоза нафас гиред
Гаштугузор дар ҳавои тоза барои ҳама муфид аст, ин махсусан барои занони ҳомила, ки бо токсикоз мубориза мебаранд, дучанд муфид аст. Якум, ҳангоми роҳ гаштан хуни модари ҳомила ва тифл аз оксиген сер мешавад, ки ин барои саломатӣ хеле муҳим аст, дуюм, роҳ гаштан системаи асабро ором мекунад.
Ин омилҳо дар якҷоягӣ ба кам кардани аломатҳои нохуши токсикоз мусоидат мекунанд. Шумо бояд ҳадди аққал ду соат дар як рӯз пиёда гардед, сайругашт на танҳо дар кӯча, балки дар ҷойҳои ҳавояш тоза: дар ҷангал, боғ, майдонҳои кушод ва муҳимтар аз ҳама, берун аз шаҳр хеле самаранок хоҳад буд. Пеш аз ба кӯча баромадан, дар бораи хатсайр фикр кунед: то ҳадди имкон аз шоҳроҳҳои аз газ олудашуда, қаҳвахонаҳои кӯчагӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дигар ҷойҳои "хушбӯй" дур шавед.
Аз бӯйҳои хуш канорагирӣ кунед
Дар триместри якум муносибати зани ҳомиладор ба таъм ва бӯй тағйир меёбад. Акнун атрҳои дӯстдоштаи шумо низ метавонанд боиси дилбеҳузурӣ, дарди сар ва аксуламали аллергӣ шаванд. Бинобар ин, муваққатан аз ҳама воситаҳои хушбӯи косметикӣ, ки шуморо нороҳат мекунанд, даст кашед: атр, дезодорантҳо, кремҳо ва ғайра. Шумо инчунин метавонед ба ҳамсаратон фаҳмонед, ки аз истифодаи атрҳои бӯйноке, ки шуморо нороҳат мекунанд, даст кашад, ин, албатта, инҷиқӣ нест, балки чораи муваққатӣ аст ва ба зудӣ ҳама чиз ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Хавотир нашавед, ки бе воситаҳои ороишӣ чӣ кор мекунам. Ҳам мағозаҳои косметикӣ ва ҳам дорухонаҳо пур аз кремҳо ва шампунҳои гуногуни бебӯй ё камбӯй мебошанд.
Дар болои худ кор кунед
Ба ақидаи равоншиносон, сабаби токсикоз на танҳо тағйироти гормоналӣ, балки ҳолати равонии зан низ мебошад. Чӣ қадаре, ки зан зери изтироб ва тарс қарор дошта бошад, токсикоз метавонад ҳамон қадар шадид ва пурзӯр шавад. Дар ҳолати идеалӣ, беҳтар аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ худро аз ҳама гуна стресс эмин нигоҳ доред.
Албатта, аз асабоният ё изтироб канорагирӣ кардан на ҳамеша имконпазир аст, аммо ҳар як зан имкон дорад, ки камтар телевизор тамошо кунад, хабарҳои манфӣ ва «ҳикояҳои даҳшатнок»-и ҳомиладориро дар интернет нахонад ва аз мушкилоти рӯзмарраи маишӣ дурӣ ҷӯяд.
Аз ин рӯ, агар дар давраи ҳомиладорӣ токсикоз шуморо ба ташвиш орад, барои худ олами бароҳат эҷод кунед. Дар эҷоди чунин олами бароҳат ба шумо «Lalu» метавонад кӯмак расонад.
Агар шумо бо худ мубориза бурда натавонед, ба равоншиносон муроҷиат кунед. Токсикоз дар ҳақиқат бо ёрии психотерапия хуб табобат карда мешавад. Муҳим он аст, ки модари оянда бояд аз ташвишҳои худ, аз ҷумла токсикоз халос шуданро хоҳад.