Дар бисёре аз занони ҳомила бо оғози ҳомиладорӣ, яъне дар давоми триместри аввал хунравӣ ва доғҳои хунолуд мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин, на ҳама гуна хунравӣ ё пайдоиши доғҳо дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ хатарнок мебошанд, аммо арзёбии тиббии он хеле муҳим аст. Табибон метавонанд сабабҳои хунравиро дар семоҳаи аввал дар натиҷаи таҳлилу ташхисҳои гуногун муайян кунанд. Онҳо баъди муайян кардани сабаби хунравӣ ҳангоми ҳомиладорӣ, роҳҳои табобат ва идораи онро таҳия менамоянд.
Сабабҳои хунравӣ дар давраи ҳомиладорӣ
Қариб 15-25%-и занони ҳомила дар семоҳаи аввал хунравиро аз сар мегузаронанд.
Сабабҳои хунравӣ дар семоҳаи аввал:
- Хунравӣ аз имплантатсия;
- Хунравии субхорионӣ;
- Аз даст додани бармаҳали ҳомила;
- Сироятҳо ва илтиҳоб;
- Ҳомиладории берун аз бачадон.
Барои маълумоти бештар дар бораи сабабҳои хунравӣ дар семоҳаи аввал, матлаби зеринро бихонед:
Хунравӣ аз имплантатсия
Пас аз 1-2 ҳафтаи дар эндометрия ҷойгир шудани тухмҳуҷайраи бордоршуда хунравии сабук метавонад рух диҳад. Ин як аломати маъмул буда, ҳамчун хунравӣ аз имплантатсия маълум аст ва боиси нигаронӣ намебошад.
Хунравии субхорионӣ
Хунравии субхорионӣ ҳангоме рух медиҳад, ки дар байни хорион ва девори бачадон хунравӣ ба амал ояд. Хорион ин пардаест, ки дар девори бачадон ҷойгир буда, ҷанинро иҳота мекунад. Хорион дар ниҳоят пласентаро ҳосил мекунад.
Ташхиси хунравии субхорионӣ дар давраи ҳомиладорӣ одатан ҳангоми муоинаи ултрасадоӣ ошкор мегардад. Ин ҳолат метавонад ҳатто ба ҳомиладории беориза низ таъсир расонад. Дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ хунравии субхорионӣ метавонад хатари таваллуди бармаҳал ва исқоти худбахуди ҳамлро зиёд кунад.
Аз даст додани бармаҳали ҳомила
Табибон талафоти бармаҳали ҳомиладориро «ҳомиладории ғайриқобили зист» меноманд. Мардум ин ҳолатро исқоти ҳамли худбахуд ё бачапартоӣ мегӯянд.
Барои талафоти бармаҳали ҳомиладорӣ якчанд сабаб вуҷуд дорад. Сабаби аз ҳама маъмул (тақрибан нисфи ҳолатҳо) — аномалияҳои хромосомии ҳомила мебошад. Дигар сабабҳо ва ҳолатҳо инҳоянд:
- Ҳомиладории берун аз бачадон;
- Бемории трофобластикии ҳомиладорӣ;
- Ҳомиладории анембрионӣ;
- Исқоти ҳамли нопурра;
- Сироятҳо ва ғайра.
Аломатҳои хунравӣ дар давраи ҳомиладорӣ
Ҳангоми хунравии имплантатсионӣ хунравии сабук ё хунравӣ бидуни дигар аломатҳо ба амал меояд. Баъзан занони ҳомиладор хунравии имплантатсиониро иштибоҳан вайроншавии давраи ҳайз гумон мекунанд, зеро ин ҳолат метавонад дар муҳлати пешбинишудаи ҳайзбинӣ ё дар атрофи он рух диҳад.
Ҳангоми талафи бармаҳали ҳомила бо хунравӣ дар занон метавонанд аломатҳои дигар низ пайдо шаванд, масалан, дарди кашишхӯрии бачадон. Боз як аломати камшумори талафи бармаҳали ҳомила аз байн рафтани дилбеҳузурӣ барин нишонаи умумии ҳомиладорӣ мебошад.
Агар сабаби хунравӣ аз маҳбал дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ сироят бошад, дар ин ҳолат дар занон метавонад таб, душворӣ ё дард ҳангоми пешоб кардан, ва эҳсоси дард дар маҳбал ва атрофи он пайдо шавад.
Ба заноне, ки ҳомиладории берун аз бачадон доранд, ёрии тиббӣ ниҳоят зарур аст. Ба нишонаҳое, ки онҳо метавонанд эҳсос кунанд, дард дар қисми поёнии шикам (аксаран дар як тараф), хунравӣ аз маҳбал, дард дар нӯги китф, чарх задани сар ё беҳушшавӣ дохил мешаванд. Агар дарди шадид, чарх задани сар ё беҳушшавӣ ба миён ояд, фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед.
Табобат
Хунравӣ ҳангоми имплантатсия табобатро талаб намекунад, зеро ин ҳолат дар семоҳаи аввал як падидаи муқаррарӣ буда, оризае боқӣ намегузорад.
Талафоти ҳомила, ки дар семоҳаи аввал рух медиҳад, аксаран худ ба худ анҷом меёбад, аммо баъзан доруворӣ ё амалиёти ҷарроҳӣ (вакуум-аспиратсия) лозим мешавад. Ин инчунин интизории анҷоми худбахудии исқоти ҳамлро зери назорати духтур дар бар мегирад.
Аз ин рӯ, зани ҳомиладоре, ки дар ӯ хунравӣ мушоҳида мешавад, бояд ин ҳолатро бо табиби гинеколог машварат карда, аз муоинаҳои зарурӣ гузарад.
Муҳим: Мавҷудияти хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Занҳое, ки дар семоҳаи аввал ё дар дилхоҳ давраи ҳомиладорӣ хунравӣ доранд, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд. Эҳтимол, духтур таҳлили хун таъин намуда, барои муайян кардани сабабҳои хунравӣ муоинаи маҳбалро мегузаронад.
Хунравӣ на ҳамеша аз талаф шудани ҳомила далолат мекунад. Агар духтур аз пайдоиши ягон ориза дар ҳомиладорӣ гумон барад, онҳо якҷоя усулҳои дахлдори табобатро баррасӣ мекунанд, ки ин метавонад назорати ҳомиладорӣ, интизории боэҳтиётонаи таваллуд, доруворӣ ё ҷарроҳиро дар бар гирад.
Хулоса, дар семоҳаи аввал хунравии сабук як ҳолати муқаррарӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе мавридҳо хунравӣ метавонад аз талафи бармаҳали ҳомила шаҳодат диҳад. Дар чунин ҳолатҳо духтурон дар навбати аввал сабаби хунравиро муайян мекунанд. Баъзе намудҳои хунравӣ хатарнок нестанд, масалан, хунравии имплантатсионӣ. Сабабҳои дигари хунравии маҳбал ва инчунин хунравиҳои субхорионӣ бошанд, ташхиси махсусро талаб мекунанд.
Мушкилоти ҳомиладорӣ: Баландшавии тонуси бачадон ҳангоми ҳомиладорӣ