Диабети қанд (бемории қанд) — бемориест, ки дар натиҷаи норасоии инсулин ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм ба вуҷуд меояд. Инсулин — ин гормон аст. Ба сабаби бемории қанд инсулин ба миқдори кам ҳосил мешавад, миқдори глюкоза дар хун зиёд мешавад. Аз меъёр зиёд будани қанд дар хун ба гипергликемия оварда мерасонад.
Гипергликемия метавонад ба рагҳои хунгард, асабҳо, чашм ва гурдаҳо, инчунин ба дил дар тамоми бадан зарар расонад. Гипергликемия сабаби таваллуд шудани кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ дар занони ҳомила мегардад.
3 намуди диабети қанд мавҷуд аст:
- Диабети қанди навъи 1 бемории аутоиммунӣ аст: диабети қанди навъи 1 ба ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаи бадан зарар мерасонад;
- Диабети қанди навъи 2: агар дар организм миқдори кофии инсулин истеҳсол нашавад ё дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани инсулин аз ҷониби организм диабети қанди навъи 2 ба вуҷуд меояд. Диабети қанди навъи 2 бемории аутоиммунӣ нест;
- Диабети гестатсионӣ: як навъи диабети қанд, ки дар давраи ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд. Ҳолате, ки дар он зани қаблан ба диабети қанд гирифторнашуда дар давраи ҳомиладорӣ сатҳи баланди глюкозаи хун ва нишонаҳои диабетро пайдо мекунад. Диабети гестатсионӣ дар 3-9 нафар аз ҳар 100 зани ҳомила дучор меояд.
Ба пайдоиши диабети қанд дар ҳомиладорӣ чӣ сабаб мешавад?
Баъзе занон пеш аз ҳомиладорӣ ба диабети қанд гирифтор мешаванд. Ин гуна диабет диабети прегестатсионӣ номида мешавад. Дар як қисми муайяни заноне, ки қаблан бо диабети қанд бемор нашудаанд, дар давраи ҳомиладорӣ диабети қанд пайдо мешавад. Ин гуна диабет диабети гестатсионӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳомила метавонад ритми истифодаи глюкозаро дар бадани зан тағйир диҳад. Дар навбати худ, ин метавонад ба ҳомила таъсири манфӣ расонад ё хатари гирифтор шудан ба диабети гестатсиониро зиёд кунад. Дар давраи ҳомиладорӣ платсента (ҳамроҳак) ҳомилаи инкишофёбандаро бо моддаҳои ғизоӣ ва оксиген таъмин мекунад. Платсента инчунин гормонҳо истеҳсол мекунад.
Дар моҳи охири ҳомиладорӣ гормонҳои эстроген, кортизол ва лактогени платсентарии инсон, ки ба танзими мубодилаи моддаҳои шумо кӯмак мекунанд, метавонанд инсулинро масдуд кунанд. Вақте ки инсулин масдуд мешавад, муқовимати инсулин ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа глюкоза ба ҳуҷайраҳои бадан ворид шуда наметавонад. Глюкозае, ки ба ҳуҷайраҳои бадан ворид шуда наметавонад, дар хун боқӣ мемонад ва сатҳи глюкозаро дар хун зиёд мекунад.
Киҳо дар давраи ҳомиладорӣ бештар ба диабети қанд дучор мешаванд?
Хавфи диабети қанд дар ҳомиладорӣ дар асл аз намуди диабети қанд вобаста аст:
- Диабети навъи 1 бештар дар кӯдакон ва ҷавонон ба назар мерасад, аммо диабети навъи 1 метавонад дар ҳама синну сол оғоз шавад;
- Дар занони вазнашон зиёдатӣ эҳтимолияти гирифтор шудан ба диабети навъи 2 ва гестатсионӣ зиёд аст. Дар занони ҳомилаи дугоник ё серфарзанд низ ин нишондиҳанда нисбат ба дигар занон хеле баланд аст.
Аломатҳои диабетро дар давраи ҳомиладорӣ чӣ гуна муайян кардан мумкин аст?
Аломатҳои умумии диабети гестатсионӣ вуҷуд надорад. Аксарияти занон танҳо пас аз санҷиши диабети қанд метавонанд муайян кунанд, ки онҳо беморӣ доранд ё не.
Диабети қанд ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ гуна муайян карда мешавад?
Ҳамаи занони ҳомиладор дар ҳафтаҳои 24 ва 28-уми ҳомиладорӣ барои пешгирии ин беморӣ аз скрининг мегузаранд. Дар ҷараёни скрининг шумо нӯшокии глюкозадорро барои санҷиш менӯшед ва пас аз 2 соат сатҳи глюкозаи хун санҷида мешавад. Агар санҷиш сатҳи баланди глюкозаро нишон диҳад, санҷиши 3-соатаи тобоварӣ ба глюкоза гузаронида мешавад. Агар натиҷаҳои санҷиши дуюм муқаррарӣ набошанд, ташхиси диабети ҳомиладорӣ (гестатсионӣ) гузошта мешавад.
Муҳим: Ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ гуна бояд хоб рафт?
Диабет ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ гуна табобат карда мешавад?
Табобат ба синну сол ва саломатии умумии шумо вобаста аст.
Табобат ба дар меъёр нигоҳ доштани миқдори глюкоза дар хун равона шуда, инҳоро дар бар мегирад:
- истеъмоли хӯрок ва нӯшокиҳое, ки дар таркибашон миқдори ками карбогидрат мавҷуд аст;
- иҷрои машқҳои ҳаррӯза;
- назорати доимии сатҳи глюкозаи хун;
- воситаҳои доруворӣ, ки барои пешгирии гипогликемия хизмат мекунанд.