Газ ҳавои муқаррарии меъда ё рӯда мебошад, аммо баъзан дар рӯдаи навзодон ҷамъ шудани ҳаво дарднок мешавад. Дар баъзе навзодон дамидани шикам мушоҳида шуда, то хориҷ шудани газҳои рӯда онҳо хоб рафта наметавонанд, баъзеҳо соатҳо гиря мекунанд.
Тавассути ин мақола мо ба шумо дар бораи сабабҳои пайдоиши газ дар навзодон, аломатҳои он ва чӣ гуна хориҷ кардани гази ҷамъшуда маълумоти муфид пешкаш мекунем.
Дар организми қариб ҳамаи навзодон газ пайдо мешавад. Газ ҳангоми ворид шудани ҳаво вақти ҳазми хӯрок, масалан, вақте ки кӯдак пистончаи шишаро макида, ҳаворо фурӯ мебарад, пайдо мешавад. Дар кӯдаки шумо дамидани шикам ҳолати муқаррарӣ аст, ҷойи хавотирӣ нест.
Сабабҳои дам шудани шиками кӯдакон кадомҳоянд?
Фурӯ бурдани ҳаво (Аэрофагия)
Агар навзодон ба сина нодуруст гузошта шаванд ё нодуруст маконида шаванд, инчунин ҳангоми нӯшидани моеъ аз пистончаи шишагӣ онҳо ҳаворо фурӯ мебаранд. Кӯдакон ҳангоми кӯшиши зиёд гап задан низ метавонанд ҳаворо фурӯ баранд.
Аз ҳад зиёд гиря кардан
Навзодон ҳангоми гиря кардан низ ҳаворо фурӯ мебаранд. Агар сабаби пайдоиши газ гиряи кӯдаки шумо бошад, пас аз ором шудани кӯдак ҳама чиз ба ҷояш меояд.
Мушкилоти ҳазми хӯрок
Ҳангоми қабзияти навзодон, яъне агар дар ҳазми хӯрок мушкилот бошад, дар организми кӯдакон газ ҷамъ мешавад.
Пурра ташаккул наёфтани роҳи ҳозима дар кӯдакон
Аз сабаби нокифоя будани ферментҳои ҳозима, маҳсулоти хӯроквории пурра ҳазмнашуда аз ҷониби микроорганизмҳо таҷзия шуда, боиси пайдоиши газ мегардад.
Вирусҳои меъдаю рӯда
Баъзан вирусҳо боиси мушкилоти системаи ҳозима мешаванд:
- ҷамъшавии газ;
- қайкунӣ;
- дарунравӣ.
Маҳсулоти нави хӯрокворӣ
Ҳангоми ғизодиҳӣ бо хӯрокҳои нав, дар кӯдакони калонтар, ки ғизои сахт истеъмол мекунанд, дар натиҷаи ғизодиҳӣ бо хӯрокҳои нав газ ҷамъ мешавад. Ҳолатҳои зуд-зуд ҷамъ шудани газ, ки дар баъзе навзодон мушоҳида мешавад, метавонад нишонаи ҳассосияти ғизоии кӯдакон бошад.
Пешгирии дамидани шикам
Барои зудтар хориҷ кардани газҳо аз рӯдаи кӯдакон машқҳои дар шароити хона иҷрошаванда кӯмак мерасонанд:
- ба шакли давра ҳаракат кунондани пойҳои кӯдак;
- кӯдакро ба пушт хобонда, зонуҳояшро қат карда, пойҳояшро бардоштан;
- сари кӯдакро аз сатҳи шикам боэҳтиёт болотар бардоштан, инчунин дар ҳолати рост нигоҳ доштан;
- кӯдакро дар мошин сайр кунондан — агар кӯдак дар мошин сайр карданро дӯст дорад, ин бевосита ба ором шудани кӯдак мусоидат мекунад. Лаппиши мулоим дар мошин метавонад дардро сабук кунад ва кӯдакро ором намояд;
- парпеч кардани кӯдакони навзод — парпеч кардани кӯдакони навзод барои рафъи газҳо кӯмак мерасонад. Аммо ин ҳолат метавонад ба ҳамаи кӯдакон писанд наояд;
- бо рӯйи ба поён нигаронида бардоштани кӯдак — ҳангоми бардоштани кӯдакон нигоҳ доштани онҳо бо рӯйи ба поён низ метавонад ба зудтар хориҷ шудани газҳо аз бадани кӯдак кӯмак кунад. Сари кӯдакро эҳтиёткорона каме бардошта, боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки рӯй ё бинии кӯдакро ҳеҷ чиз напӯшонидааст;
- массаж кардани шикамчаи тифл — нарм-нарм молидани шиками кӯдак баромадани газро осон мекунад. Модарон метавонанд кӯшиш кунанд, ки шиками кӯдаки худро бо ҳаракатҳои мулоим ба самти ақрабаки соат ё баръакси он пахш кунанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад фишорро тавассути аксуламали кӯдак идора намоянд;
- бо шикам хобондан — кӯдакон метавонанд ҳангоми бедор ва таҳти назорат будан бо шикам хобонида шаванд. Тавассути бо шикам хобондан хориҷ кардани гази ҷамъшуда дар кӯдакон осон мегардад. Илова бар ин, ин ҳаракатҳо мушакҳои қисми болоии бадани кӯдаконро мустаҳкам мекунанд ва онҳоро ба боло бардоштани сар водор месозанд;
- додани қатраҳои газбарор — қатраҳои газбарори симетикон ба баъзе кӯдакон барои зудтар хориҷ шудани ҳубобчаҳои ҳаво самаранок кӯмак мерасонанд. Падару модарон метавонанд ба фарзандонашон то 4 маротиба дар як рӯз қатраҳои газбарори симетиконро бо вояи муқарраршуда диҳанд;
- тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки иловаҳои пробиотикӣ тавассути мувозинат кардани микроорганизмҳои рӯда пеши роҳи ҷамъшавии ҳаворо дар рӯдаи навзодон мегиранд. Модарон метавонанд аввал бо духтури кӯдакона машварат кунанд ва сипас ба кӯдак пробиотикҳо диҳанд.
Агар шумо дар шароити хона ба фарзандатон ёрӣ расонда натавонед, ба шумо лозим меояд, ки аз кумаки табибон истифода баред.