Ҳангоми ҳомиладорӣ, вақте ки дар бораи модар шудан нигарон будед, шояд наздиконатон ба шумо гуфта бошанд: "Вақте соҳиби фарзанд шудӣ, чӣ кор карданро мефаҳмӣ." Аз ҷиҳати эволютсионӣ мафҳуми инстинкти модарӣ ба ҳама маълум аст. Ҷолибаш ин аст, ки пас аз модар шудан шумо ба таври худкор эҳсос мекунед, ки ба кӯдаки худ чӣ гуна бояд ғамхорӣ кунед.
Аммо вақте ки шумо фарзанд ба дунё меоред, ба шумо "дастури махсус"-е дода намешавад, ки маълумот оид ба тарбия, ғизодиҳӣ ва хобондани кӯдакро дар бар гирад.
Дар асл, инстинкти модарӣ як афсона аст ва такя кардан ба ин инстинкт чандон дуруст нест. Агар пас аз модар шудан дарҳол нафаҳмида бошед, ки кӯдакро чӣ гуна тарбия кардан лозим аст, хавотир нашавед!
Инстинкти модарӣ чист?
Барои инстинкти модарӣ шарҳи дақиқе вуҷуд надорад. Барои баъзеҳо ин маънои хоҳиши модар шуданро дорад, дигарон бошанд, онро ҳамчун дастури ахлоқӣ ё эҳсосӣ дар бораи он ки дар тарбияи фарзанд чӣ дуруст ва чӣ нодуруст аст, мефаҳманд. Барои бархе бошад, инстинкти модарӣ муҳофизати фарзанд аз чизҳои зараровар мебошад. Вале ягон таҳқиқоти илмӣ дақиқан исбот накардааст, ки инстинкти модарӣ чист.
Ҷолиб: Хоҳишу майлҳо дар давраи ҳомиладорӣ аз чӣ шаҳодат медиҳанд?
Оё инстинкти модарӣ вуҷуд дорад?
Дар давраи ҳомиладорӣ ва пас аз он ба вуҷуд омадани тағйироти гуногун дар бадан ва мағзи сар як амри табиист. Окситотсини пас аз таваллуд ("гормони хушбахтӣ") ба робитаи байни модар ва тифли навзоди ӯ таъсири мусбат мерасонад. Синамаконӣ сатҳи окситотсинро дар модар боло мебарад, ки ин ҳисси меҳру дилбастагиро нисбат ба кӯдак боз ҳам бештар мегардонад.
Тадқиқотҳои дигар нишон медиҳанд, ки ҳомиладорӣ сохтори мағзи сари занонро ба таври назаррас тағйир медиҳад. Тибқи тадқиқоти соли 2016, дараҷаи тағйирёбии моддаи хокистарранги мағзи сар ҳангоми ҳомиладорӣ аз он дарак медиҳад, ки модар то чӣ андоза ба фарзанди худ наздик хоҳад буд. Аммо ин маънои онро надорад, ки зани ҳомиладор пас аз таваллуди фарзанд тавассути инстинкти модарӣ ҳама чизро пурра аз худ мекунад.
Агар инстинкти модарӣ зоҳир нашавад, чӣ бояд кард?
Агар пас аз таваллуди фарзандатон «лампа»-и инстинкти модарӣ ногаҳон фурӯзон нашавад, ҷойи нигаронӣ нест. Ба ҷойи такя кардан ба инстинкти модарӣ ё ин мафҳум, беҳтар аст, ки аз дигарон, аз ҷумла аз мутахассисони «Lalu» кӯмаку маслиҳат гиред.
Муҳимтарин тавсияҳо чунинанд:
- Агар дар бораи саломатии фарзандатон нигаронии ҷиддӣ пайдо шавад, ба духтури кӯдакон (педиатр) занг занед;
- Ҳангоми дучор шудан ба мушкилоти марбут ба синамаконӣ, ба мушовири лактатсия муроҷиат кунед;
- Агар рӯҳафтода шавед, ба мутахассиси солимии равонии перинаталӣ муроҷиат намоед;
- Аз иттиҳодияҳои дастгирии занон, ки душвории модар буданро дарк мекунанд, кумак гиред.
- Замимаи мобилии «Lalu»-ро зеркашӣ кунед ва пайваста пайгирӣ намоед. Ҳадафи лоиҳа омӯзонидани донишу малакаҳои нигоҳубини кӯдак ба модарони ҷавон мебошад.
Баъзан натавонистани пайванди наздик бо кӯдак ё ҳис накардани меҳр нисбат ба ӯ метавонад нишонаи афсурдагии пас аз таваллуд бошад. Агар шумо худро гунаҳкор, бепарво ё бетаваҷҷӯҳ ҳис кунед, шояд шумо ба ихтилоли солимии равонии пас аз таваллуд дучор шуда бошед. Дар чунин ҳолат ҳарчи зудтар ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ муроҷиат кунед.
Ҷанбаҳои манфии такя кардан ба инстинкти модарӣ
Гарчанде чунин ба назар мерасад, ки инстинкти модарӣ дар тарбияи кӯдак кумак мекунад, такяи аз ҳад зиёд ба ин раҳнамо дар асл метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад. Масалан, бе он ки ҳанӯз пурра дарк кунед, ки модар будан чист, аз ҳад зиёд ба худ эътимод доштан метавонад боиси қабули қарори нодуруст (барои фарзанд хатарнок) гардад.
Аз ин рӯ, ҳамеша аз маълумоти боэътимод ва муфиде, ки дастаи «Lalu» омода кардааст, истифода баред ва дар ҳолати зарурӣ ба мутахассисони дастаи «Lalu» муроҷиат намоед.