Дар ҳомиладорӣ варам як ҳолати муқаррарӣ аст, зеро организм барои қонеъ гардонидани ниёзҳои кӯдаки рушдёбанда тақрибан 50% бештар хун ва моеъ истеҳсол мекунад. Варамҳо одатан дар дастҳо, рӯй, пойҳо ва буҷулакҳои пой пайдо мешаванд.
Сабабҳои варам дар давраи ҳомиладорӣ
Ҷамъшавии моеъ дар бадан ба нарм шудани бадани зан мусоидат мекунад, ки ин дар навбати худ барои осонтар калон шудани кӯдаки рушдёбанда имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин, мавҷудияти моеъи иловагӣ ба осон кушода шудани буғумҳо ва бофтаҳои кос ҳангоми таваллуд кумак мекунад. Моеъи дар давраи ҳомиладорӣ ҷамъшуда тақрибан 25%-и вазни занро ташкил медиҳад.
Муфид: Тақвими ҳомиладорӣ ва калкулятори ҳисобкунӣ
Дар ҳомиладорӣ варамҳо кай пайдо мешаванд?
Дар давраи ҳомиладорӣ варамҳо метавонанд дар дилхоҳ вақт пайдо шаванд, онҳо асосан дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ баръало эҳсос мешаванд.
Ба пайдоиши варам омилҳои зерин метавонанд сабаб шаванд:
- Ҳавои гарми фасли тобистон;
- Муддати дароз рост истодан;
- Ҳаракатҳои беист дар давоми рӯз;
- Истеъмоли хӯрокҳое, ки дар таркибашон миқдори калий кам аст;
- Истеъмоли маҳсулоти дорои миқдори зиёди кофеин;
- Истеъмоли маҳсулоти дорои натрийи зиёд.
Усулҳои табобати варамҳо ҳангоми ҳомиладорӣ
Варамро метавон тавассути истеъмоли маҳсулоти аз калий бой коҳиш дод. Масалан, банан меваи аз калий бой ба шумор меравад, инчунин тавсия дода мешавад, ки маҳсулоти дорои кофеин истеъмол карда нашаванд.
Мақолаи муфид: Ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ чизҳо мумкин нестанд? 11 маҳсулоти зараровартарин
Маслиҳатҳо барои пешгирии варам:
- Аз муддати дароз рӯи по истодан худдорӣ кардан. Пойҳоро ба боло бардошта хобидан, буҷулакҳоро рӯйи ҳам гузошта зуд-зуд ҷойи онҳоро иваз кардан ва барои истироҳати мушакҳои соқ пойро оҳиста қат карда хобидан тавсия дода мешавад.
- Ба паҳлуи чап хобидан. Ин ҳолат фишорро ба рагҳое, ки тавассути венаҳои калон аз қисми поёни бадан ба дил хун мебаранд, коҳиш медиҳад. Дар натиҷа хун ба дил беҳтар мерасад. Ҳамчунин, ҳангоми хобидан зери пой болишт гузошта, онро баланд бардоштан низ натиҷаи хуб медиҳад.
- Пӯшидани ҷӯробҳои компрессионӣ. Барои муътадил нигоҳ доштани фишори пойҳо ҳангоми роҳгардии давоми рӯз ин навъи ҷӯробҳо низ метавонанд кумак кунанд.
- Ҳар рӯз аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол будан. Пиёдагардӣ, машқ бо дучархаи статсионарӣ ва шиноварии сабук низ самараи хуб медиҳанд.
- Ба ҳавз даромада роҳ рафтан ё танҳо дар об рост истодан низ метавонад фишори мушакҳои пойро кам карда, дарди пайдошударо рафъ созад.
- Пӯшидани либосҳои кушод. То ҳадди имкон набояд либосҳои танг пӯшид, зеро онҳо ҳар қадар ба бадан бичаспанд, ҳамон қадар ба гардиши хун дар организм халал мерасонанд, инчунин пӯшидани ҷӯробҳое, ки буҷулаку соқи пойро мефишоранд, умуман тавсия дода намешавад.
Тибқи баъзе пажӯҳишҳо, варамҳои ин давраро тавассути масҳи баъзе қисмҳои пою даст ва гӯш низ коҳиш додан мумкин аст.
Ба сабаби варам камтар нӯшидани моеъ хуб нест, баръакс, дар ин давра дар як рӯз тақрибан 10 истакон (2,4 литр) моеъ нӯшидан тавсия дода мешавад.
Гарчанде ки дар давраи ҳомиладорӣ варами пою буҷулак ҳолати муқаррарӣ бошад ҳам, варами ногаҳонии як пой ва пайдоиши дард метавонад нишонаи тромбози варидҳои амиқ бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар венаи пой лахтаи хун (тромб) пайдо шудааст; агар нафастангӣ ё дарди қафаси сина илова шавад, фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед. Инчунин варами ногаҳонӣ ва шадиди рӯй, дастҳо ё пойҳо, махсусан агар бо дарди сахти сар, хира шудани чашм ё дард дар зери қабурғаҳо ҳамроҳ бошад, метавонад нишонаи преэклампсия (баландшавии хатарноки фишори хун) бошад. Дар чунин ҳолатҳо бояд фавран аз муоинаи духтур гузашта, пас аз ташхис табобат гирифт.