Моеъи амниотикӣ барои рушди солими ҷанин аҳамияти ниҳоят калон дорад. Дар баробари ин, аз меъёр кам ё зиёд будани миқдори ин моеъ дар бачадон метавонад оқибатҳои гуногунро ба бор орад.
Моеъи амниотикӣ чист?
Кӯдак дар бачадон дар дохили пардаи амниотикӣ, ки аз ду мембрана — амнион ва хорион иборат аст, ҷойгир мешавад. Ҷанин дар дохили пардаи бо моеъи амниотикӣ пуршуда калон мешавад ва рушд меёбад.
Дар ибтидо моеъро организми модар ҳосил мекунад, вале то ҳафтаи 20-уми ҳомиладорӣ тавлиди он ба зиммаи гурдаҳои ҷанин мегузарад, зеро ҷанин моеъро фурӯ мебарад ва хориҷ мекунад.
Моеъи амниотикӣ чӣ намуд дорад?
Моеъи амниотикӣ ранги шаффоф ё зардчатоб дорад. Агар ранги моеъ тағйир ёфта бошад, ин маънои онро дорад, ки кӯдаки шумо шояд дар бачадон меконий (наҷосати аввалини навзод) хориҷ карда бошад. (Дар ин ҳолат моеъ одатан сабз ё қаҳваранг менамояд). Ҳангоми тағйир ёфтани ранги моеъ, пизишк мавҷудият ё набудани мушкилоти нафаскаширо дар ҷанин месанҷад.
Вазифаҳои моеъи амниотикӣ
Вазифаҳои моеъи амниотикӣ аз инҳо иборатанд:
- Ҳифзи ҷанин: вазифаи амортизаторро иҷро намуда, кӯдакро аз фишори беруна ҳимоя мекунад;
- Назорати ҳарорат: барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳарорати бадан дар дохили бачадон кӯмак мерасонад;
- Ҳимоя аз сироят: аз сабаби мавҷуд будани антителоҳо дар моеъи амниотикӣ, он кӯдакро аз сироятҳои гуногун эмин медорад;
- Рушди шуш ва системаи ҳозима: ҳангоми нафаскашӣ тавассути моеъ шуш ва системаи ҳозимаи кӯдак инкишоф меёбад;
- Рушди мушакҳо ва устухонҳо: кӯдак ҳангоми шино кардан дар дохили пардаи амниотикӣ озодона ва бе мушкилӣ ҳаракат мекунад, ки ин ба рушди дурусти мушакҳо ва устухонҳо мусоидат менамояд;
- Моеъи амниотикӣ ба ба ҳам часпида сабзидани ангуштони дасту по монеъ мешавад, агар сатҳи моеъи амниотикӣ кам бошад, ангуштон метавонанд ба ҳам часпида сабзанд;
- Ҳифзи банди ноф: моеъи дохили бачадон хатари фишурдашавии банди нофро коҳиш медиҳад. Тавассути он маводи ғизоӣ ва оксиген аз ҳамроҳак (пласента) ба ҷанин мегузарад.
Одатан, сатҳи моеъи амнионӣ дар ҳафтаи 36-уми ҳомиладорӣ афзоиш ёфта, тақрибан 1 литрро ташкил медиҳад. Ҳангоми наздик шудани зоиш бошад, он кам мешавад.
Ихтилоли марбут ба моеъ
Баъзан моеъи амнионӣ метавонад аз маъмулӣ зиёдтар ё камтар бошад. Олигогидрамниоз — ин аз меъёр кам будани моеъи амнионӣ мебошад.
Олигогидрамниоз метавонад дар дилхоҳ семоҳа пайдо шавад, аммо бештар дар семоҳаи охир ба вуҷуд меояд. Агар он дар 6 моҳи аввали ҳомиладорӣ пайдо шавад, хавфи нуқсонҳои модарзодӣ, исқоти ҳамл ё таваллуди бармаҳал баланд аст.
Агар сатҳи моеъ дар семоҳаи охир паст бошад, ин метавонад ба оқибатҳои зерин оварда расонад:
- Суст шудани рушди ҳомила;
- Мушкилӣ ҳангоми зоиш;
- Зарурати таваллуд бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ.
Барои боварӣ ҳосил кардан ба он, ки кӯдак муътадил инкишоф меёбад, давраи боқимондаи ҳомиладорӣ низ таҳти назорат гирифта мешавад.
Полигидрамниоз (дар баъзе мавридҳо онро гидрамниоз ё ихтилоли моеъи амнионӣ низ меноманд) — ин мавҷудияти моеъи беш аз меъёр мебошад.
Ҳолатҳои сабуки полигидрамниоз одатан табобати махсусро талаб намекунанд. Дар ҳолатҳои вазнин, яъне ҳангоми аз ҳад зиёд шудани моеъ, амниосентез гузаронида мешавад (моеъи зиёдатӣ тавассути сӯзан бароварда мешавад). Доруҳои зидди илтиҳобӣ, ба монанди индометацин, ҳоло танҳо барои кам кардани моеъ тавсия дода намешаванд, зеро онҳо метавонанд ба кӯдак зарар расонанд. Аз ҳафтаи 20-уми ҳомиладорӣ сар карда, чунин доруҳоро бе тавсияи духтур истеъмол накунед.
Агар дар давраи ҳомиладорӣ шоридани моеъи амниониро пай баред (махсусан пеш аз ҳафтаи 37-ум ё агар моеъ сабз, қаҳваранг, хуномехта ё бадбӯй бошад), фавран ба духтур ё таваллудхона муроҷиат кунед. Ҳар як зани ҳомиладор, ки аз кам ё зиёд будани миқдори моеъ нигарон аст, низ бояд дар ин бора ба духтури худ хабар диҳад.