Дар кӯдакони навзод системаи назорати ҳарорати бадан хуб инкишоф наёфтааст. Агар кӯдаки шумо аз 3 моҳ хурдтар бошад ва ҳарорати рӯдаи рост ё ҳарорати артерияи чакка 38°C ё аз он баландтар бошад, фавран кӯдаки худро ба педиатри маҳаллӣ нишон диҳед. Ин ҳолати фавқулодда аст. Барои арзёбии вазъи умумии саломатии кӯдакатон ӯро ба беморхона баред. Баландшавии таб дар навзодон метавонад бо сабабҳои гуногун ба амал ояд.
Ҳарорати муқаррарии бадани кӯдак метавонад аз 36,1 °C то 37,9 °C бошад. Мутахассисон ҳарорати ректалии 38 °C ё аз он болоро таб меҳисобанд.
Мушоҳида шудани таб дар навзодон метавонад нишонаи бемории ҷиддӣ бошад. Кӯдакони навзод ба сироятҳои гуногун бештар осебпазир мебошанд, аз ин рӯ, ба ҳама гуна нишонаҳои сироят дар кӯдак бояд ҷиддӣ муносибат кард ва ба кӯмаки табиби касбӣ такя кард.
Яке аз мушкилоти маъмул, ки дар навзодон бо табларза зоҳир мешавад, бемориҳои сироятии системаи нафаскашӣ мебошад. Кӯдакони навзод нисбат ба кӯдакони калонтар бештар тавассути бинӣ нафас мегиранд, бинобар ин дар онҳо баста шудани бинӣ метавонад нафаскаширо душвор гардонад. Роҳҳои нафаси кӯдакони навзод низ ҳаҷми нисбатан хурдтар доранд.
Норасоии оксиген метавонад ба кӯдаки навзод зарари ҷиддӣ расонад. Агар кӯдак дар нафаскашӣ душворӣ кашад, ҳатто агар табаш баланд нашавад ҳам, дар ин бора бо духтур машварат кунед.
Аломатҳое, ки мушкилоти нафаскашии навзодро нишон медиҳанд, инҳоянд:
- хир-хир кардан;
- васеъ кушода шудани сӯрохиҳои бинӣ ҳангоми нафаскашӣ;
- сафед ё кабудчатоб шудани ранги пӯст, махсусан дар атрофи болиштчаҳои нохун ё атрофи даҳон (муайян кардани ин аломатҳо дар навзодон душвортар аст);
- кашишхӯрии мушакҳои байни қабурғаҳо ҳангоми нафаскашӣ.
Агар дар тифл мушкилоти нафаскашӣ ва таб пайдо шавад, волидайн бояд фавран ӯро ба беморхона баранд ё ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунанд.
Тавсияҳои муфид
Барои санҷидани ҳарорати кӯдаки худ ҳамеша аз ҳароратсанҷи рақамӣ истифода баред. Ҳеҷ гоҳ аз ҳароратсанҷи симобӣ истифода набаред. Чунки агар он шиканад, хавфи заҳролудшавӣ аз таъсири симоб ба вуҷуд меояд. Инчунин, қоидаҳои истифодаи дурусти ҳароратсанҷи ректалиро барои кӯдакони хурдсол ва навзодон қатъиян риоя кунед.
Мувофиқи тавсияи Академияи педиатрияи Амрико, барои ба даст овардани натиҷаҳои дақиқ дар кӯдакони то 3-сола чен кардани ҳарорати бадан дар рӯдаи рост мувофиқи мақсад аст. Ин тавассути гузоштани ҳароратсанҷ ба рӯдаи рости кӯдак анҷом дода мешавад.
Истифодаи нодурусти термометри рӯдаи рост метавонад ба осеби ҷиддии рӯдаи рост оварда расонад. Барои истифодаи дуруст ҳамеша ба дастурҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот риоя кунед.
Агар ҳангоми чен кардани ҳарорати ректалӣ худро нороҳат ҳис кунед, аз усули дигар истифода баред ё чен кардани ҳарорати ректалиро аз мутахассисон омӯзед. Ҳангоми сӯҳбат бо табиби фарзандатон, ба ӯ бигӯед, ки барои чен кардани ҳарорати фарзандатон аз кадом усул истифода бурдед.
Гармшавии аз ҳад зиёд
Ҳангоми табларза хунук нашудани кӯдак низ муҳим аст. Аммо дар натиҷаи бо либосҳои бисёрқабата ва кӯрпа печондани кӯдак ӯ метавонад аз ҳад зиёд гарм шавад. Дар ин ҳолат рӯйи кӯдак гарм ва сурх шуда, ӯ метавонад ноором шавад ва бисёр гиря кунад. Барои пешгирии гармшавии аз ҳад зиёд:
- Кӯдаки худро аз ҳама гуна манбаъҳои гармӣ дур нигоҳ доред. Масалан, аз гармкунаки хона, оташдон ё нурҳои мустақими офтоб эҳтиёт кунед.
- Ҳарорати хонаатонро тақрибан аз 22 °C то 24 °C нигоҳ доред;
- Ба фарзандатон либоси ғафсиаш миёна пӯшонед. Дар хотир доред, ки ба ӯ лозим нест, ки нисбат ба шумо либоси ғафстар пӯшад.
Табларза дар навзодон ҳамчун оқибати беобшавӣ
Кӯдакони навзод метавонанд шири модар ё омехтаро ба таври кофӣ истеъмол накунанд. Ин метавонад боиси баланд шудани ҳарорати бадан гардад. Агар шумо фикр кунед, ки кӯдаки шумо шири синаро ба қадри кофӣ истеъмол намекунад, ба духтур муроҷиат кунед. Малакаҳои муфид барои модарон: донишҳои муҳимро ба мисли қоидаҳои синамаконӣ ва назорати миқдори ғизои кӯдак омӯзед. Дар азхудкунии чунин дониш ва малакаҳо «Lalu» тавассути манбаъҳои боэътимод ва муфиди худ метавонад ба шумо кӯмак расонад.
Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо алгоритми санҷиши ҳарорати кӯдаки худро дақиқ азхуд кардаед ва барои аптечкаи кӯдакатон ҳароратсанҷ харед. Агар тифли шумо таб дошта бошад, ҳатман бо духтур машварат кунед.
Мақола дар асоси маълумоти Маркази саломатии кӯдакони Стенфорд, Академияи педиатрияи Амрико ва нашрияи WebMD аз ҷониби дастаи «Lalu» омода шудааст.