Колика — ин муддати хеле дуру дароз ва бе ягон сабаб гиря кардани кӯдаки солим мебошад. Он бештар дар 6 ҳафтаи аввали ҳаёти навзод мушоҳида мешавад. Одатан дар 3-4 моҳагӣ худ аз худ нест мешавад. Дар маҷмӯъ, колика ҳолатест, ки бо вайроншавии функсионалии вобаста ба синну соли роҳҳои ҳозима дар кӯдакони навзод алоқаманд буда, бо дарди халандаи шикам мегузарад.
Коликаи рӯда бо аломатҳои гиряи кӯдак, доимо чиррос задан, беқарорӣ, тарангӣ, сурхшавии рӯй ва дамкунии шикам зоҳир мешавад.
Дар нимаи якуми ҳаёт дар кӯдакон аксар вақт вайроншавиҳои гуногуни функсионалии роҳи меъдаю рӯда (регургитатсия, коликаи рӯда, диареяи функсионалӣ ва қабзият) мушоҳида мешаванд. Дарди рӯда, ё колика тибқи натиҷаҳои тадқиқотҳои гуногун, дар 55-75 фоизи навзодон дучор меояд.
Дарди рӯда метавонад реҷаи ғизо ва хоби навзодро вайрон кунад, инчунин боиси фишори эмотсионалӣ ва асабоният дар волидони ҷавон гардад.
Бо ҳалли комплексии мушкилоти коликаи рӯда дар навзодон ва кӯдакон дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак педиатр, гастроэнтерологи кӯдакон ва невропатологҳо машғул мешаванд.
Сабабҳои колика
Механизми инкишофи коликаи рӯда дар навзодон боиси вайроншавии функсияи мотории роҳи ҳозима ва зиёдшавии ҳосилшавии газ дар рӯда, спазмҳои шадиди маҳаллӣ ва васеъшавии деворҳои рӯда мегардад. Омилҳои асосии этиологии коликаи рӯда дар навзодон метавонанд бевосита ба худи кӯдак ё модари ӯ алоқаманд бошанд.
Номукаммалии морфологӣ ва функсионалии тракти меъдаву рӯдаи навзод, пастшавии фаъолияти ферментативии тракти ҳозима, норасоии кислотаи хлорид, норасоии лактаза, вайроншавии микробиосенози рӯда, вайроншавии танзими нейроэндокринӣ сабаби пайдоиши коликаи рӯда мегарданд.
Дар навзодон коликаи рӯда вобаста ба хусусиятҳои анатомии сохтори рӯда ва инкишофи системаи асаб ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат одатан то 12-18 моҳ давом мекунад.
Дар ҳолати вайрон шудани техникаи ғизодиҳии кӯдак, маконидани пистони холӣ ё дар ҳолати норасоии шир бо миқдори ками шир маконидани кӯдак, инчунин дар навзодони бармаҳал аз ҳад зиёд фурӯ бурдани ҳаво (аэрофагия) мушоҳида шуда, боиси пайдоиши коликаи рӯда мегардад.
Дар навзодон вобаста ба синну сол ва инфиродӣ инкишоф наёфтани системаҳои ферментативӣ ва дисбиози рӯда боиси мӯътадил таҷзия нашудани чарбҳо ва карбогидратҳо мегардад, ки ин ба зиёдшавии ҳосилшавии газ оварда мерасонад.
Инкишофи колики рӯда дар навзодон метавонад бо норасоии баъзе моддаҳое, ки функсияҳои моторӣ ва секретории роҳи меъдаву рӯдаро танзим мекунанд, алоқаманд бошад. Сабаби колики рӯда инчунин гипоксия ва асфиксияе, ки кӯдак пеш аз таваллуд ё ҳангоми он аз сар гузаронидааст, мебошад.
Муайян карда шудааст, ки ҳар қадаре, ки давраи ҳомиладорӣ ва вазни бадани навзод камтар бошад (яъне, ҳар қадаре, ки мизони таваллуди бармаҳал баландтар бошад), хатари инкишофи колики рӯда ҳамон қадар баландтар аст. Дар навзодони бармаҳал таваллудшуда колики рӯда одатан аз ҷиҳати клиникӣ возеҳтар ва давомноктар аст.
Реаксияҳои аллергӣ (шакли меъдаю рӯдаи аллергияи ғизоӣ ҳангоми гузариш аз ғизои табиӣ ба ғизои сунъӣ, мавҷудияти иловаҳои ғизоӣ дар омехтаҳо ва ғайра) инчунин метавонанд боиси колики рӯда дар навзодон гарданд. Аномалияҳои модарзодӣ (лаби харгӯш, коми гург) ҳам баъзан ба пайдоиши дарди рӯда дар навзодон сабаб мешаванд.
Дар байни омилҳои модарие, ки ба инкишофи коликаи рӯда дар навзодон мусоидат мекунанд, анамнези вазниншудаи акушерӣ-гинекологӣ (гестоз), ширдиҳии нодуруст, одатҳои бади модари ширдеҳ, хатогиҳо дар ғизодиҳии иловагӣ (додани шири гов дар давраи барвақт, ғизоҳои серравған, ғизоҳое, ки метеоризмро зиёд мекунанд), усулҳои ғизодиҳӣ (ғизодиҳии аз ҳад зиёд, нодуруст тайёр кардани омехтаҳо); ноустувории эмотсионалӣ дар оила ва стресс мавқеи асосиро ишғол мекунанд.
Аломатҳои колика
Колика дар 3-4 ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак пайдо мешавад ва то 4-6 моҳагӣ, баъзан ҳатто то 3-солагӣ давом мекунад. Хуруҷҳои колики рӯда дар навзодон одатан ногаҳон, бидуни ягон сабаб, дар як вақти муайяни рӯз, асосан ҳангоми хӯрокхӯрӣ ё пас аз он тасодуфан оғоз меёбанд.
Аломатҳои коликаи рӯда дар як рӯз 3 соат ё бештар давом мекунанд, ҳадди аққал се рӯз дар як ҳафта такрор мешаванд ва се ҳафта пай дар пай давом мекунанд.
Дар навзодон коликаи рӯда бо фарёди баланд, гиряи баланд, изтироби кӯдак ҳамроҳ мешавад, кӯдак пойҳояшро тоб дода, ба шикамаш мекашад. Дар баробари ин гиперемияи (сурхшавии) пӯсти рӯй, варам ва тарангии девори пеши шикам мушоҳида мешавад. Як хурӯҷи коликаи рӯда метавонад аз 30 дақиқа то 3 соат давом кунад.
Дар навзодон дар натиҷаи коликаи шадиди рӯда иштиҳои кӯдак бад мешавад ва вайроншавии системаи ҳозима, тарангӣ дар ковокии шикам, қайкунӣ, асабоният ва вайроншавии хоб ба вуҷуд меояд. Халосшавӣ аз коликаи рӯда пас аз баромадани газ ё дефекатсия ба амал меояд. Дар байни хурӯҷҳои коликаи рӯда ҳолати умумии навзод вайрон намешавад, ҳангоми ламс кардани шикам дард ҳис карда намешавад, иштиҳои хуб нигоҳ дошта мешавад, зиёдшавии вазн ба синну сол мувофиқ аст. Дар навзодон коликаи рӯда метавонад бо қабзият, диспепсия, рефлюкси гастроэзофагӣ ҳамроҳ шавад.
Табобат
Табобат аз ҷониби педиатр ва гастроэнтерологи кӯдакон анҷом дода мешавад. Ҳар як организм табиатан фардӣ аст ва аз ин рӯ, табобат маҳз ба бартараф кардани сабаби асосии ин ҳолат дар кӯдак, ислоҳи ихтилоли моторӣ ва функсионалии роҳҳои меъдаю рӯда равона карда мешавад.
Баъзе ҳолатҳои колики рӯдаро тавассути риояи парҳези модари ширдеҳ пешгирӣ кардан мумкин аст. Маҳсулоте, ки дар таркибашон шири гов ва гӯшти гов доранд, аз таомномаи ӯ хориҷ карда мешаванд, истеъмоли маҳсулоти хӯроквории аз равған бой, инчунин маҳсулоте, ки боиси зиёд шудани ҳосилшавии газ мегарданд (сабзавотҳои хом ва намакзада, меваҳо, маҳсулоти лӯбиёгӣ; нони тару тоза ва квас), шоколад, шириниҳо ва хӯрокҳои хамирӣ маҳдуд карда мешавад.
Пеш аз ҳар як хӯрондан кӯдакро 5-10 дақиқа ба шикам хобонда, сипас барои беҳтар кардани ҳаракати рӯда ва хориҷшавии газ ба самти ақрабаки соат шикамро каме молиш медиҳанд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани колики рӯда барои ором кардани кӯдак шумо метавонед шиками навзодро бо либосчаи гарм гарм кунед ё кӯдакро ба дастатон бардоред, инчунин пахш карда истодани девори пеши шикам ба шиками модар низ фоида меорад.
Барои пешгирии аэрофагия ба техникаи хӯрокдиҳӣ риоя кардан, кӯшиши дар ҳолати дуруст маконидан, маҳдуд кардани макидани пистонакҳо, баъди хӯрокхӯрӣ дар давоми 10-15 дақиқа дар ҳолати амудӣ нигоҳ доштани кӯдак ва ҳангоми бо омехта хӯрондан бошад, дуруст интихоб кардани омехтаи мувофиқ муҳим аст. Агар дар кӯдак шакли меъдаву рӯдаии аллергияи ғизоӣ мушоҳида шавад, ба омехтаҳои дар асоси гидролизати сафеда (казеин ё зардоб) ва ҳангоми мушоҳидаи норасоии лактаза бошад, ба омехтаҳои камлактоза ё белактоза мегузаранд.
Дар навзодон, махсусан дар навзодони бармаҳал, бинобар заифии луобпардаи рӯда истифодаи зуд-зуди шамъчаҳо ва ҳуқнаҳо бе нишондоди табиб мувофиқи мақсад нест.
Дар ҳолати муайян шудани дараҷаи назарраси колика маҳсулотҳои фитотерапевтии газбарор ва сусткунанда (арпабодиён, бобуна, пудина, шибит) тавсия карда шуда, аз тарафи шифокор препаратҳои дорои симетикон, спазмолитикҳо ва сорбентҳо таъин шуданашон мумкин аст. Бо мақсади ислоҳи дисбактериоз пробиотикҳо истифода мешаванд.