Тағйироти сина ҳангоми ҳомиладорӣ як бахши муқаррарии ҳомиладорӣ буда, дар натиҷаи тағйироти гормоналӣ ба вуҷуд меояд. Тағйирот дар сина метавонад пас аз як ҳафтаи ҳомиладорӣ ҳамчун нишонаҳои нахустини ҳомиладорӣ рух диҳад ва то таваллуди кӯдак ё баъд аз он ҳам идома ёбад.
Дар ин мақола мо тағйироти маъмултарини синаро дар ҳар семоҳа баррасӣ мекунем. Инчунин бо шумо баъзе маълумотро дар бораи сабук кардани бархе аз нороҳатиҳои сина ҳангоми ҳомиладорӣ мубодила менамоем.
Шумо метавонед тағйироти ҳафтаинаи ҳомиладориро тавассути замимаи мобилии «Lalu» низ пайгирӣ намуда, пешакӣ бидонед, ки дар ҳафтаи ояндаи ҳомиладорӣ шуморо чӣ гуна тағйирот интизор аст.
Замимаи мобилиро зеркашӣ кунед: https://bit.ly/lalu-app
Тағйироти сина дар семоҳаи аввал
Дар фосилаи ҳафтаҳои 1–13-уми ҳомиладорӣ аломатҳои зерин метавонанд мушоҳида шаванд:
Ҳассосият ва нороҳатӣ
Ҳассос шудани сина аксар вақт яке аз нишонаҳои аввалини ҳомиладорӣ мебошад. Ин тағйирот дар натиҷаи баланд шудани сатҳи гормонҳо дар хун ва беҳтар гардидани гардиши хун дар бофтаҳои сина ба вуҷуд меояд.
Калоншавии сина ҳангоми ҳомиладорӣ
Ҳангоми ҳомиладорӣ, хусусан дар вақти ҳомиладории аввал, як ё ду андоза зиёд шудани ҳаҷми сина як ҳолати муқаррарӣ аст. Ин ҳолат метавонад аз давраи аввали ҳомиладорӣ оғоз ёфта, дар тӯли тамоми ин давра идома ёбад. Рушди босуръати сина боиси кашида шудани пӯсти он ва хориш мегардад. Пас аз таваллуди кӯдак низ ҳаҷми сина метавонад калон шуданро идома диҳад.
Рагҳои кабуд дар сина
Одатан, дар давраи ҳомиладорӣ ҳаҷми хун 50% меафзояд. Дар натиҷа, рагҳои кабуд бахусус дар мавзеи сина ва шикам пайдо мешаванд. Ин рагҳо барои интиқоли хун ва моддаҳои ғизоӣ ба ҷанини дар ҳоли рушд заруранд.
Тағйирёбии сина дар семоҳаи дуюм
Семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ байни ҳафтаҳои 14–27-умро дар бар мегирад ва дар ин давра дар сина чунин тағйирот ба вуҷуд омада метавонанд:
Тира шудани ранги ареолаҳо
Ареолаҳо доираҳои рангин дар атрофи нӯги пистон мебошанд. Дар семоҳаи дуюм ва сеюм ҳаҷми ареолаҳо калон шуда, рангашон тира мегардад. Тира шудани ареолаҳо натиҷаи тағйироти гормонӣ ба ҳисоб меравад. Аксаран, пас аз қатъи ширмаконӣ ранги ареола ба ҳолати пеш аз ҳомиладорӣ бармегардад, аммо баъзан метавонад нисбат ба пештара як ё ду дараҷа тиратар боқӣ монад.
Барҷастагиҳои ареола
Дар давраи ҳомиладорӣ дар ареолаҳо варамҳои хурд (тугмачаҳо) пайдо мешаванд. Инҳоро ғадудҳои Монтгомери меноманд, ки чарб хориҷ карда, пистонро намнок мекунанд ва ҷараёни ширмакониро осон мегардонанд.
Ҷоришавии моеъ аз нӯги пистонҳо
Дар баъзе занони ҳомиладор дар семоҳаи дуюм омадани моеъ аз сина метавонад эҳсос шавад. Дар дигарон бошад, ин ҳолат метавонад дар семоҳаи сеюм ё пас аз таваллуд рух диҳад. Ин ихроҷот метавонад дар ҳама гуна давраи ҳомиладорӣ пайдо шавад, аммо ҳангоми ангезиши сина метавонад зиёдтар гардад. Ин ихроҷоти ғализи зард моеъест, ки дар марҳилаҳои аввали бо шири модар таъмин кардани навзодон тавлид ёфта, масуниятро баланд мебардорад.
Варами сина
Омоси сина ба баъзе занони ҳомила таъсир мерасонад. Одатан, ин омосҳо боиси нигаронӣ намешаванд. Онҳо бештар галактоселеҳои дар маҷрои шир бандшуда ё омосҳои хушсифати сина, яъне фиброаденомаҳо мебошанд.
Албатта, чунин тағйиротро бо духтури оилавӣ муҳокима кардан ва дар ҳолати зарурӣ аз муоинаи иловагӣ гузаштан лозим аст.
Тағйирот дар сина ҳангоми ҳомиладорӣ: Семоҳаи сеюм
Ин давра ҳафтаҳои 28–40-ро дар бар мегирад ва дар сина метавонад тағйироти зерин ба вуҷуд ояд:
Идомаи тағйирот
Бисёре аз тағйироте, ки дар семоҳаи якум ва дуюм ба амал омада буданд, дар моҳҳои охири ҳомиладорӣ низ идома меёбанд. Ҳаҷми сина метавонад боз ҳам калонтар ва вазнинтар шавад, тирашавии ранги ареола идома ёбад ва «шири аввал» (фалла) метавонад мунтазам хориҷ шавад.
Кашидашавии пӯст
Рушди босуръати бофтаҳо боиси кашида шудани пӯст мегардад. Ин ҳолат метавонад ба пайдоиши рахҳои сурх ва аломатҳои кашидашавии пӯст оварда расонад. Ин хатҳои сурх одатан дар моҳҳои 6 ё 7-уми ҳомиладорӣ пайдо мешаванд, аммо онҳо метавонанд пеш ё пас аз ин муддат низ пайдо шаванд.
Истеҳсоли шир
Ҳангоми омодагӣ ба ғизодиҳии навзодон дар сина тағйирот ба амал меоянд. Бо вуҷуди ин, заноне, ки дар давраи ҳомиладорӣ тағйироти сина дар онҳо ба таври возеҳ зоҳир нашудааст, набояд дар бораи ширмаконии оянда нигарон бошанд. Ихроҷи моеъ аз сина ҳангоми ҳомиладорӣ ва тағйироти сина қобилияти минбаъдаи модарро дар истеҳсоли шир ё ғизодиҳии кӯдак муайян намекунанд.
Пас аз таваллуд ва ё гоҳе пеш аз он, аз сина ба миқдори кам шири аввал (фалла) хориҷ мешавад. Ин моеъ ба баланд шудани масунияти кӯдак мусоидат мекунад. Меъдаи навзодон хеле хурд аст ва барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти ғизоии онҳо миқдори ками шири аввал комилан кофӣ мебошад.
Ҳар касе, ки аз қобилияти синамаконии худ нигарон аст, бояд барои кумак ва тавсия ба духтур ё мушовири бахши ширмаконӣ (лактатсия) муроҷиат намояд.
Мақолаи муфид: Бемории мастит
Роҳҳои сабук кардани нороҳатӣ
Бисёре аз занони ҳомила дар давраи ҳомиладорӣ бо тағйироти сина рӯ ба рӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, на ҳама дар бораи роҳҳои рафъи тағйирот ё нороҳатиҳои сина маълумот доранд:
- Истифодаи болиштакҳои сина ҳангоми шоридани шир – барои он ки шоридани шири аввал нороҳатӣ наорад, болиштакҳои махсуси синаро (вкладышҳо) истифода баред. Онҳо яккарата ё бисёркарата мешаванд.
- Истифодаи лосион ва равғанҳо – молидани лосион ё равғанҳо ба сина тарангӣ ва хориши пӯстро сабук мекунад. Баъзеҳо ин маҳсулотро бо умеди кам кардани аломатҳои кашидашавии пӯст низ истифода мебаранд.
- Табобати маҷроҳои басташудаи шир – бо гузоштани компресси хунук (яхи дар матоъ печонидашуда) ба қисмҳои дардноку басташудаи сина метавон басташавии маҷроҳои ширро сабук кард.
- Барои муайян кардани безарар будани варамҳо дар сина аз муоинаи мутахассис гузаштан лозим аст.
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Ҳар касе, ки аз тағйироти сина дар давраи ҳомиладорӣ ё пас аз он нигарон аст, бояд ҳатман бо духтур суҳбат кунад. Агар дар ғадуди сина варам пайдо шавад ё аз нӯги пистонҳо тарашшӯҳоти ғайриоддие хориҷ шавад, ки ба шири аввал (фалла) монанд нест, бояд ба духтур муроҷиат кард.
Ин аломатҳо метавонанд безарар бошанд, аммо машварат кардан бо духтур ба мақсад мувофиқ аст.
Мақолаи марбута: Тарашшӯҳот дар давраи ҳомиладорӣ: тағйироти муқаррарӣ ва патологӣ
Мақола дар асоси маълумоти Ассотсиатсияи ҳомиладории Амрико ва Healthline аз ҷониби дастаи Lalu ба забони ӯзбекӣ омода карда шудааст.