Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Давраи ҳомиладорӣ: муҳлатҳо, ҷараён, тағйирот ва омилҳои хавф

Тавассути ин мақола дар бораи ҷараёни давраи ҳомиладорӣ, тағйироти муқаррарӣ ва патологӣ дар он ва омилҳои хатарнок барои ҳомила маълумот мегиред.

Давраи ҳомиладорӣ дар зан пас аз расидани тухмҳуҷайра ва бордоршавии он бо нутфаи мардона, бо ҷойгиршавии муваффақонаи он дар бачадон (имплантатсия) оғоз меёбад.

Он ба ҳисоби миёна 40 ҳафта, яъне 280 рӯз давом мекунад. Ин муддат шартан ба се семоҳа, яъне триместрҳо тақсим мешавад. Пайгирии муҳлат бо тақсим кардани он ба ҳафтаҳо ва триместрҳо барои зани ҳомиладор низ қулай аст.

Пайгирӣ намудани тағйироти давраи ҳомиладорӣ бо ёрии тақвими ҳомиладорӣ яке аз тадбирҳои муҳим барои модар ба ҳисоб меравад. Тақвим ба модари оянда барои дарки организми худ ва тифли дар ҳоли рушд хеле муфид аст.
Барои пайгирии тақвими ҳомиладорӣ дастаи мо замимаи мобилии «Lalu — Мактаби ҳомиладорӣ»-ро таҳия кардааст. Тавассути ин замима занон метавонанд тағйироти дар худ ва ҳомила баамаломадаро ба осонӣ зери назорат гиранд.

Тавсия медиҳем, ки бо тақвим ба таври мухтасар тавассути мақолаи «Тақвими ҳомиладорӣ» дар сомонаи мо шинос шавед ва агар хоҳед, ки ин давраи пурмасъулиятро бо донишҳои муфид гузаронед, замимаи мобилиро ба телефони худ насб намоед.

Шумо метавонед замимаи мобилиро тавассути ин пайванд зеркашӣ кунед: https://bit.ly/lalu-ilovasi

Аломатҳои давраи ҳомиладорӣ

Организми зан то расидани овулятсияи навбатӣ ба ҳомиладорӣ омода мешавад ва пас аз бордоршавӣ ва имплантатсия дар бачадон дар зан аломатҳои аввали ҳомиладорӣ мушоҳида мешаванд. Сабаби пайдоиши ин аломатҳо як қатор тағйироти гормоналӣ дар организм мебошад.

Дар заминаи тағйироти гормоналӣ, шумо метавонед аломатҳои аввалин, аз қабили набудани ҳайзи навбатӣ, омадани миқдори ками тарашшӯҳоти хунолуд, калоншавӣ ва дарднок шудани синаҳо, хоболудӣ, бемадорӣ ва дилбеҳузуриро дар худ эҳсос кунед.
Ғайр аз ин, аломатҳои дуюминдараҷа низ мавҷуданд, ки пайдоиши онҳо нишонаи тасдиқкунандаи ҳомиладорӣ ба ҳисоб меравад. Дар бораи аломатҳои аввалия ва дуюминдараҷаи ҳомиладорӣ метавонед тавассути ин мақола маълумоти муфассал ба даст оред: Аломатҳои ҳомиладорӣ

Муайян кардани муҳлати ҳомиладорӣ

Муайян кардани муҳлати ҳомиладорӣ аз рӯзи охирини ҳайзи зан ҳисоб карда мешавад. Аз ин сана он ба ҳисоби миёна 280 рӯз давом карда, таваллуд фаро мерасад.
Барои муайян кардани муҳлат аз ташхиси ултрасадо низ истифода бурдан мумкин аст.

Семоҳаҳои давраи ҳомиладорӣ

Тавре ки дар боло зикр кардем, тақвими ҳомиладорӣ ба таври шартӣ ба се семоҳа тақсим мешавад. Ин давраҳо низ дар навбати худ ҳафтаҳои муайянро дар бар мегиранд. Яъне, аз ҳафтаи 1 то 13 триместри I, аз ҳафтаи 14 то 26 триместри II ва аз ҳафтаи 27 то 40 триместри III ҳисобида мешавад.

Триместри аввалро барои зани ҳомиладор метавон давраи созиш ё худ мутобиқшавӣ бо ҳомила номид. Ин давра нозуктарин давраи ҳомиладорӣ ба ҳисоб рафта, аз модар муносибати масъулиятнокро нисбат ба саломатӣ ва тағйироти организми худ талаб мекунад. Дар охири триместр дарозии ҳомила 7-8 см ва вазни бадани он 25 граммро ташкил медиҳад.

Дар триместри дуюм шумо метавонед эҳсоси сабукӣ ва ҳиссиёти гуворо дошта бошед. Дар ин давра нишонаҳои токсикоз қариб аз байн мераванд ва коҳиш ёфтани дигар нороҳатиҳо низ мушоҳида мешавад. Баъзан баъзе занони ҳомиладор аз дардҳои шадид дар минтақаи кос, шикам ва устухони шармгоҳ шикоят мекунанд. Агар дард сахт бошад, пас аз 30–60 дақиқа истироҳат ҳам нагузарад ё бо хунравӣ ва ё кашишхӯриҳои мунтазами ба дардҳои таваллуд монанд ҳамроҳ бошад, фавран ба духтур муроҷиат кунед.

Семоҳаи сеюмро метавон марҳилаи омодагии организм ба зоиш донист. Дар баробари ин, кӯдаки ояндаи шумо рушду инкишоф меёбад ва дар наздикии охири муҳлат шумо аломатҳои зоишро эҳсос хоҳед кард.
Кӯдаки хурдакаки шумо ҳангоми "мунтазири" таваллуд шудан буданаш – ҳаракатҳои барои ҳаёташ муҳимро ба мисли макидан, фурӯ бурдан, нафаскашӣ, тоб додани сар, ҳаракати пойчаҳо ва дастчаҳо анҷом медиҳад.

Тағйирот дар бадани зан ҳангоми ҳомиладорӣ

Ҳангоме ки дар оғӯши модари ҷавон ҷони нав ташаккул меёбад, дар баробари рӯз то рӯз калон шудану инкишоф ёфтани ҷанин, дар организми модари оянда низ тағйироти зиёде мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, вобаста ба муҳлати ҳомиладорӣ дар системаи ҳозима (дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, қабзият ва метеоризм), узвҳои ҳис (тағйирёбии биноӣ, таъму бӯйфаҳмӣ), пӯст (доғҳо, рахҳо, донаҳо), системаи гардиши хун ва нафаскашӣ тағйироти гуногун ба амал меояд.

Шумо метавонед тағйироти хос ба муҳлати ҳомиладориро аз ҷадвали зерин бифаҳмед.

Омилҳои хавфи давраи ҳомиладорӣ

Одатан, ҳангоми муътадил гузаштани ҳомиладорӣ мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд намеоянд. Баъзан мушкилот низ мушоҳида мешаванд, бинобар ин беҳтар аст, ки ҳар як зан дар бораи ҳолатҳои хатарнок ҳангоми ҳомиладорӣ маълумот дошта бошад.

Табиб ҳангоми мушоҳидаи зани ҳомиладор барои муайян кардан ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои ташвишовар мунтазам таҳлилҳо, озмоишҳо ва муоинаҳои заруриро мегузаронад. Барои зани ҳомиладор низ огоҳ будан аз ҳолати худ ва сари вақт ба табиб хабар додани нишонаҳои хатарнок аз фоида холӣ нест.

Дар занони ҳомиладор омилҳое ба мисли афтидани ҳомила (эҳтимоли афтидани кӯдак дар 20 ҳафтаи аввали ҳомиладорӣ бештар аст), ҳомиладории берун аз бачадон, таваллуди бармаҳал ё пеш аз муҳлат (агар кӯдак то ҳафтаи 37-ум таваллуд шавад, он пеш аз муҳлат таваллудшуда ҳисобида мешавад), преэклампсия, кам шудани миқдори оби атрофи ҳомила, диабети гестатсионӣ ва пеш ҷойгир шудани ҳамроҳак метавонанд ба ҳаёти модар ва ҷанин хатар эҷод кунанд.

Дар бораи ҳолатҳое, ки метавонанд ба ҳомила хатар эҷод кунанд, метавонед тавассути ин мақола маълумоти муфассал ба даст оред.

Мақолаи муфид: Сироятҳо ҳангоми ҳомиладорӣ: хатарноктарин сироятҳо ва роҳҳои муҳофизат аз онҳо

Ғизо ҳангоми ҳомиладорӣ

Агар дар зани ҳомила ягон нороҳатӣ эҳсос нашуда, ҳомила муътадил инкишоф ёбад, зани ҳомила бояд дар як рӯз 4 маротиба хӯрок хӯрад. Дар ратсиони ғизои якрӯза бояд нисфи сафедаро сафедаи ҳайвонот (гӯшт, моҳӣ – 25%, 20% – маҳсулоти ширӣ, 5% – тухм) ташкил диҳад.

Эҳтиёҷ ба сафедаҳои растанӣ бо ёрии лӯбиёгиҳо (мош, нахӯд, лӯбиё), биринҷ, карам ва картошка таъмин карда мешавад. Ба сифати манбаи карбогидрат, ба ғайр аз шакар, истифода бурдани нон, ярма ва меваҳо мақсаднок аст.

Ҳангоми ҳомиладорӣ истеъмоли гӯшти хом ё нимпухта, ҷигар ва паштети ҷигар тавсия дода намешавад; гӯшти гов ва гӯсфандро хуб пухта хӯрдан мумкин аст – он манбаи муҳими оҳан мебошад. Дар бораи маҳсулоте, ки барои зани ҳомиладор ва ҷанин зараровар аст, аз ин мақола маълумоти пурра гиред: Дар ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест?

Яке аз шартҳои асосии бехатар гузаштани ҳомиладорӣ ва хуб инкишоф ёфтани ҷанин ғизогирии дуруст аст; ғизо бояд серғизо, гуногун ва аз сафедаҳою витаминҳо, аз ҷумла кислотаи фолий ва витамини С бой бошад. Масалан, қабули 400 мкг кислотаи фолий дар як рӯз пеш аз ҳомиладорӣ эҳтимоли пайдоиши нуқсонҳои модарзодиро коҳиш медиҳад.

Агар хоҳед, ки дар бораи тарзи дурусти ғизохӯрӣ дар давраи ҳомиладорӣ маълумоти ҳарҳафтаина гиред, замимаи мобилии «Lalu»-ро боргирӣ кунед.

Ҳомиладорӣ ва машқҳои ҷисмонӣ

Зани ҳомиладор бояд мунтазам машқҳои сабуки бадантарбияро иҷро кунад. Вобаста ба марҳилаҳои ҳомиладорӣ маҷмӯи махсуси машқҳои гимнастикӣ тавсия карда мешавад.

Дар як ҳафта 5-7 маротиба ба муддати 30 дақиқа бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан мумкин аст. Дар аввал тавсия дода мешавад, ки аз 10 дақиқа дар як рӯз оғоз намуда, онро тадриҷан то 30 дақиқа зиёд кунед. Иҷрои мунтазами машқҳо дар давраи ҳомиладорӣ омили муҳими рушди ҷанин ва сабук гузаштани таваллуд ба ҳисоб меравад.

Алоқаи ҷинсӣ ҳангоми ҳомиладорӣ

Алоқаи ҷинсӣ дар давраи ҳомиладорӣ, агар нишондодҳои зид ва омилҳои маҳдудкунанда набошанд, бехатар аст. Аммо агар дар зан хавфи исқоти ҳамл ё дигар ҳолатҳои манфӣ вуҷуд дошта бошад, албатта, бояд аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ кард.

Алоқаи ҷинсӣ ба кӯдаки ояндаи шумо зарар намерасонад. Аммо ҳамчун чораи эҳтиётӣ ҳамсарон бояд бо ҳам маслиҳат карда, ҳолатҳои бехатарро интихоб намоянд.

Тағйир ёфтани майли ҷинсӣ ҳангоми ҳомиладорӣ дар зан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб хавотир шудан лозим нест, аммо дар ин бора бо шарики худ суҳбат кардан аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Баъзе зану шавҳарон ҳангоми ҳомиладорӣ аз алоқаи ҷинсӣ лаззат мебаранд, дигарон бошанд, майл надоштани худро эҳсос мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, дар бораи эҳсосоти худ бо ҳамдигар суҳбат карда, созиш ҳосил кардан аст.

Ин мақоларо низ хонед: Баланд шудани тонуси бачадон дар давраи ҳомиладорӣ

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ тавр дуруст хобидан лозим аст?

Бисёр занони ҳомиладор дар ин давра, хусусан дар семоҳаи якум ва сеюм аз хастагӣ шикоят мекунанд. Зиёдшавии сатҳи прогестерон ва бардоштани вазни зиёдатӣ низ метавонад хастагиро афзоиш диҳад, ки ин дар навбати худ метавонад бехобиро зиёд кунад.

Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Усулҳои паст кардани стресс ҳангоми ҳомиладорӣ

Аз ҳад зиёд дар зери стресс будан метавонад ба саломатии шумо ва кӯдаки ояндаи шумо мушкилоти гуногунро ба миён орад.

Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Ҳангоми ҳомиладорӣ дар шикам чӣ гуна тағйиротҳо рӯй медиҳанд?

Зан метавонад аз он нигарон бошад, ки шикамаш нисбат ба ҳафтаи ҳомиладорӣ хеле калон ё хеле хурд аст ё ҳомила дар қисми болоӣ ё поёнии шикам "ҷойгир мешавад."