Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Тақвими ҳомиладорӣ ва калкулятори ҳисобкунӣ

Тавассути мақола бо калкулятори ҳисобкунии ҳомиладорӣ ва тақвими ҳомиладорӣ шинос мешавед.

Давраи аҷибе, ки ҳар як зан бесаброна интизораш мебошад, бешубҳа, ҳомиладорӣ аст. Рӯҳия ва эҳсосоти дарунии ин давраро дар тӯли умр танҳо дар мавридҳои нодир метавон эҳсос кард. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ин лаҳзаҳо фаромӯшнашаванда ва хотирмон гузаронида шаванд. Дар тӯли давраи ҳомиладорӣ тақвими ҳомиладорӣ ба шумо кумак мекунад, ки чунин эҳсосотро дарк намоед.
Тақвими ҳомиладорӣ (календар) ба шумо имкон медиҳад, ки дар бораи тағйироти аҷибе, ки дар тӯли тамоми муҳлати ҳомиладорӣ дар ҷисми шумо рух медиҳанд, хонда, онҳоро эҳсос намоед.

Барои ҳисоб кардани санаи таваллуд ва мӯҳлати ҳомиладорӣ аз калкулятори санаи таваллуд истифода баред.

Дар поён мо ба шумо дар бораи тағйироти асосие, ки дар давоми давраи ҳомиладорӣ дар организми шумо ва кӯдаки ояндаатон рӯй медиҳанд, маълумоти мухтасар медиҳем.

Ҳамаи маълумоти заруриро дар давоми ҳомиладорӣ метавонед тавассути барномаи мобилии «Lalu — Мактаби ҳомиладорӣ» пайдо кунед.
Бо зеркашии барнома шумо метавонед воситаҳои муфидро ройгон ба даст оред: аз маълумот дар бораи тағйироти модару кӯдак дар давраи ҳомиладорӣ сар карда, то ғизои дуруст, муоинаҳои муҳими тиббӣ, маслиҳатҳои гинеколог, машқҳои давраи ҳомиладорӣ, интихоби ном барои фарзанди оянда, мӯҳлати ҳомиладорӣ, инчунин суҳбат бо дигар занони ҳомиладор ва тахминан муайян кардани ҷинси кӯдак.

Агар барнома таваҷҷуҳи шуморо ҷалб карда бошад, метавонед онро аз ин ҷо зеркашӣ кунед: https://bit.ly/lalu-ilovasi


Тақвими ҳомиладорӣ: семоҳаи аввал


Ҳафтаи 1

Организми шумо ба ҳомиладорӣ омодагӣ мебинад. Агар аз рӯйи муҳлати акушерӣ ҳисоб карда шавад, ҳафтаи аввали ҳомиладорӣ аз рӯзи аввали ҳайзи охирин оғоз меёбад.

Ҳафтаи 2

Дар ҳафтаи 2-юми ҳомиладорӣ дар организми зан раванди овулятсия рух дода, организм ба бордоршавӣ омода мешавад, яъне аз тухмдон тухмҳуҷайра пухта хориҷ мешавад. Аксаран занҳо дар миёнаи сикли ҳайз, яъне дар рӯзи 14-ум ҳомиладор мешаванд.

Агар аз тухмдонҳо ду ҳуҷайратухми болиғ ҷудо шуда, ҳар ду бордор шаванд, ҳомиладории дугоникии дизиготӣ ба вуҷуд меояд.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 3-юм

Санҷиши ҳомиладорӣ натиҷаи манфӣ нишон медиҳад. Аммо, баъзе занон метавонанд дар худ чунин нишонаҳои ҳомиладориро эҳсос кунанд, аз қабили зуд хаста шудан, дилбеҳузурии сабук, ҳассос шудани ғадудҳои сина, пайдо шудани ихроҷоти хунин ва зиёд шудани пешобронӣ.

Ҳафтаи 4-ум

Андозаи ҷанин мисли донаи кӯкнор буда, он босуръат рушд мекунад. То ҳафтаи 10-ум ҳамаи узвҳои муҳими ҷанин ташаккул ёфта, баъзеи онҳо ба кор шурӯъ мекунанд. Дар ин давра эмбриони босуръат инкишофёбанда хеле нозук мебошад. Таъсироти манфии беруна метавонад боиси маҳви он ё нуқсонҳои модарзодӣ гардад.

Ҳафтаи 5

Аз ҳисоби тағйирот дар системаи асаб ва эндокринии зани ҳомила ва синтези гонадотропини хорионӣ (ХГ), ки аз хорион (як қабати ҷанин) ҷудо мешавад, дар аксари занон дар семоҳаи аввал ҳолати токсикоз рух медиҳад. Аломатҳои токсикоз – ҷудошавии зиёди оби даҳон ва қайкунӣ мебошанд.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 6

Дарозии ҷанини шумо ба 0,51-0,64 см мерасад. Рӯйи он оҳиста-оҳиста ба ташаккулёбӣ оғоз мекунад. Ду нуқта пайдо мешавад, ки баъдан аз онҳо чашмҳо ва аз ду нуқтаи дигар сӯрохиҳои бинӣ ташаккул меёбанд. Ғайр аз ин, ҷоғҳо, гӯши дарунӣ, забон ва торҳои овозӣ, инчунин гардан ва манаҳ муайян шуда ба чашм мерасанд. Сари ҷанини 6-ҳафтаина калон буда, баданаш ҳарфи "С"-ро ба хотир меорад.

Ҳафтаи 7

Ҳомиладорӣ ҷараёни физиологии мураккаби мутобиқшавӣ мебошад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди он ки ҳафтаи 7-ум идома дорад, табъи зан тағйирёбанда боқӣ мемонад.
Дар ҳафтаи 7-ум гардиши хун ба ковокии коси хурд меафзояд, ки дар натиҷа ихроҷи пешоб зиёд мешавад ва дар шикам рагкашӣ (спазмҳо) ба вуҷуд меояд.

Ҳафтаи 8-ум

Организми кӯдаки оянда босуръат инкишоф меёбад, барои ҳомила энергия ва маводи сохтмонии зиёд лозим мешавад. Аз ин рӯ, дили ҷанин зуд-зуд мезанад — дар як дақиқа 150–170 маротиба тапиш мехӯрад. Дар мағзи сар нейронҳо шоха ронда, пайвандҳои нав пайдо мешаванд.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 9-ум

То ҳафтаи 9-уми тақвими ҳомиладорӣ дар организми зан бофтаҳои чарбӣ ҷамъ шудан мегиранд — бо ин роҳ организми зан ба ширдиҳӣ омода мегардад.
Дар аксари занон таҳти таъсири гормони релаксин пайвандҳои кос суст мешаванд. Ин дар оянда ҷараёни таваллудро осон мекунад. Аз ҳамин сабаб, зан метавонад дар минтақаи кос дард ва дар роҳгардӣ тағйиротро эҳсос намояд.

Ҳафтаи 10-ум

Дарозии кӯдаки шумо беш аз 3-4 см буда, вазни баданаш 4 граммро ташкил медиҳад. Дар давоми ҳафтаҳои наздик ҷанин се баробар калон мешавад, пешониаш барҷаста мегардад, зеро мағзи сар низ рушд мекунад. Яке аз муҳимтарин микроэлементҳо дар давраи ҳомиладорӣ – руҳ (синк) мебошад. Руҳ ба таркиби бисёр ферментҳо дохил мешавад ва онҳо дар равандҳои биохимиявии организм фаъолона иштирок мекунанд. Бо иштироки руҳ зиёда аз 300 намуди сафедаҳо синтез мешаванд.

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 11-ум

Аҳволи умумии зани ҳомила беҳтар мегардад. Акнун «тӯфони» гормоналӣ фурӯкаш мекунад ва занро чандон азият намедиҳад. Нишонаҳои токсикоз, ки қаблан нороҳат мекарданд, дигар зани ҳомиларо ташвиш намедиҳанд.
Бо вуҷуди ин, ҳомиладорӣ дар ҳамаи занон ба таври гуногун мегузарад ва дар баъзеҳо то ҳафтаи 11-12 зуҳуроти ҳамаи нишонаҳо метавонад «ба авҷи худ расад».

Ҳафтаи 12

То ҳафтаи 12-уми давраи ҳомиладорӣ яке аз муҳимтарин равандҳо дар инкишофи ҳомила – рефлексҳо ташаккул меёбанд. Ангуштон ва кафи дастони ӯ қат ва кушода мешаванд, мушакҳо ба кашишхӯрӣ сар мекунанд, мушакҳои атрофи даҳону чашм низ ба ҳаракат медароянд ва рефлекси макидан пайдо мешавад. Акнун ҳомила бо даст ламс кардани шиками модарро ҳис мекунад ва дар посух ба он ҳаракат мекунад. Аммо модар ин гуна ҳаракатҳоро ҳанӯз ҳис намекунад.

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 13

То ин ҳафта бо ёрии УЗИ ҷинси кӯдаки ояндаатонро муайян кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, бо боварии комил гуфтан душвор аст. Ҳаракати кӯдак фаъол мегардад: акнун ӯ бемалол дасту пояшро ҳаракат дода метавонад, фурӯ мебарад, хамёза мекашад ва ҳиқичоқ мезанад.

Табрик мекунем!

Шумо давраи ҳассостарини ҳомиладориро паси сар кардед. Акнун метавонед нафаси осуда кашед.
Агар хоҳед, ки давраи ҳомиладориро боз ҳам пурмазмунтар гузаронед, замимаи мобилии "Lalu – Мактаби ҳомиладорӣ"-ро боргирӣ кунед.


Тақвими ҳомиладорӣ, семоҳаи дуюм


Ҳафтаи 14

Дарозии ҳомила 9 см ва вазни баданаш 35-45 граммро ташкил медиҳад. Бадани ҷанин нисбат ба сараш тезтар рушд мекунад, гардан ба таври возеҳ намоён мешавад. Кӯдак ҳаракатҳои нафаскаширо иҷро мекунад, ки бо ин роҳ рушди мушакҳои нафаскашӣ метезад.

Ҳафтаи 15-ум

Намуди зоҳирии зани ҳомила метавонад гуногун бошад. Дар ин давра бачадони зан ба коси хурд намеғунҷад ва шикам ба таври назаррас калон мешавад.
Таҳти таъсири тағйироти ҳормонӣ ҳаҷми хун зиёд мешавад ва бар асари ҷамъшавии он дар луобпардаи бинӣ, бинӣ метавонад гирифта шуда, хунравӣ кунад.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 16-ум

Дар кӯдак гӯши дарунӣ ташаккул ёфтааст ва устухончаҳои шунавоӣ мавҷуданд. Акнун ӯ метавонад шуморо бишнавад ва садоятонро дар хотир нигоҳ дорад. Баъди таваллуд низ садои шуморо фарқ карда метавонад. Тибқи натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмӣ, кӯдак мусиқиҳоеро, ки дар батни модар шунида буд, ба ёд оварда метавонад.

Ҳафтаи 17

Дар натиҷаи калон шудани шикам мувозинати бадан халалдор мешавад ва аз ин сабаб барои зан «дар пой истодан душвор мегардад». То ҳафтаи 17-ум баъзе занон ҳаракатҳои кӯдаки худро ҳис карданро сар мекунанд; одатан ҳаракатҳо дар байни ҳафтаҳои 16–24, дар ҳомиладории аввал бошад, аксаран пас аз ҳафтаи 20-ум ҳис карда мешаванд.
Аксари занон дар семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ хобҳои ғайриоддӣ мебинанд.

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 18

Фаъолияти узвҳои ҳисси кӯдаки ояндаатон меафзояд: шунавоӣ, биноӣ ва таъм. Кӯдак равандҳои организми модарро мешунавад, агар дар наздикии модар садои баланд барояд, ӯ «як қад мепарад».

Ҳафтаи 19

То ин давра баъзе занони ҳомила аз дардҳои шадиди соҳаи кос, шикам ва зеҳор шикоят мекунанд. Одатан, ин гуна дардҳо ҳангоми ҳаракати ногаҳонӣ пайдо шуда, пас аз чанд дақиқа мегузаранд. Сабаби ин ҳолат кашида шудани пайванди мудаввар дониста мешавад.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 20

Дарозии ҷанин 25,4 см, вазнаш бошад 300 г мешавад. Дар давраи то ҳафтаи 20-уми ҳомиладорӣ аз сабаби ҷамъ будани пойҳои ҷанин чен кардани дарозии пурраи қади он ғайриимкон аст, бинобар ин он тахминан аз кос то сар чен карда мешавад. Дар ҳафтаи 20-ум бошад, дарозии қади онро аз пошна то сар чен кардан мумкин аст.

Ҳафтаи 21

Дар миён ва соҳаи коси хурд эҳсоси кашиш пайдо шуда метавонад. Ин ҳолат бедард зоҳир шуда, 1 дақиқа давом мекунад ва сипас мегузарад, вале метавонад ҳар 4-5 соат такрор шавад. Инҳо дардҳои бардурӯғи зоиш ҳисобида мешаванд. Сабаби онҳо пурра омӯхта нашудааст, аммо чунин дардҳо одатан бехатар ҳисобида мешаванд. Бо вуҷуди ин, агар пеш аз ҳафтаи 37-ум дардҳо мунтазам ё дарднок шаванд, дарди ғайриодии миён пайдо шавад ё аз маҳбал моеъ ё хун ояд, фавран ба духтур муроҷиат кунед.

Тавсияҳоро оид ба сабук кардани дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ метавонед тавассути ин мақола мутолиа кунед: Дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ – сабабҳо ва усулҳои рафъи он

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 22-юм

Аз ҳафтаи 22-юм сар карда, кӯдак «тартиби рӯз»-и шахсии худро пайдо мекунад, яъне ӯ дар вақти муайян хоб меравад (давраҳои хоби ӯ одатан 20–40 дақиқа давом мекунанд ва хеле кам аз 90 дақиқа зиёд мешаванд) ва дар вақти муайян бедор мешавад. Шиками шумо калон шудааст ва таҳти таъсири ҳормонҳо ҳаҷми ғадудҳои ширии сина низ меафзояд.

Ҳафтаи 23-юм

Аз сабаби серҳаракатии кӯдак шояд баъзан дар шумо нороҳатӣ мушоҳида шавад. Дар чунин ҳолатҳо бештар сайр кунед, бо фарзандатон суҳбат намоед ва ба ӯ таваҷҷуҳ кунед. Агар то ҳол барои фарзандатон ном интихоб накарда бошед, метавонед тавассути барномаи мобилии «Lalu — Мактаби ҳомиладорӣ» барои тифлаки азизатон ном интихоб намоед.

Ҳафтаи 24-ум

Дар ҳафтаи 24-уми тақвими ҳомиладорӣ ҷуссаи кӯдаки ояндаи шумо ба андозаи як харбузаи мудаввар мешавад. Акнун пӯсти ӯ дигар шаффоф нест, зеро пигментҳо ва қабати чарби зери пӯст ташаккул меёбанд. Аз ҳисоби зиёд шудани капиллярҳои майда ранги пӯст оҳиста-оҳиста гулобӣ мегардад.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 25-ум

То ин марҳилаи ҳомиладорӣ занони ҳомиладор одатан метавонанд ҳис кунанд, ки каме вазн гирифтаанд. Агар шумо низ инро дар худ ҳис кунед, хавотир шудан лозим нест. Зеро дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҷанин, зиёд шудани ҳаҷми хун ва моеъ, инчунин ҷамъ шудани захираи чарб барои ширдиҳӣ вазн гирифтан табиӣ аст. Аммо агар вазн ё варам ногаҳон ва якбора зиёд шавад, ба духтур муроҷиат кунед. Дар тӯли давраи ҳомиладорӣ вазни худро чен карда, онро дар бахши «Назорати вазн»-и замимаи мобилии мо сабт карданро фаромӯш накунед.

Ҳафтаи 26

То ҳафтаи 26-ум қаъри бачадон 6 см болотар аз ноф ҷойгир мешавад. Аз сабаби калон шудани ҳомила ҳангоми хоб нороҳатиҳо ба вуҷуд меоянд. Аввалан, аз сабаби ноқулай будани ҳолати хоб шуморо саволи «дар давраи ҳомиладорӣ чӣ тавр бояд хобид» ба ташвиш меорад, дуюм, фикру хаёлҳои зиёд дар бораи кӯдаки оянда сабаб мешаванд. Баъзан ин ҳолат метавонад то ба дараҷаи бехобӣ дар давраи ҳомиладорӣ расад. Аз ин рӯ, гигиенаи хобро қатъиян риоя кунед.
Барои рафъ кардан ва сабук намудани чунин ҳолатҳо шумо метавонед аз болиштҳои махсус барои занони ҳомиладор истифода баред.

Табрик менамоем!

Шумо ва кӯдаки шумо роҳи тӯлониро тай карда, семоҳаи дуюмро паси сар намуда, ба сӯи семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ қадам мегузоред. Дар осону бомуваффақият гузаштани ин роҳ «Lalu — Мактаби ҳомиладорӣ» метавонад ҳамроҳи шумо бошад.


Тақвими ҳомиладорӣ: семоҳаи сеюм


Ҳафтаи 27-ум

Дарозии кӯдаки шумо 36-37 см-ро ташкил медиҳад. Барои кӯдак бачадон акнун тангӣ мекунад, бинобар ин чунин ба назар мерасад, ки ҳаракатҳои ӯ боқувваттар шудаанд.
Мағзи сари ӯ мураккабтар шуда, рефлексҳояш низ пурра ташаккул меёбанд. Кӯдак ангушташро мемакад, бо чашмони пӯшида мехобад ва бедор мешавад.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 28-ум

Аз таъсири фикру хаёли зиёд дар бораи кӯдак ва тағйироти ҳормонӣ мушкилоти хоб мушоҳида мешавад. Ҳангоми ба хоб рафтан хобатон намебарад ва мехоҳед ба ягон кор машғул шавед.

Ҳафтаи 29-ум

Ҷуссаи кӯдак ба монанди навзодон мешавад ва сараш ҳам нисбат ба баданаш чандон калон нест. Ҳомила аз ҳисоби афзоиши қабати чарби зери пӯст "фарбеҳ" мешавад. То ин вақт низоми масунияти худи ӯ ташаккул меёбад, аммо антителоҳоро аз бадани модар тавассути хун мегирад.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 30-юм

Дар баъзе занон ҳангоми атса задан, сулфидан ва хандидан беихтиёр рафтани пешоб мушоҳида мешавад. Дар пойҳо варам пайдо шуда меистад. Ин гуна нишонаҳо аксаран пас аз таваллуд аз байн мераванд; ҳангоми нигоҳ дошта натавонистани пешоб машқҳои мушакҳои қаъри кос кӯмак мекунанд. Агар дар рӯй, дастҳо ё пойҳо ногаҳон варами сахт пайдо шавад, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Ҳолатҳои ғайриоддии марбут ба хоб мушоҳида мешаванд: дар семоҳаи сеюм занони ҳомиладор дар хоб зуд-зуд беқарор мешаванд, хобҳои гуногун мебинанд. Сабаби ин таъсири ҳормонҳо ва бисёр фикр кардан дар бораи тифли оянда мебошад.

Ҳафтаи 31-ум

То ин вақт вазни бадани ҷанин нисбат ба дарозии қадаш бештар меафзояд. Қади он тақрибан 41 см ва вазни баданаш 1,5 кг-ро ташкил медиҳад. Дар ҳафтаи 31-ум баъзе кӯдакон мӯйи сари бисёр доранд, дар баъзеашон бошад, шояд умуман мӯй набошад.

Ҳафтаи 32-юм

Ҳангоми "интизорӣ"-и таваллуди тифлакатон — ӯ ҳаракатҳои барои ҳаёташ муҳимро ба ҷо меорад: мемакад, фурӯ мебарад, нафас мекашад, сарашро мегардонад ва дастчаҳову пойчаҳояшро ҳаракат медиҳад. Вақте ки ӯ хаста мешавад, хоб меравад ва ҳатто хоб ҳам мебинад.

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 33-юм

Дардҳои бардурӯғи таваллуд боз ҳам бештар нороҳат мекунанд. Бо ҳамин роҳ организм ба раванди зоиш омода мешавад. Фарқи дарди аслии таваллуд аз дарди бардурӯғ он аст, ки дарди бардурӯғ дар муддати кӯтоҳ мегузарад.

Ҳафтаи 34-ум

Дар ин давра шумо метавонед ҳис кунед, ки шикаматон каме хурд шудааст. Ин ду сабаб дорад. Якум, ҷанин каме поёнтар мефарояд. Дар баъзе ҳолатҳо ин барвақттар рух медиҳад, баъзан бошад, чанд соат пеш аз оғози таваллуд. Дуюм, миқдори моеи амниотикӣ (моеи атрофи ҷанин) дар бачадон каме кам мешавад – он одатан дар ҳафтаҳои 32–34 аз ҳама бештар буда, сипас ба таври табиӣ кам шудан мегирад. Аммо агар ба назаратон шикаматон ба таври назаррас хурд шуда бошад ё аз маҳбал моеъ ояд, фавран ба духтур муроҷиат кунед: ин метавонад аз кам будани моеи атрофи ҷанин (аз ҷумла бар асари беобшавии шадиди организм), дарида шудани пардаҳои ҷанин ё суст шудани афзоиши ҷанин дарак диҳад.

Ҳафтаи 35-ум

Дар ҳафтаи 35-уми тақвими ҳомиладорӣ қади кӯдаки шумо 46 см ва вазни баданаш 2,4 кг-ро ташкил медиҳад. Вазни бадани ӯ аз ҳисоби ғафс шудани қабати чарбии зери пӯст меафзояд. Рушди кӯдаки шумо қариб пурра ба охир мерасад.

Тақвими ҳомиладорӣ: ҳафтаи 36-ум

Дар ҳафтаи 36-уми ҳомиладорӣ ва ҳафтаҳои баъдӣ ҳомила каме ба поёнтар мефарояд. Дар натиҷа зардаҷӯшӣ ва нафастангӣ аз байн меравад, аммо аз сабаби фишурда шудани пешобдон хориҷшавии пешоб бештар гардида, дар ноҳияи кос эҳсоси нороҳатӣ пайдо мешавад.

Ҳафтаи 37-ум

Хусусияти ҳаракатҳои кӯдак тағйир меёбад (азбаски бачадон барои ӯ танг шудааст, ба ҷои лагадзанӣ бештар чарх задан ва дароз кашидани ӯ ҳис карда мешавад), аммо шумораи ҳаракатҳо набояд кам шавад. Агар ҳаракатҳо кам шаванд ё аз ҳолати муқаррарӣ фарқ кунанд, интизор нашуда, фавран ба таваллудхона муроҷиат кунед. Ҳомила ҳамаи рефлексҳоеро, ки барои ҳаёти баъди таваллуд муҳиманд, иҷро карда метавонад: нафаскашиву нафасбарорӣ, фурӯбарӣ, макидан, кушодаву пӯшидани чашмон. Ӯ пайваста ин гуна ҳаракатҳоро такрор мекунад.

Барои маълумот, таваллуде, ки то оғози ҳафтаи 37-уми ҳомиладорӣ ба вуқӯъ мепайвандад, зоиши бармаҳал маҳсуб мешавад.

Ҳафтаи 38

Ҳомилаатонро акнун метавон кӯдак номид. Ҳамаи узвҳои он пурра инкишоф ёфтаанд. Он барои зиндагии мустақилона комилан омода аст. Ҳомила ба коси хурд поин мефарояд ва метавонад баъзе рагҳои асабро пахш кунад.

Ҳафтаи 39

Таваллуди саривақтӣ (дар мӯҳлаташ) дар байни ҳафтаҳои 37 ва 42 рух медиҳад. Онҳое, ки бори аввал таваллуд мекунанд, одатан дар ҳафтаи 41-ум фарзанди худро ба дунё меоранд. Дар ҳафтаи 39-ум дардҳои козиби зоиш метавонанд нороҳат созанд. Агар дарди воқеии зоиш фаро расад ва шумо дар бораи аломатҳои таваллуд маълумоти кофӣ дошта бошед, метавонед онро аз дарди козиб ба осонӣ фарқ кунед: дарди воқеӣ бо аломатҳои торафт шиддатёбанда ва дарозмуддат зоҳир мешавад.

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 40

Ҳангоми интизории раванди таваллуд худро ором нигоҳ доред. Агар аломатҳои зерин пайдо шаванд, фавран ба таваллудхона рафтан лозим аст:
— Моеи атрофи ҷанин хориҷ шавад. Моеи атрофи ҷанинро аз ихроҷоти муқаррарии маҳбал ё пешоб фарқ кардан на ҳамеша осон аст, бисёре аз занон шояд фикр кунанд, ки пешоб хориҷ шудааст – ҳатто агар шубҳа дошта бошед, ба таваллудхона равед.
— Дарди аслии таваллуд сар шавад. Онҳо бар хилофи дардҳои бардурӯғ, дарднок буда, хусусияти давомдор доранд ва нороҳатии бештаре эҷод мекунанд.

Ҳафтаи 41

Дарозии ҳомила 50-56 см ва вазни бадан 3,2-4,1 кг-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо ба ирсият ва дигар омилҳо вобаста мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо ба таври миёна гирифта шудаанд. То ҳафтаи 41-ум дар организми ҳомила тағйироти назаррасе ба вуҷуд намеояд. Ҳамаи узвҳо пурра инкишоф ёфтаанд, кӯдак барои ба дунё омадан тайёр аст.
Таваллуд аз ҷониби акушер-гинеколог бо роҳи таваллуди табиӣ ё бо усули ҷарроҳии қайсарӣ анҷом дода мешавад.

Тақвими ҳомиладорӣ: Ҳафтаи 42

Таваллуд метавонад дар дилхоҳ лаҳза рух диҳад ва шумо дар наздиктарин фурсат фарзанди худро ба оғӯш мегиред, ӯро шир медиҳед, дар гаҳвора мебандед ва бо чунин корҳои гуворо машғул мешавед. Агар пас аз пурра шудани 41 ҳафта таваллуд оғоз нашавад, хатар барои модар ва ҳомила меафзояд. Аз ин рӯ, тибқи тавсияҳои байналмилалӣ, ҳангоми пурра шудани 41 ҳафта духтур барангехтани сунъии таваллудро пешниҳод мекунад – вақте ки ба ин мӯҳлат мерасед, ҳатман ба духтури худ муроҷиат кунед.

Кӯдак муборак бошад!

Шумо ба бахте, ки ҳар як зан бесаброна интизораш буд, мушарраф гардидед, табрик мегӯем! Мо хушҳолем, ки дар чунин лаҳзаҳои саодатмандатон бо шумо шарик ҳастем!
Агар ба шумо замимаи мобилии «Lalu – Мактаби ҳомиладорӣ» маъқул шуда бошад, дигар дӯстони ҳомиладоратонро низ ба ин мактаби мо даъват намоед.
Ба шумо дар нигоҳубину тарбияи кӯдак барори кор таманно намуда, хоҳиш мекунем, ки ба ин вазифаи муҳим мисли давраи ҳомиладориатон бо масъулият муносибат кунед.

Фикр мекунем, ки замимаи «Lalu»-и мо дар нигоҳубини кӯдакатон низ ба кор меояд. Агар хоҳед, ки рушду инкишофи дуруст ва нигоҳубини кӯдакатонро бар асоси маълумоти боэътимод пеш баред, истифодаи ин замимаи моро идома диҳед!

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Ҳангоми ҳомиладорӣ чӣ тавр дуруст хобидан лозим аст?

Бисёр занони ҳомиладор дар ин давра, хусусан дар семоҳаи якум ва сеюм аз хастагӣ шикоят мекунанд. Зиёдшавии сатҳи прогестерон ва бардоштани вазни зиёдатӣ низ метавонад хастагиро афзоиш диҳад, ки ин дар навбати худ метавонад бехобиро зиёд кунад.

Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Усулҳои паст кардани стресс ҳангоми ҳомиладорӣ

Аз ҳад зиёд дар зери стресс будан метавонад ба саломатии шумо ва кӯдаки ояндаи шумо мушкилоти гуногунро ба миён орад.

Нӯҳ моҳи илоҳӣ

Ҳангоми ҳомиладорӣ дар шикам чӣ гуна тағйиротҳо рӯй медиҳанд?

Зан метавонад аз он нигарон бошад, ки шикамаш нисбат ба ҳафтаи ҳомиладорӣ хеле калон ё хеле хурд аст ё ҳомила дар қисми болоӣ ё поёнии шикам "ҷойгир мешавад."