Синдроми чашми хушк ҳолати хушкии чашм аст, ки аз норасоии намӣ дар чашм ба вуҷуд меояд ва он дар занон аксар вақт дар давраи тағйирёбии гормоналӣ, масалан, ҳангоми ҳомиладорӣ ё ширдиҳӣ зоҳир мешавад. Ҳангоми ҳомиладорӣ синдроми чашми хушк одатан дар охири триместри аввал аз сабаби тағйироти калони гормоналӣ «авҷ мегирад».
Тағйироти ҳормоналие, ки дар давраи ҳомиладорӣ ба мушоҳида мерасанд, метавонанд боиси хушкшавии чашм гарданд.
Одатан хушкшавии чашм дар давраи ҳомиладорӣ як ҳолати нороҳаткунанда буда, аммо безарар аст. Якчанд ҳафта пас аз таваллуд, вақте ки сатҳи ҳормонҳо ба эътидол меояд, ин ҳолат аксар вақт аз байн меравад.
Нишонаҳои хушкшавии чашм дар давраи ҳомиладорӣ
Дар давраи ҳомиладорӣ хушкшавии чашм метавонад бо нишонаҳои хеле гуногун зоҳир шавад, аз ҷумла ин нишонаҳо метавонанд дар ҳар ду чашми шумо пайдо шаванд. Ин нишонаҳо аз инҳо иборатанд:
- сурхшавӣ;
- ашкрезӣ (ин метавонад ғайричашмдошт ба назар расад, аммо вақте рух медиҳад, ки бадан кӯшиши бартараф кардани мушкилотро мекунад)
- эҳсоси хориш, сӯзиш ё дарди сихзананда дар чашм;
- хирашавии чашм ё эҳсоси он ки гӯё дар он чизе бошад;
- часпидани пилкҳои чашм ҳангоми бедор шудан;
- душворӣ ҳангоми истифодаи линзаҳои контактӣ;
- ҳассосият ба рӯшноӣ;
- дар торикӣ (шабона) хуб надидан;
- хастагии чашмон.
Муфид: Тағйирот дар шикам ҳангоми ҳомиладорӣ
Сабабҳои хушкии чашм ҳангоми ҳомиладорӣ?
Синдроми хушкии чашм бемории маъмулест, ки метавонад дар ҳар як инсон пайдо шавад. Ин ҳолат одатан вақте рух медиҳад, ки чашмони шумо барои намнок ва роҳат будан ба қадри кофӣ ашк хориҷ намекунанд.
Ашк на танҳо об аст. Он аз об, луоб ва равғанҳо иборат мебошад. Ин таркиби нозук барои намнок ва пок нигоҳ доштани чашмони шумо кумак мерасонад. Ҳангоми ҳомиладорӣ ин ҳолат одатан дар натиҷаи тағйирёбии сатҳи ҳормонҳои шумо инкишоф меёбад.
Тағйироти ҳормонӣ барои ҳомиладории солим муҳиманд, аммо онҳо метавонанд пайомадҳои номатлуб, ба мисли хушкии чашмро ба вуҷуд оранд. Агар шумо ҳомиладор бошед ва ногаҳон хушкии чашмро эҳсос кунед, ин амри муқаррарӣ аст, зеро ҳормонҳои ҳомиладорӣ боис мешаванд, ки бадани шумо камтар ашк ҳосил кунад.
Дигар омилҳои хавфе, ки ҳангоми ҳомиладорӣ сабаби хушкии чашм мешаванд:
- аллергия;
- истифодаи линзаҳои контактӣ;
- беобшавии бадан;
- дар хонаи гарм будан;
- дар зери нури офтоб бисёр дар берун мондан;
- дар сармо ё шамол дар берун будан;
- бемориҳои аутоиммунӣ;
- истеъмол накардани хӯрокҳои аз витамини А бой;
- муддати дароз истифода бурдани экрани компютер ё телефон.
Муҳим: Нафастангӣ ҳангоми ҳомиладорӣ
Воситаҳои бехатар барои хушкии чашм ҳангоми ҳомиладорӣ
Усулҳои зерин барои пешгирии хушкшавии чашм ҳангоми ҳомиладорӣ кӯмак мерасонанд:
- нӯшидани оби зиёд, махсусан агар токсикоз ва қайкунӣ дошта бошед;
- ғизои мутаносиб бо миқдори зиёди мева ва сабзавот;
- қабули витаминҳои пренаталӣ (ва дигар иловаҳо, агар гинекологатон тавсия дода бошад);
- истифодаи намкунандаи ҳаво дар хона барои бартараф кардани ҳавои хушк;
- парвариши растаниҳо дар хона барои мусоидат ба намнок ва тоза нигоҳ доштани ҳаво;
- ҳангоми дар ҳавои кушод будан пӯшидани айнак барои муҳофизати чашм аз бод ва офтоб;
- худдорӣ аз нигоҳи тӯлонӣ ба экран;
- истифодаи ашки сунъии бе дорухат.
Муфид: Аз байн рафтани иштиҳо дар давраи ҳомиладорӣ ва роҳҳои сабук кардани он
Табобат
Баъзе тағйирот дар чашм ҳангоми ҳомиладорӣ метавонанд назар ба хушкии чашм ҷиддитар бошанд. Бартараф кардани ҳолати хушкии чашм ҳангоми ҳомиладорӣ дар баробари як қатор тадбирҳои профилактикӣ, тавассути муолиҷаҳои тиббие, ки аз ҷониби офталмолог таъин мешаванд, ба роҳ монда мешавад.
Баъзе нишонаҳо дар чашм метавонанд аз мавҷудияти ҳолати ҷиддӣ, ба монанди преэклампсия, шаҳодат диҳанд. Агар дар чашмонатон нишонаҳои зерин пайдо шаванд, интизор нашуда, фавран ба духтури худ, таваллудхона ё ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунед (махсусан агар онҳо бо дарди сар ё варами ногаҳонӣ ҳамроҳ бошанд):
- хирашавии биноӣ;
- тағйирот дар фарқ кардани рангҳо;
- доғҳои сиёҳ дар майдони биноӣ, милт-милт кардани рӯшноӣ, тасвирҳои шинокунанда ва ҳама гуна тағйироти ғайриодии биноӣ;
- натавонистани тамаркузи диққат;
- оғози нобиноии муваққатӣ ё кӯтоҳмуддат.
Агар дар шумо яке аз мушкилоти зерини саломатӣ мавҷуд бошад, ҳангоми ҳомиладорӣ хатари рух додани тағйироти ҷиддӣ дар чашм вуҷуд дорад:
- диабети қанде, ки то ҳомиладорӣ вуҷуд дошт (навъи 1 ё 2);
- фишори баланди хун;
- бемориҳои гурда.
Аз ин сабаб, агар ҳангоми ҳомиладорӣ хушкии чашм шуморо нороҳат кунад, ҳатман аз муоинаи духтури чашм (офталмолог) гузаред. Аммо агар биноӣ ногаҳон хира шавад, дар пеши чашм дурахши нур ё доғҳои сиёҳ пайдо шаванд, қабули офталмологро интизор нашавед – фавран ба акушер-гинекологи худ, таваллудхона ё ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунед, зеро ин метавонад нишонаи преэклампсия бошад.
Ин мақола дар асоси маълумоти нашрияҳои www.aoa.org ва www.healthline.com аз ҷониби дастаи «Lalu» омода шудааст.