Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Чӣ тавр метавон венаҳои варикозиро пас аз таваллуд хурд кард?

Варикоз венаҳои барҷаста ва варамидаи пой мебошад. Ранги онҳо одатан кабуди тира ё бунафш буда, аз намудаш ба риштаи печ дар печ монанд аст.

Дар вақти ҳомиладорӣ венаҳои варикозӣ асосан дар қисми пойҳои занони ҳомила пайдо мешаванд. Дар натиҷаи васеъшавии венаҳо варамҳо ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа метавонад хориш ва баъзан дард пайдо шавад, аммо одатан онҳо безараранд.

Маълумоти умумӣ дар бораи венаҳои варикозӣ

Варикоз ин венаҳои барҷаста ва варамидаи пой мебошад. Ранги онҳо одатан кабуди тира ё бунафш буда, ба намуди риштаи печдарпеч монанд аст. Инчунин венаҳои варикозӣ дар маҳбал ё узвҳои ҷинсии берунӣ низ пайдо шуда метавонанд. Венаҳои варикозие низ мавҷуданд, ки дар рӯдаи рост ба вуҷуд меоянд ва онҳоро геморрой меноманд.

Сабабҳои пайдоиши венаҳои варикозӣ ҳангоми ҳомиладорӣ

Дар давраи ҳомиладорӣ дар бадани зан тағйироти зиёде мушоҳида мешавад. Азбаски дар ин давра ҳаҷми хун нисбат ба муқаррарӣ 50% зиёд мешавад, барои ба тамоми бадан расонидани хун ба рагҳо фишори иловагӣ ворид мегардад. Инчунин, мушакҳои суфтае, ки сатҳи венаҳоро мепӯшонанд, ба туфайли гормони прогестерон суст ва васеъ мешаванд.

Баробари инкишофи ҳомила бачадон калон мешавад ва ин дар навбати худ ба венаҳои калони дар ковокии кос ва шикам ҷойгиршуда фишор меорад. Дар натиҷа, фишори дохили венаҳои пой зиёд шуда, ба дил расидани хун душвор мегардад ва маҳз ҳамин рагҳо варам карда, барҷаста мешаванд.

Тибқи маълумот, тақрибан дар 30%-и занҳое, ки бори аввал давраи ҳомиладориро аз сар мегузаронанд, варикоз пайдо мешавад. Дар ин давра дар пайдоиши варикоз ё набудани он генетикаи зан низ нақши муҳим мебозад.

Аломатҳои пайдоиши венаҳои варикозӣ:

Ҳолати пас аз таваллуди венаҳои варикозӣ, ки дар давраи ҳомиладорӣ пайдо шудаанд

Венаҳои варикозии дар натиҷаи ҳомиладорӣ пайдошуда баъди 12 ҳафтаи таваллуд оҳиста-оҳиста нест мешаванд. Агар дар зан дар натиҷаи якчанд бор ҳомиладор шудан венаҳои варикозӣ васеъ шуда бошанд ё дар таърихи оилавӣ, яъне дар гени ӯ ин ҳолат мавҷуд бошад, венаҳои васеъшуда баъди таваллуд ҳам кашиш нахӯрданашон мумкин аст.

Баъзе усулҳои хурд кардани венаҳои варикозии варамида дар давраи ҳомиладорӣ

Венаҳои варикозии дар давраи ҳомиладорӣ пайдошуда қариб безараранд. Барои хурд кардани онҳо ба тавсияҳои зерин амал кардан кифоя аст:

Усулҳои бехатари табобати рагҳои варикозии баъди таваллуд

Агар рагҳои варикозӣ пас аз гузаштани чанд моҳи таваллуд шифо наёбанд ва ягон нороҳатӣ эҷод кунанд, усулҳои бехатари табобати онҳо низ мавҷуданд. Ба ақидаи муҳаққиқон, барои пешгирии инкишофи рагҳои варикозӣ тавсия дода мешавад, ки табобат пас аз шаш то нуҳ моҳи таваллуд оғоз карда шавад.

Навъи табобат вобаста ба ҳолати варикоз аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан:

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Сабабҳои пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ кадомҳоянд?

Ҳомиладорӣ чунин давраест, ки дар он тағйироти зиёд мушоҳида мешавад. Ҷудо кардани ин тағйирот аз меъёр ва патология аз зани ҳомиладор масъулият, аз шифокор бошад дониш ва малака талаб мекунад. Яке аз чунин муаммоҳо ин пайдоиши хун дар пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ мебошад.

"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Диабети қанд дар вақти ҳомиладорӣ чӣ гуна беморӣ аст?

Гипергликемия метавонад ба рагҳои хунгард, асаб, чашм ва гурда, инчунин дил дар тамоми бадан зарар расонад. Гипергликемия сабаби бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани кӯдакон мегардад.

"Забони бадан" дар даврони ҳомиладорӣ

Дар давраи ҳомиладорӣ дар пӯст чӣ гуна тағйирот мушоҳида мешаванд?

Дар организми зани ҳомиладор дар давоми ҳомиладорӣ тағйироти зиёд рӯй медиҳанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳомиладорӣ дар пӯст, мӯй ва нохунҳо як қатор тағйирот мушоҳида шуданашон мумкин аст. Дар ин мақола мо дар бораи баъзе тағйироти пӯст, ки дар натиҷаи ҳомиладорӣ ба вуҷуд меоянд, маълумот медиҳем.