Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Оғози ояндаи солим

Марҳилаҳои инкишофи кӯдак: Шунавоӣ ва садобарорӣ

Тавассути ин мақола шумо метавонед ба саволҳое чун «Кӯдак кай гап мезанад», «Кӯдак дар чандсолагӣ гап мезанад», «Забони кӯдак кай мебарояд» ҷавоб гиред.

Фарзанди шумо тақрибан дар давраи аз 1 то 3-моҳагӣ марҳалаҳои ҷолиби шунавоӣ ва нутқро аз сар мегузаронад. Ба инҳо бо шунидани овози шумо табассум кардан ва ба самти садо гардондани сар дохил мешаванд. Ҳамчунин, дар ин давра кӯдакон ба тақлид кардани баъзе садоҳо шурӯъ мекунанд.
Тавассути ин мақола шумо метавонед ба саволҳое чун «Кӯдак кай гап мезанад?», «Кӯдак дар чандсолагӣ гап мезанад?», «Забони кӯдак кай мебарояд?» посухҳои муфассал гиред.

Садоҳо дар овози шумо

Ҳамон тавре ки инсон табиатан чеҳраи одамиро нисбат ба дигар шаклҳои дидорӣ авлотар медонад, кӯдаки шумо низ метавонад овози инсонро аз садоҳои дигар хуб фарқ кунад. Онҳо асосан овозҳоеро мешиносанд ва ба онҳо вокуниш нишон медиҳанд, ки бештар мешунаванд. Кӯдакон овозҳоро бо гармӣ, ғизо ва роҳати худ пайванд медиҳанд.

Умуман, кӯдакон овози баландро дӯст медоранд – ин як ҳақиқатест, ки калонсолон онро ба таври интуитивӣ дарк мекунанд ва бе он ки худашон пай баранд, мувофиқи он рафтор мекунанд.
Дафъаи оянда ҳангоми суҳбат бо кӯдакатон ба худатон гӯш диҳед.

Эҳтимол шумо пай мебаред, ки овозатонро баланд мекунед, суръати суханатонро суст менамоед, ҳиҷоҳоро равшантар талаффуз мекунед ва чашму даҳонатонро аз маъмулӣ бештар калон мекушоед. Ин тарзи муносибати драмавӣ таваҷҷуҳи қариб ҳар як кӯдакро ба худ ҷалб мекунад ва одатан боиси табассуми ӯ мегардад.

Фарзанди шумо тавассути гӯш додан ба шумо ва дигарон аҳаммияти нутқ, дақиқ фаҳмидан ё такрор кардани калимаҳоро меомӯзад. Дар давоми як моҳ онҳо ҳатто агар шумо дар ҳуҷраи дигар бошед ҳам, метавонанд шуморо аз овозатон бишиносанд.

Муҳим: Баланд шудани таб дар давраи ҳомиладорӣ — сабабҳо, хатар ва роҳҳои паст кардани таб

Аввалин муошират

Вақте ки шумо бо фарзанди худ суҳбат мекунед, ӯ ором мешавад, таскин меёбад ва кӯдак аз ин суҳбатҳо лаззат мебарад. Вақте ки кӯдакатон ба шумо табассум мекунад, дар чеҳраи шумо хушнудиро мебинад ва дарк мекунад, ки суҳбат дуҷониба аст. Суҳбатҳои аввалин ба кӯдак бисёр қоидаҳои нозуки муоширатро, аз қабили навбатпоӣ дар гуфтугӯ, оҳанги овоз, тақлид кардан, ором кардан ва суръати вокуниш дар муоширати шифоҳиро меомӯзонанд.

Тақрибан дар синни думоҳагӣ кӯдаки шумо ба такрор кардани баъзе овозҳои садонок (а-а-а, у-у-у) оғоз мекунад. Дар давоми 4-6 моҳи аввал ба овозу садоҳое, ки ӯ мебарорад, тақлид кунед ва дар баробари ин кӯшиш кунед, ки дар «суҳбатҳои» худ калима ва ибораҳои оддиро истифода баред.

Мақолаи муфид: Кӯдак кай рост меистад ё қадам мемонад?

Нутқи тифл

Дар давраи аввали кӯдакӣ, ҳатто агар фикр кунед, ки кӯдак чизеро намефаҳмад ҳам, ба ӯ бояд китоб хонда диҳед. Дар синни чормоҳагӣ кӯдаки шумо мунтазам ба ғӯ-ғӯ кардан сар мекунад ва аксар вақт садоҳои наву аҷиб (муҳ-муҳ, баҳ-баҳ) бароварда, муддати дароз худашро машғул медорад. Инчунин ӯ ба оҳанги овози шумо ва ба задае, ки ба калимаю ибораҳо медиҳед, ҳассостар мешавад.

Ҳар рӯз дар муомила бо кӯдак, ӯ аз оҳанги овозатон пай мебарад, ки кай ӯро ғизо медиҳед, печонҳояшро иваз мекунед, ба сайругашт мебароред ё ба хоб мегузоред.

Суҳбати шумо дар бораи кайфият ва шахсияти шумо ба кӯдак бисёр чизҳоро мефаҳмонад ва инчунин муносибати ӯ ба шумо низ дар бораи худи кӯдак маълумоти зиёд медиҳад. Агар шумо бо тифлатон бо оҳанги рӯҳбахш ё тасаллидиҳанда сухан гӯед, ӯ метавонад табассум кунад ё бихандад. Агар ба сари ӯ дод занед ё бо оҳанги хашмгин гап занед, эҳтимоли зиёд дорад, ки кӯдакатон тарсад ё гиря кунад.

Донистан хуб аст: Агар дар наҷосати кӯдак хун пайдо шавад, чӣ бояд кард?

Кӯдак кай ба гап медарояд? (Марҳилаҳои синну сол)

Бо назардошти он, ки тифли шумо дар давраи ҳомиладорӣ низ мешунавад, пас аз таваллуд кӯдак дорои қобилияти пурраи шунавоӣ мегардад. Ва дар баробари калон шудан ва рушд ёфтани кӯдак шунавоии ба синну сол мувофиқ ва вокуниши ӯ ба садоҳо низ тағйир меёбад. Аммо дар кӯдаконе, ки ба садоҳо вокуниш нишон намедиҳанд ё малакаҳои забониашон мувофиқи синну сол рушд накардаанд, метавон гумон кард, ки мушкилоти шунавоӣ доранд.

Ҷадвали зерин барои ҳар як падару модаре, ки «Кӯдак кай гап мезанад?» гуфта нигаронанд, пешбинӣ шудааст ва дар он баъзе маълумоти марбут ба синну сол мавҷуд аст, ки барои муайян кардани мавҷуд будан ё набудани мушкилоти шунавоӣ дар кӯдакатон кумак мерасонад.

Марҳилаҳои нутқ ва шунавоӣ

Бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи кӯдакон як хел нестанд. Кӯдакон ба марҳилаҳои гуногуни синну сол дар вақтҳои гуногун мерасанд. Агар фикр кунед, ки фарзандатон намешунавад ё дар малакаҳои нутқаш номуайяние ҳаст, ӯро аз муоинаи духтури педиатр ва ЛОР гузаронед.

Дар таҳияи мақола аз маълумоти stanfordchildrens.org ва www.healthychildren.org истифода шудааст ва он аз ҷониби дастаи «Lalu» омода гардидааст.

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Оғози ояндаи солим

Ҷиҳатҳои фоиданок ва зарарноки ғизодиҳии тӯлонии кӯдакон бо шири сина

Академияи педиатрияи Амрико ба модарон тавсия медиҳад, ки кӯдаконро дар 6 моҳи аввали ҳаёташон бо шири сина ғизо диҳанд. Ҳадди ақал 1 сол кӯдакон бо шири модар ғизо мегиранд, дар давраҳои минбаъда барои рушди фаъоли кӯдак маҳсулоти иловагӣ илова кардан мумкин аст.

Оғози ояндаи солим

Муфидтарин маҳсулот барои зиёд кардани ширдиҳӣ

Барои истеҳсоли шир бадан ба калорияҳои иловагӣ ниёз дорад. Намудҳои муайяни хӯрок ва нӯшокиҳо барои зиёд кардани шири модарони ҷавон муфид ҳисобида мешаванд. Тадқиқотҳо оид ба ғизоҳое, ки ширдиҳиро зиёд мекунанд, хеле каманд.

Оғози ояндаи солим

Меъёри хоб дар кӯдакон ва манфиатҳои он

Тибқи ҳисобҳои Академияи педиатрии Амрико, мушкилоти вобаста ба хоб дар 25-50%-и кӯдакон ва 40%-и наврасон мушоҳида мешавад.