Гурдаҳо яке аз узвҳое мебошанд, ки ҳамеша фаъолона кор мекунанд ва қариб истироҳат намекунанд. Дар давраи ҳомиладорӣ ин сарборӣ боз ҳам меафзояд. Яке аз вазифаҳои асосии гурда нигоҳ доштани моддаҳои барои организм зарурӣ дар таркиби хун, масалан, сафедаҳо ва бо воситаи пешоб хориҷ кардани моддаҳои партови боқимонда мебошад. Агар сафеда дар бадан намонда, тавассути пешоб ба берун хориҷ шавад, яъне ҳангоми таҳлил дар пешоб сафеда муайян карда шавад, ин маънои онро дорад, ки дар гурда ягон мушкилӣ вуҷуд дорад.
Дар вақтҳои ғайр аз ҳомиладорӣ низ миқдори сафеда дар пешоб метавонад муваққатан зиёд шавад. Ба ин ҳолатҳои зерин сабаб мешаванд:
- фишори рӯҳӣ ё ҷисмонӣ (масалан, машқҳои вазнини ҷисмонӣ);
- камшавии миқдори об дар бадан;
- таб;
- зери таъсири ҳавои ниҳоят гарм қарор гирифтан.
Ғайр аз ин, зиёд шудани миқдори сафеда дар пешоб метавонад аломати ҳолатҳои дигар низ бошад.
Агар пеш аз 20 ҳафтаи ҳомиладорӣ миқдори сафеда дар пешоб зиёд бошад, ин метавонад протеинурияи музмин (зиёд будани сафеда дар таркиби пешоб) бошад.
Протеинурияи музмин метавонад дар натиҷаи мушкилоти асосии марбут ба гурдаҳо ё мушкилоти саломатӣ, ки ба давраи ҳомиладорӣ умуман алоқаманд нестанд, масалан, бемориҳои дил пайдо шуда бошад. Сироятҳои гуногуни роҳҳои пешоб метавонанд миқдори сафедаро дар пешоб зиёд кунанд. Дар чунин ҳолат, албатта, оғоз кардани табобат талаб карда мешавад.
Агар пас аз 20 ҳафтаи ҳомиладорӣ низ миқдори сафеда дар пешоб зиёд бошад, табибон ин ҳолатро ҳамчун нишонаи фишори баланди хун арзёбӣ мекунанд. Баландшавии фишори хун метавонад ба тамоми узвҳо, асосан ба саломатии ҷигар ва гурдаҳо зарар расонад.
Гемолиз — синдроми афзоиши ферментҳои ҷигар ва паст будани шумораи тромбоситҳост, ки ба преэклампсия монанд, ҳатто шакли вазнинтари он буда, алоҳида ё якҷоя бо преэклампсия инкишоф меёбад.
Агар ин беморӣ сари вақт табобат нашавад, метавонад ба саломатии зан ва ҳомила таъсири ҷиддӣ расонад.
Дар давраи ҳомиладорӣ зиёд будани сафеда дар пешоб кадом омилҳои хатарнокро ба вуҷуд меорад?
Аввалан, фаҳмидан лозим аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ нисбат ба дигар вақтҳо ба пешоб бештар хориҷ шудани сафеда ҳолати муқаррарӣ мебошад. Масалан, агар пеш аз ҳомиладорӣ сафедаи таркиби пешоб 150 миллиграмм/шабонарӯз (мг/с) бошад, дар давраи ҳомиладорӣ ин ду баробар меафзояд, яъне дар як рӯз 300 мг/с мешавад.
Дар давраи ҳомиладорӣ аз сабаби зиёд шудани ҳаҷми хун ба гурдаҳо лозим меояд, ки аз муқаррарӣ зиёдтар кор кунанд. Аз ин бармеояд, ки сабаби зиёд шудани сафеда дар пешоб дар асл даври ҳомиладорӣ мебошад.
Агар шумо пеш аз ҳомиладорӣ ба бемориҳои музмин гирифтор шуда бошед ё дар таърихи оилавӣ (генҳо) бемориҳои ҷигар ё гурда мушоҳида шуда бошанд, ин метавонад ба шумо низ таъсир расонад.
Агар дар таърихи оилавӣ (генҳо) заноне бошанд, ки дар давраи ҳомиладорӣ преэклампсияро (фишори баланди хун) аз сар гузаронидаанд, агар дар давраи ҳомиладории фарзандони қаблиатон низ чунин ҳолат рух дода бошад, ё агар шумо баъд аз 35-солагӣ ҳомиладор шуда бошед ва ин таваллуди аввалини шумо бошад, ҳамаи инҳо омилҳои хатари пайдоиши преэклампсияро дар бар мегиранд.
Аз рӯи кадом аломатҳо метавон донист, ки дар давраи ҳомиладорӣ сафеда дар пешоб зиёд шудааст?
Дар давраи ҳомиладорӣ аз 300 мг/с дар як шабонарӯз зиёд шудани миқдори сафеда дар пешоб баланд ҳисобида мешавад. Илова бар ин, шумо метавонед зиёдшавии сафедаро дар пешоб ҳис кунед ё накунед. Ҳатто, то он даме, ки баъди таваллуд таҳлили пешоб насупоред, шумо метавонед умуман пайхас накунед, ки сафеда дар шумо зиёд шудааст.
Зиёдшавии сафеда дар пешоб метавонад ба нишонаҳои зерини бемориҳои гурда монанд бошад:
- варам дар буҷулаки пой, банди даст ё чашм;
- сӯзиш ҳангоми пешоб кардан;
- зуд-зуд пешоб кардан (ҳарчанд ин ҳолат дар ҳомиладорӣ муқаррарӣ ҳисобида шавад ҳам);
- дарди миён (дар асл дар ҳомиладорӣ ҳолати муқаррарӣ аст);
- кафкдор ё рангаш сурх ё қаҳваранг будани пешоб.
Дар бораи хатари кадом омилҳое, ки дар якҷоягӣ бо ин беморӣ пайдо мешаванд
Сабабҳои дигари ҷиддӣ ва аломатҳои иловагии аз меъёр зиёд шудани сафеда дар пешоб мавҷуданд.
Аломатҳои преэклампсия (фишори баланди хун) инҳоянд:
- дарди сар, махсусан дарди шадиди сар;
- хирашавии биноӣ ё нобиноӣ, ҳассосият ба рӯшноӣ;
- дарди шикам дар тарафи рост, дар зери қабурғаҳо;
- дилбеҳузурӣ, қайкунӣ;
- нафастангӣ;
- кам пешоб кардан.
Гарчанде вазн гирифтан ҳангоми ҳомиладорӣ ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб равад ҳам, агар шумо ногаҳон вазни зиёд гиред, ба духтур муроҷиат кунед.
Дар давоми як ҳафта якчанд килограмм вазн гирифтан ё варамҳо дар рӯй ва дастҳо омилҳои хатар ба ҳисоб мераванд.
Усулҳои табобат
Миқдори сафедаро дар пешоб мунтазам назорат карда, агар зиёд шавад, мувофиқи ҳолат усулҳои табобатро истифода бурдан мумкин аст.
Агар дар давраи аввали ҳомиладорӣ бо сабаби бемориҳои музмини шумо мушкилот пайдо шавад, бо маслиҳати духтур усулҳои табобатеро истифода баред, ки ба худатон ва кӯдаки ояндаатон зарар намерасонанд.
Сироятҳои роҳҳои пешобро бо ёрии антибиотикҳо бехатар табобат кардан мумкин аст. Агар дигар оризаҳо бошанд, онҳоро мунтазам назорат карда, санҷида истодан лозим мешавад. Дар ин ҳолат ба шумо лозим меояд, ки ба ғайр аз акушер ва гинекологҳо, аз муоинаи дигар мутахассисон низ гузаред.
Муолиҷаҳои дигар:
- зуд-зуд санҷидани ҳолат;
- хобида истироҳат кардан;
- истифодаи доруҳои пасткунандаи фишори хун.