Тератоген — ҳар гуна омилест, ки дар давраи ҳомиладорӣ тавассути таъсир ба модар рушди кӯдакро халалдор мекунад. Ба сифати тератогенҳо моддаҳои заҳрноки кимиёвӣ, нурҳои радиатсионӣ, вирусҳо, нӯшокиҳои спиртӣ, тамокукашӣ, баъзе доруҳои зарарнок ва бисёр омилҳои дигарро мисол овардан мумкин аст.
Баъзе тератогенҳо нисбат ба дигарон таъсири пурзӯртар доранд. То чӣ андоза зарарнок будани тератоген аз якчанд омил вобаста аст, аз ҷумла:
- Намуд: баъзе тератогенҳо, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ ва кашидани тамоку, нисбат ба дигар воситаҳо ба ҷанини дар ҳоли инкишоф зарари бештар доранд;
- Миқдор: шахси ҳомиладор ҳар қадар тератогенро зиёд истеъмол кунад ё он восита ба модар бештар таъсир расонад, зарари он барои ҷанин низ ҳамон қадар меафзояд;
- Давомнокии таъсир: дар давраи ҳомиладорӣ аз воситаҳои тератогенӣ ҳар қадар муддати тӯлонӣ истифода шавад, таъсири он ба кӯдак низ ҳамон қадар хатарноктар мегардад;
- Вақти таъсир: хатари таъсири тератогенҳо дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ, аз ҷумла то ҳафтаи 8-ум, хеле қавӣ мебошад;
- Генетика: баъзан генетикаи зани ҳомила ё кӯдак модар ва тифлро аз таъсири тератоген муҳофизат мекунад ё таъсири онро кам менамояд.
Чаро дар бораи тератогенҳо донистан муҳим аст?
Ҳамаи волидон бояд донанд, ки тератоген чист ва эҳтиёт шудан аз он чаро муҳим аст, зеро онҳо метавонанд аз лаҳзаи воридшавии тератоген дар давраи ҳомиладорӣ ҳам ба модар ва ҳам ба кӯдак зарар расонанд. Масалан, тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ё таъсири нурҳои радиатсионӣ ва баъзе моддаҳои кимиёвии заҳрнок ба модар барои ҷанин низ хатарнок буда, ин метавонад минбаъд ба бисёр оқибатҳои ногувор оварда расонад.
Ҳамзамон, 4-5%-и нуқсонҳои модарзодии кӯдакон маҳз бо сабаби тератогенҳо ба вуҷуд меоянд. Ба чунин нуқсонҳо метавон иллатҳои ҷисмонӣ, аз қабили spina bifida, кафидагии ком, инчунин микросефалия (инкишофи нокифояи мағзи сар ва косахонаи сар), мушкилоти биноӣ ва шунавоиро мисол овард. Тератогенҳо метавонанд ба рушди маърифатӣ (когнитивӣ) низ таъсир расонанд. Илова бар ин, муайян шудааст, ки кӯдаконе, ки аз модари машрубот истеъмолкунанда ё модаре таваллуд шудаанд, ки бемории ғадуди сипаршаклаш дар давраи ҳомиладорӣ табобат нашудааст, сатҳи пасттари IQ доранд.
Беҳтарин роҳи кам кардани хатари тератогенҳо дар давраи ҳомиладорӣ — бе машварат бо табиб оғоз накардан ё қатъ накардани истеъмоли ягон дору ва пешгирӣ аз ҳолатҳои зерин мебошад:
- Гармии аз ҳад зиёд. Дар ҷакузӣ, буғхона ё саунаҳо муддати тӯлонӣ намондан;
- Табобат бо гиёҳҳои табиии шифобахш. Пеш аз оғози истеъмоли доруҳои бедорухат ҳангоми ҳомиладорӣ, бо табиби худ машварат кунед. Маҳсулоте, ки ҳамчун воситаи табиии табобатӣ истифода мешаванд, метавонанд дар давраи ҳомиладорӣ комилан бехатар набошанд;
- Нурҳои ионизатсиякунанда. Табиби шумо бояд пеш аз муоина тавассути шуоъҳои радиатсионӣ ҳангоми ҳомиладорӣ қатъиян боварӣ ҳосил кунад, ки хатари таъсири манфии он камтар аст. Дар аксари муоинаҳои рентгенӣ ва КТ миқдори нуре, ки ба ҷанин мерасад, аз сатҳи зараровар хеле пасттар аст, бинобар ин аз муоинае, ки табиб зарур мешуморад, даст накашед;
- Токсоплазмоз. Токсоплазмоз сироятест, ки тавассути гӯшти хуб напухта, меваю сабзавоти нашуста, хок ва наҷосати гурба мегузарад. Агар занони ҳомила дар хона гурба дошта бошанд, бояд то ҳадди имкон ба қуттии ҳоҷатхонаи гурба наздик нашаванд.
Намудҳои тератогенҳо
Аз тератогенҳои зерин бояд канорагирӣ кард:
- Нӯшокиҳои спиртӣ;
- Кашидани сигор;
- Маводи мухаддир;
- Баъзе доруҳои манъшуда;
- Баъзе сироятҳо;
- Ҳар гуна моддаҳое, ки барои саломатӣ зарароваранд.
Машварат бо табиб
Модарони оянда бояд бо табиби худ дар бораи омилҳое, ки метавонанд ҳангоми ҳомиладорӣ боиси нуқсонҳои модарзодӣ гарданд, суҳбат кунанд. Табибон ба ҳама гуна саволҳои шумо посух дода, ба шумо барои бехатар паси сар кардани давраи ҳомиладорӣ кумак мерасонанд.