Lalu
Чӣ тавр кор мекунад Хусусиятҳо Ҳисобкунакҳо Санаи таваллуд Овулятсия Ҳафтаҳо → моҳҳо ҳГХ Реҷаи шарик Мақолаҳо Саволҳои зиёд такроршаванда
Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Пневмония дар давраи ҳомиладорӣ

Агар пневмония дар давраи ҳомиладорӣ табобат карда нашавад, метавонад барои ҳаёт хатарнок бошад, илова бар ин, мубориза бо ин беморӣ барои занони ҳомила каме душвортар аст.

Дар аксари одамон пневмония бо шамолхӯрии оддӣ ё зуком оғоз ёфта, сипас ба шуш мегузарад. Агар пневмония дар давраи ҳомиладорӣ табобат карда нашавад, метавонад барои ҳаёт хатарнок бошад, бар замми ин, мубориза бо ин беморӣ барои занони ҳомила каме мушкилтар мегузарад.

Аломатҳои пневмония дар давраи ҳомиладорӣ

Ҳангоми ҳомиладорӣ бояд аз аломатҳои пневмония огоҳ буд ва барои табобати он фавран ба духтур муроҷиат кард.

Аломатҳои умумӣ инҳоянд:

Таъсири пневмония ба модар ва кӯдак

Пневмония бемории вазнин буда, дар сурати табобат нашудан, метавонад барои модар ва кӯдаки оянда оризаҳои хатарнок ба бор орад.

Пневмонияи давраи ҳомиладорӣ ба кам шудани оксиген дар организм оварда мерасонад, зеро дар ин ҳолат шушҳо наметавонанд ба бадан миқдори кофии оксигенро дастрас кунанд. Дар натиҷа, ба бачадон низ миқдори ками оксиген мерасад.

Эҳтимол дорад, ки ин беморӣ аз шуш ба дигар узвҳои бадан, аз ҷумла ба рагҳои хунӣ низ паҳн шавад.

Пневмония дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба чунин оқибатҳо оварда расонад:

Аксари занон нигаронанд, ки сулфаи сахт барои ҳомила хатарнок аст. Аммо тифл бо моеъи амниотикӣ фаро гирифта шудааст, ки ҳамчун амортизатор амал карда, ҳомиларо аз сулфа, ларзишҳову садоҳои гуногун, фишор ва зарбаҳои сабук муҳофизат менамояд.

Муҳим: Оё мавҷудияти сафеда дар таркиби пешоб ҳангоми ҳомиладорӣ хатарнок аст?

Омилҳои хавф

Ҳомиладорӣ хатари гирифторшавии занро ба пневмония зиёд мекунад, зеро организм барои инкишофи кӯдак дар бачадон энергияи зиёд сарф менамояд. Илова бар ин, кӯдаки дар ҳоли рушд ва бачадони калоншаванда низ ҳаҷми шуши занро кам мекунанд, ки ин ба фаъолияти шуш бори иловагӣ меорад.

Пневмония аксар вақт дар натиҷаи сирояти бактериявие, ки ба шуш паҳн мешавад, ба вуҷуд меояд. Бактерияҳое, ки бештар боиси пневмония мегарданд, инҳоянд:

Сироятҳои вирусие, ки боиси пневмония (илтиҳоби шуш) мегарданд, инҳоянд:

Дар ҳолатҳои зерин хавфи гирифтор шудани занон ба пневмонияи давраи ҳомиладорӣ бештар аст:

Табобати илтиҳоби шуш (пневмония) ҳангоми ҳомиладорӣ

Табобати пневмония ҳангоми ҳомиладорӣ ба он вобаста аст, ки ангезандаи сироят вирус аст ё бактерия.

Бисёр усулҳои табобати пневмонияи вирусӣ дар давраи ҳомиладорӣ бехатар ҳисобида мешаванд ва агар бемории пневмония дар марҳилаи аввал муайян карда шавад, онро тавассути доруҳои зиддивирусӣ бартараф кардан мумкин аст. Дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби духтур ба таври иловагӣ оксигентерапия таъин карда мешавад.

Пневмонияи бактериявӣ бошад, бо ёрии антибиотикҳое, ки бо тавсияи духтур таъин шудаанд, табобат карда мешавад.

Шавқовар: Тағйироти шикам ҳангоми ҳомиладорӣ

Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?

Ҳамин ки дар зани ҳомила нишонаҳои пневмония пайдо шуданд, бояд фавран ба духтур муроҷиат кард. Дар ин сурат аз оризаҳои гуногуне, ки бар асари беморӣ метавонанд ба вуҷуд оянд, пешгирӣ карда мешавад.

Духтур ба ҷуз пурсидан дар бораи нишонаҳои беморӣ аз шумо:

Дар сурати муайян шудани дараҷаи вазнини пневмония, бистарӣ шудан дар беморхона талаб карда мешавад. Агар зани ҳомила бо аломатҳои зерин дучор ояд, ӯ бояд фавран ба рақами 103 ё рақами ёрии таъҷилии маҳаллӣ занг занад:

Давраи бордоршавии худро ҳозир муайян кунед

Ҳайзи охирин ва дарозии давраи худро ворид кунед — ҳисобкунаки ройгон шаш рӯзи шуморо муайян мекунад.

Мубодила

Муқарризи тиббии Lalu

Қисми дастаи клиникии Lalu, ки мундариҷаи мо оид ба давраи ҳайз, ҳомиладорӣ ва кӯдакро менависад ва баррасӣ мекунад.

Идомаи хониш

Ҳамаи мақолаҳо
Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Оё баландшавии фишори хун дар ҳомиладорӣ хатарнок аст?

Дар ҳама гуна давраи ҳомиладорӣ фишори баланди хун ё гипертензия ба вуҷуд омада метавонад. Дар ҳомиладорӣ баландшавии фишори хун ба зан бештар таъсир мерасонад. Агар он табобат карда нашавад, беморӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ бо саломатии худи зан ва фарзанди ояндааш гардад.

Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Холестази ҳомиладорӣ дар ҳомила ё зани ҳомиладор чӣ гуна оризаҳо доданаш мумкин аст?

Холестази дохилиҷигарии ҳомиладорӣ, ки маъмулан холестази ҳомиладорӣ номида мешавад, бемории ҷигарест, ки дар давраҳои охири ҳомиладорӣ ба вуҷуд меояд.

Чароғи сурх – аломатҳои хатар

Оё қабзият дар давраи ҳомиладорӣ зарар дорад?

Сабаби қабзият ба он вобаста аст, ки он дар кадом марҳилаи ҳомиладорӣ рух медиҳад. Ба ин сабабҳои эҳтимолии зерин дохил мешаванд: