Бачадон аз бофтаи мушак иборат буда, ҳар гуна мушак метавонад дар ҳолати суст ва таранг бошад. Дар зани ғайриҳомиладор, масалан, ҳангоми ҳайз, бачадон кашиш мехӯрад, дар вақти таваллуд бошад, ин кашишхӯрӣ ба таваллуди кӯдак мусоидат мекунад. Дар ин мақола мо дар бораи нишонаҳо, сабабҳо ва усулҳои табобати аз меъёр баландшавии тонуси бачадон сухан меронем.
Баландшавии тонуси бачадон чист?
Баландшавии тонуси бачадон патологияи давраи ҳомиладорӣ мебошад, ки дар тарангии дарозмуддати мушакҳои миометрий, яъне қабати мушакии бачадон зоҳир мешавад.
Худ аз худ, ин патология беморӣ ба ҳисоб намеравад, аммо он хатарнок аст, зеро афзоиши тонуси мушакҳо боиси қатъи бармаҳали ҳомиладорӣ ё таваллуди бармаҳал мегардад.
Вақтҳои охир баландшавии тонуси бачадон дар ҳар як зани дуюми ҳомила зоҳир мешавад ва мутаассифона, баъзе занон ба чунин патология аҳамияти калон намедиҳанд, онро ҳолати табиӣ меҳисобанд, аммо ин баъзан ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда мерасонад ва баъзан оқибатҳои батаъхирафтодаро бартараф кардан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, занон бояд ба чунин патология бо диққати ҷиддӣ муносибат карда, онро табобат кунанд.
Спазми аз ҳад зиёди мушакҳо ба инкишофи ҳомиладорӣ таъсири хеле манфӣ мерасонад:
- часпидани эмбрион ба эндометрий душвор мешавад;
- дар ташаккули ҳамроҳаки мӯътадил душвориҳо пайдо мешаванд;
- хавфи ҷудошавии ҳамроҳак ё қисми он ба миён меояд;
- рагҳои хунгард фишурда мешаванд ва ҷанин оксигени кофӣ гирифта наметавонад, гипоксия инкишоф меёбад;
- аксар вақт баланд будани тонуси бачадон сабаби ақибмонии инкишофи ҳомила ва нуқсонҳои гуногун мегардад.
Аломатҳои гипертонуси бачадон
Аломатҳои асосии шиддати мушакҳои миометрия инҳоянд:
- эҳсоси шиддат дар қисми поёни шикам;
- эҳсоси дард дар қисми поёни шикам ва камар, ба монанди ҳангоми ҳайз;
- дар нимаи дуюми ҳомиладорӣ сахтшавии шикам, ба мисли "санг" шах шудан;
- дар нимаи дуюми ҳомиладорӣ гипертонусро ба таври визуалӣ фарқ кардан мумкин аст: шикам фишурда ба назар мерасад, шакли он тағйир меёбад.
Баъзан, махсусан дар давраҳои аввали ҳомиладорӣ, зан метавонад тонуси мушакҳои бачадонро ҳис накунад. Дар ин ҳолат, танҳо духтур тавассути муоина метавонад гипертонусро муайян кунад. Бо назардошти хавфи патология, дар давраҳои наздик ба муддати таваллуд бо ташрифи ҳатмии мунтазам ба духтур назорат кардани ҳомиладорӣ лозим аст.
Пайгирии тағйироти мӯътадили худ ва ҳомила ҳангоми ҳомиладорӣ низ барои барвақт муайян кардани аломатҳои тағйироти гуногуни патологӣ имкон медиҳад. Аз ин рӯ, ба телефони мобилии худ замимаи «Lalu»-ро боргирӣ кунед ва тавассути тағйироти ҳафтаина ҳолати худро пайгирӣ намоед.
Сабабҳои баландшавии тонуси бачадон
Баландшавии тонуси бачадон бо сабабҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Ёфтани сабаби дақиқ дар интихоби усули муайяни табобат аҳамияти муҳим дорад.
Аксар вақт омилҳои зерин сабабгори пайдоиши ин патология мебошанд:
- вайроншавии гормоналӣ дар давраи ҳомиладорӣ;
- дар баъзе ҳолатҳо ҷисми зан ҳомиларо ҳамчун ҷисми бегонаи хатарнок қабул мекунад ва кӯшиш мекунад, ки онро рад кунад;
- сохти ғайримуқаррарии бачадон;
- бемориҳои гинекологӣ: эндометриоз, миома, кистаҳои тухмдон;
- ҳолати рӯҳӣ-психологии зан: хастагӣ, бехобӣ, стресс;
- исқоти ҳамли қаблан гузаронидашуда, амалиётҳои ҷарроҳӣ дар бачадон;
- норасоии магний;
- кам будани фосилаи байни ҳомиладориҳо ;
- одатҳои зарарнок ва тарзи нодурусти ҳаёт.
Мақолаи муфид: Дар давраи ҳомиладорӣ чӣ мумкин нест?
Ташхис
Ҳарчи зудтар ташхис кардани баландшавии тонуси бачадон хеле муҳим аст, зеро ҷараёни мусбати ҳомиладорӣ метавонад ба ин ҳолат вобаста бошад.
Барои муайян кардани гипертонуси бачадон якчанд роҳ мавҷуд аст:
- палпатсия;
- муоинаи ултрасадо;
- тонусометрия.
Агар ташхисҳо гипертонуси бачадонро тасдиқ кунанд, барои муайян кардани сабаби патология ташхисҳои иловагии лабораторӣ таъин карда мешаванд.
Агар шумо нишонаҳои гипертонуси бачадонро эҳсос кунед, фавран ба духтур муроҷиат кунед, барои муайян кардани он ки сабаби баланд шудани тонуси мушакҳои бачадон чист, аз муоинаи пурра гузаред.
Табобати тонуси бачадон ҳангоми ҳомиладорӣ
Табобати баландшавии тонуси бачадон ба сабабҳои ба вуҷуд овардаи он вобаста аст. Табобат аз рӯйи натиҷаҳои муоина муайян гардида, аз тарафи шифокор бурда мешавад. Ҳангоми муайян кардани гипертонуси бачадон, зани ҳомиладор бояд пеш аз ҳама дар бистар истироҳат кунад.
- Агар ҳолати мазкур дар натиҷаи вайроншавии гормоналӣ ба вуҷуд ояд, дар ин ҳолат ба зани ҳомила доруҳои гормоналӣ таъин карда мешаванд.
- Агар инфексияҳо дар ҳомиладорӣ ё дигар бемориҳо муайян карда шаванд, муолаҷаҳое, ки ба табобати онҳо нигаронида шудаанд, гузаронида мешаванд.
- Агар гипертонуси бачадон бо зиёдшавии лахташавии хун алоқаманд бошад, дар ин ҳолат ба бемор доруҳои моеъкунандаи хун таъин карда мешаванд.
Пешгирӣ
Маълум аст, ки пешгирии инкишофи беморӣ нисбат ба табобати он мувофиқи мақсад аст. Дар профилактикаи патологияи баландшавии тонуси бачадон чораҳои хеле оддӣ ва самаранок мавҷуданд. Аз ҷумла:
- Ба ҳомиладорӣ бодиққат тайёрӣ дидан лозим аст: пеш аз ворид шудан ба ин давраи муҳими ҳаёт бояд тамоми бемориҳои сироятӣ ва соматикиро табобат кард, аз муоинаи бемориҳои музмин гузашт.
- Дар поликлиника сабти ном шавед, мунтазам ба қабули духтур равед ва ба тавсияҳои ӯ амал кунед;
- Камаш 8 соат хоб кунед, хӯроки хуб истеъмол кунед ва кӯшиш кунед, ки аз ҳолатҳои стрессӣ канорагирӣ намоед;
- Дар фаъолияти ҷисмонӣ меъёрро риоя кунед, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед;
- Сатҳи магнийро дар хун назорат кунед, оид ба қабули маҷмӯи витаминҳо бо мутахассис машварат кунед;
- Аз одатҳои зараровар даст кашед, тартиби рӯз ва парҳезро риоя кунед, фишори ҷисмонӣ ва рӯҳиро кам кунед.