Дар дилхоҳ давраи ҳомиладорӣ фишори баланди хун ё гипертензия ба вуҷуд омада метавонад. Баландшавии фишори хун дар давраи ҳомиладорӣ ба зан бештар таъсир мерасонад. Агар он табобат нашавад, беморӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ бо саломатии худи ӯ ва фарзанди ояндааш гардад.
Намудҳои гипертензия дар ҳомиладорӣ
Агар фишори хун ба 140/90 миллиметри сутуни симоб баробар ё аз он баланд бошад, ин аз баландии фишори хун дарак медиҳад. Занони ҳомила метавонанд ба яке аз 3 намуди фишори баланди хун дучор шаванд, ки инҳоянд: гипертензияи музмин, гипертензияи ҳомиладорӣ ва преэклампсия.
Гипертензияи музмин
Занони гирифтори гипертензияи музмин метавонанд пеш аз ҳомиладорӣ фишори баланди хун дошта бошанд ё дар нимаи аввали ҳомиладорӣ ё дар ҳафтаи 20-ум дар онҳо фишори баланд пайдо шуда бошад. Ин беморӣ, ки дар занон гипертензияи музмин номида мешавад, метавонад якҷоя бо преэклампсия пайдо шавад. Дар заноне, ки гипертензияи музмин доранд, дар пешоб метавонад миқдори ғайримуқаррарии сафеда мавҷуд бошад, яъне протеинурия.
Мавҷудияти сафеда дар пешоб аз мушкилоти вобаста ба гурда шаҳодат медиҳад. Занҳо инчунин метавонанд мушкилоти бо ҷигар алоқаманд дошта бошанд.
Гипертензияи марбут ба ҳомиладорӣ
Гипертензияи давраи ҳомиладорӣ фақат дар давраи ҳомиладорӣ рӯй медиҳад, ки дар ин ҳол дар пешоб сафеда намешавад ва дар ҷигар тағйирот мушоҳида намегардад. Дар занон ин ҳолат одатан дар нимаи дуюми ҳомиладорӣ ё пас аз ҳафтаи 20-ум инкишоф меёбад. Ин намуди фишори баланди хун одатан муваққатӣ буда, баъди таваллуд мегузарад. Бо вуҷуди ин, он метавонад хатари баланд шудани фишори хунро дар ҳаёти минбаъдаи зан ба вуҷуд орад. Дар баъзе ҳолатҳо пас аз ҳомиладорӣ фишори хун баланд мешавад, ки ба гипертензияи музмин оварда мерасонад.
Преэклампсия
Преэклампсия — ин бемории фишори баланди хун аст, ки метавонад дар занон ҳангоми ҳомиладорӣ ё пас аз таваллуд ба вуҷуд ояд. Ин бемории ҷиддӣ аст, ки оқибатҳои вазнин дорад. Ин одатан дар семоҳаи сеюм рух медиҳад. Пас аз таваллуд кам ба мушоҳида мерасад, аммо пайдо шуданаш мумкин аст.
Аломатҳои преэклампсия инҳоро дар бар мегиранд:
- Фишори баланди хун;
- Протеинурия;
- Варами рӯй ва дастон;
- Зиёдшавии вазни бадан аз сабаби ҷамъшавии моеъ;
- Дарди сар;
- Сарчархзанӣ;
- Нафастангӣ;
- Дарди шикам;
- Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ;
- Пастшавии тезии биноӣ;
- Зиёдшавии ҳассосият ба рӯшноӣ.
Оризаҳои гипертензия барои модар
Агар баландшавии фишори хун шадид ва назоратнашаванда бошад, ин ҳолат метавонад боиси оризаҳо барои модар ва кӯдаки ояндаи ӯ гардад. Фишори баланди хун дар давраи ҳомиладорӣ хатари мушкилоти саломатии занонро дар оянда зиёд мекунад. Тибқи тадқиқоти соли 2013, гипертензияи ҳомиладорӣ бо хатари бемории ишемикии дил, инфаркти миокард (ҳамлаи дил), норасоии дил ва сактаи ишемикӣ алоқаманд аст. Фишори баланди нодуруст идорашуда дар зан хатари пайдоиши преэклампсия ва диабети қандро ба вуҷуд меорад.
Хавфи гипертензия барои ҳомила
Фишори баланди хун метавонад боиси бармаҳал таваллуд шудани кӯдак, аз меъёр калон ё хурд шудани он, инчунин марги он гардад. Фишори баланди хуни модар ба рагҳои хуни ӯ таъсир мерасонад. Ин ба камшавии ҷараёни моддаҳои ғизоӣ, ки ба воситаи ҳамроҳак ба ҳомила мерасанд, оварда мерасонад ва дар натиҷа кӯдак камвазн таваллуд мешавад. Таваллуди бармаҳал, ки бо гипертензия алоқаманд аст, метавонад боиси як қатор оризаҳо барои саломатии навзод гардад. Масалан, агар шуши кӯдак пурра инкишоф наёфта бошад, дар кӯдаки бармаҳал таваллудшуда баъзе душвориҳои нафаскаширо ба вуҷуд оварда метавонад.
Аломатҳо
Ассотсиатсияи амрикоии дил фишори баланди хунро "қотили хомӯш" меномад, зеро дар аксари одамони гирифтори он нишонаҳои беморӣ пайдо намешаванд. Ин маънои онро дорад, ки шахс метавонад надониста фишори баланди хун дошта бошад. Назорати фишори хун қисми муҳими нигоҳубини пеш аз таваллуд мебошад. Дар хотир доштан муҳим аст, ки дар занҳо метавонад пеш аз ҳомиладорӣ, дар давоми давраи ҳомиладорӣ ва пас аз ҳомиладорӣ фишори баланди хун пайдо шавад.
Табобати баландшавии фишори хун ҳангоми ҳомиладорӣ
Занони гирифтори гипертензияи музмин бояд дар давоми давраи ҳомиладорӣ доруҳои зиддигипертензивиро қабул кунанд. Бо вуҷуди ин, баъзе доруҳои маъмули зиддигипертензивиро занони ҳомила қабул карда наметавонанд, бинобар ин дар қабули табибони кардиолог ва гинеколог будан ва таҳти назорат қарор гирифтан лозим аст.
Агар баландшавии фишори хун дар зан вазнин гузарад, ё дар зан преэклампсия ё эклампсия инкишоф ёбад, табиб метавонад ба ӯ барои паст кардани фишори хун доруворӣ таъин кунад ва агар муҳлати ҳомиладории зан пурра набошад, барои инкишоф ёфтани тифл кумак расонад. Занон барои зери назорат будан метавонанд дар беморхона бистарӣ шаванд.
Пешгирии тағйирёбии фишори хун ҳангоми ҳомиладорӣ
Тағйир додани оддии тарзи ҳаёт, масалан, бештар ҳаракат кардан ва ғизои оқилона, барои пешгирии фишори баланди хун кӯмак мекунад. Бояд қайд кард, ки баъзе омилҳои хатар, аз ҷумла собиқаи оилавӣ, нажод ва таърихи ҳомиладории қаблӣ, аз назорати инсон берун мебошанд. Аз ин рӯ, пешгирӣ кардани ҳамаи омилҳои хавфи баландшавии фишори хун дар давраи ҳомиладорӣ имконнопазир аст.
Якчанд роҳҳои коҳиш додани хатари баландшавии фишори хун дар давраи ҳомиладорӣ мавҷуданд. Онҳо иборатанд аз:
- маҳдуд кардани истеъмоли намак;
- нигоҳ доштани оби кофӣ дар бадан;
- ғизои мутавозини бой аз нахҳои ғизоӣ (мева, сабзавот) ва кам истеъмол кардани хӯрокҳои коркардшуда;
- иҷрои мунтазами машқҳои ҷисмонӣ дар давраи ҳомиладорӣ;
- мунтазам аз муоинаи пренаталӣ гузаштан;
- худдорӣ кардан аз тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ.
Ба занони ҳомила тавсия дода мешавад, ки дар тамоми давраи ҳомиладорӣ фишори хуни худро мунтазам санҷанд, махсусан агар омилҳои хавф мавҷуд бошанд. Ин имкон медиҳад, ки беморӣ барвақт муайян гардида, чораҳои зарурӣ сари вақт андешида шаванд.