Инҷиқӣ кардан ва гиря кардани кӯдакони навзод дар хоб зуд-зуд ба назар мерасад.
Азбаски бадани кӯдакон ба давраи мунтазами хоб мутобиқ нашудааст, дар хоб зуд-зуд бедор шудан ё нолида гиря кардани онҳо як ҳолати муқаррарӣ аст.
Барои кӯдакони навзод гиря воситаи асосии муошират ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, зуд-зуд ва ҳатто дар хоб гиря кардани кӯдакон асос дорад. Дар чунин ҳолатҳо, агар дар кӯдак ягон нишонаи беморӣ ё дард мавҷуд набошад, ин ҳолати муқаррарӣ аст.
Тифлон барои ифодаи эҳсосоти худ бо роҳҳои гуногун амал мекунанд. Масалан, гиря дар хоб метавонад нишонаи гуруснагӣ ё нороҳатӣ (тар шудани кӯдак, аз ҳад зиёд гарм ё хунук будан) бошад. Кӯдаки хобида ҳангоми ҳаракат кардан ё бар асари сарусадоҳои дигар низ метавонад тарсида гиря кунад.
Кӯдакон аксар вақт ҳангоми хоби рӯякӣ ё ба ҳаяҷон омадани зиёд аз сабаби тарси шабона гиря мекунанд.
Муфид: Марҳилаҳои рушди кӯдак: Шунавоӣ ва овозбарорӣ
Оё тифли ман хоби даҳшатнок мебинад?
Баъзе волидон аз он нигаронанд, ки гиряи шабонаи тифлашон шояд маънои хоби даҳшатнок дидани ӯ бошад. Мутаассифона, ин мавзӯест, ки то ҳол посухи дақиқ надорад.
Маҳз дар кадом синну сол оғоз ёфтани хобҳои даҳшатнок ё тарсҳои шабона пурра исбот нашудааст.
Тарси шабона нисбатан кам дучор мешавад ва одатан дар кӯдакони аз 4 то 12-сола мушоҳида мегардад, аммо кӯдакон аз синни 18-моҳагӣ сар карда низ метавонанд шабона аз тарс гиря кунанд. Агар кӯдак бемор бошад ё хоби нопурра дошта бошад, эҳтимоли сар задани тарси шабона бештар мешавад.
Тарсҳои шабона дар марҳилаи хоби амиқ рух медиҳанд. Агар бо кадом як сабабе ин марҳила халалдор шавад, тифли шумо метавонад гиря кунад ё ҳатто фарёд занад.
Тифли шумо намедонад, ки дар хоб чунин беқарорӣ мекунад ва пас аз бедор шудан ин ҳолатро ба хотир оварда наметавонад.
Роҳҳои ором кардани тифл
Агар тифл ҳангоми хоб бедор шуда, каме гиря кунад, худ аз худ ором мешавад. Дар ин ҳолат ба оғӯш бардоштани ӯ метавонад кӯдакро бедор карда, боиси халалдор шудани хобаш гардад.
Агар кӯдак ба гиря кардан идома диҳад, бояд пушт ё шиками ӯро сила карда, бо овози мулоим тасаллӣ дод. Ин ба кӯдак кумак мекунад, ки ба марҳалаи дигари хоб гузарад ва гиряро бас кунад.
Кӯдаконе, ки бо шири модар ғизо мегиранд, пас аз макидани шир метавонанд оромтар хоб кунанд. Аз ин рӯ, модарон (ё парасторон) бояд дақиқ донанд, ки оё ширмаконӣ метавонад кӯдакро бедор кунад ё на. Дар ин ҳолатҳо мушоҳидаи реҷаи хоби кӯдак низ метавонад муфид бошад. Баъзе кӯдакон ҳангоми ба хоби амиқ рафтан ё пеш аз бедор шудан оҳиста гиря мекунанд. Муайян кардани реҷаи муқаррарии хоби кӯдак ба модарон кумак мекунад, ки сабаби гиряи кӯдакро муайян намоянд.
Баъзе кӯдакон ҳангоми бемор шудан ё дандон баровардан метавонанд дар вақти хоб гиря кунанд. Дар ин ҳолат кӯдакон аз сабаби ҳамон дард мегирянд ва хобашон ноором мешавад. Модарон (ё парасторон) бояд бо педиатр машварат кунанд, ки чӣ тавр дарди кӯдакро сабук гардонанд.
Ҳарчанд мо дақиқ намедонем, ки хобҳои даҳшатнок кай оғоз мешаванд, модарон (парасторон), ки сабаби гиряи кӯдакро аз хоби даҳшатнок дидани ӯ медонанд, метавонанд бо овози маҳин алла гуфта ё пушти кӯдакро сила карда, ӯро ором кунанд. Кӯдаконеро, ки ҳанӯз ҳам бо шири сина ғизо мегиранд, метавон бо шир додан таскин бахшид.
Агар кӯдак пас аз дидани хоби даҳшатнок бедор шуда бошад, ӯро бояд фавран ором кард ва барои хоб рафтанаш алла гуфт, зеро кӯдакон бояд итминон ҳосил кунанд, ки хоби даҳшатнок воқеӣ нест.
Кай ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?
Дар ҳолатҳои зерин модарон (парасторон) бояд оид ба гиряи шабонаи кӯдак ва дигар мушкилоти хоб бо духтур машварат кунанд:
- агар кӯдак аз дард гиря кунад;
- реҷаи хоб ногаҳон тағйир ёбад;
- хоби кӯдак дар давоми якчанд шаб халалдор шавад ва усулҳои ором кардан ёрӣ надиҳанд; агар тифл муддати дароз бетанаффус гиря кунад ва бо ҳеҷ чиз ором нашавад, гиряаш аз ҳолати муқаррарӣ фарқ кунад (бо садои хеле тезу баланд ё хеле заиф гиря кунад), ҳарорати баданаш баланд шавад (хусусан дар тифли то 3-моҳа 38°C ва аз он зиёд бошад), аз ширхӯрӣ даст кашад, нафаскашиаш душвор шавад, суст ва беҳол шавад ё бо душворӣ бедор шавад — интизор нашуда, фавран ба духтур муроҷиат кардан ё ёрии таъҷилиро даъват кардан лозим аст;
- мушкилоти вобаста ба ғизодиҳӣ, масалан, ба қадри кофӣ сина намакидан ба хоби кӯдак халал расонад, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Ин мақола дар асоси маълумоти сомонаҳои kidshealth.org ва medicalnewstoday.com аз ҷониби дастаи «Lalu» таҳия шудааст.