Албатта, гап задан дар бораи бавосир барои ҳамаи мо ногувор аст, аммо пайдо шудани бавосир дар давраи ҳомиладорӣ низ ҳақиқати ҳаёт аст.
Бавосир – бемории варидҳои сӯрохии мақъад буда, бо калоншавӣ, ба поён фаромадан ё ба берун баромадани гиреҳҳои бавосир ҷараён мегирад. Рӯдаи рости инсон аз мушакҳо ва бофтаҳои пайвасткунанда ташкил ёфтааст. Луобпардаи дарунӣ бо буғумчаҳо, яъне гиреҳҳои бавосир пӯшонида шудааст.
Гиреҳҳои бавосир ҳангоми зӯр задани сахти инсон метавонанд якҷоя бо луобпарда ба поён лағжанд. Дар натиҷа гардиши хун халалдор шуда, андозаи гиреҳҳои бавосир калон мешавад ва онҳо ба берун мебароянд.
Бавосир дар семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ зуд инкишоф меёбад. Он дар ҳолатҳои ғайр аз давраи ҳомиладорӣ низ рӯй медиҳад. Ду намуди бавосир мавҷуд аст: дохилӣ ва берунӣ. Бавосири дохилӣ ва берунӣ аз ҳамдигар ба дараҷаи назаррас фарқ мекунанд.
Бавосири дохилӣ дар қисми дохилии бадан дар рӯдаи рост пайдо мешавад. Азбаски онҳо дар рӯдаи рост ба вуҷуд меоянд, ташхис кардан душвор аст. Баъзе бавосирҳои дохилӣ метавонанд пролапсӣ шаванд, яъне онҳо аз сӯрохии мақъад ба берун мебароянд.
Бавосири берунӣ дар беруни бадан пайдо мешавад. Онҳо дар наздикии мақъад ҷойгир буда, бо пӯст пӯшонида шудаанд. Дар ин ҳолат пӯст хеле ҳассос ва эҳтимолияти илтиҳоб баланд мебошад. Агар бавосири берунӣ варам кунад ё лахташавии хун мушоҳида шавад, метавонад ба рӯдаҳо зарар расонад.
Агар дар бавосир дар натиҷаи лахташавии хун масса ҳосил шавад, он метавонад ба дарди ногаҳонӣ ва шадид оварда расонад. Дард дар давоми 48 соати аввал хеле шиддат мегирад.
Бавосир кадом аломатҳо дорад?
Аломатҳои бавосир вобаста ба намуди бавосире, ки шумо доред, метавонанд фарқ кунанд.
- хунравӣ (ҳангоми қазои ҳоҷат пайдо шудани хун дар либоси таг, коғази ташноб ё унитаз);
- қазои ҳоҷати дарднок;
- варам дар пӯсти атрофи мақъад;
- хориш;
- эҳсоси гармӣ;
- варам.
Ба пайдоиши бавосир дар давраи ҳомиладорӣ чӣ сабаб мешавад?
Занҳои ҳомиладор ба бавосир бисёр гирифтор мешаванд. Мувофиқи тадқиқотҳо дар 50% занони ҳомиладор бавосир пайдо мешавад.
Сабабҳои пайдоиши бавосир дар давраи ҳомиладорӣ:
- зиёдшавии ҳаҷми хун;
- афзоиши фишори бачадон ба рагҳои хунгарди назди мақъад;
- тағйироти гормоналӣ;
- қабзият.
Оё баъди ҳомиладорӣ бавосир нест мешавад?
Пас аз таваллуд ба туфайли паст шудани сатҳи гормонҳо, ҳаҷми хун ва фишори шикам, бавосир метавонад комилан аз байн равад. Дар давраи ҳомиладорӣ бавосир бештар дар семоҳаи сеюм ва дар ҷараёни таваллуд пайдо мешавад.
Усулҳои табобат чӣ гунаанд?
Бавосирро дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардан мумкин аст. Аммо танҳо табобат дар шароити хона кифоя нест. Бавосири табобатнашуда метавонад бо мурури замон бадтар шавад ва боиси оризаҳо, аз қабили шиддат ёфтани дард ё камхунӣ аз сабаби хунравӣ гардад.
Барои ташхиси бавосир ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Бавосир ягона сабаби хунравӣ аз мақъад нест, бинобар ин агар ҳангоми пок кардани мақъад ё дар наҷосат хунравиро пай баред, тавсия дода мешавад, ки фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Усулҳои табобати бавосир дар шароити хона
Амалҳои ҳаррӯзае, ки метавонед дар хона барои халос шудан аз бавосир ва пешгирии он иҷро кунед:
- Аз салфеткаҳо ё прокладкаҳое, ки равғани ангат доранд, истифода баред;
- Ҳангоми ҳоҷаткунӣ аз салфеткаҳои мулоим ва шусташаванда истифода баред;
- Аз ваннаи нишаст истифода баред ва рӯзе якчанд маротиба дар давоми 10 дақиқа дар оби тозаи ширгарм ванна қабул кунед;
- Дар ҳарорати миёна бо намаки эпсом ванна қабул кунед;
- Барои пешгирии фишори аз ҳад зиёд ба мақъад муддати тӯлонӣ дар ҳоҷатхона нанишинед, машқҳои ҷисмонӣ иҷро кунед;
- Барои мулоим шудани наҷосат оби зиёд нӯшед ва маҳсулоти аз нахҳои ғизоӣ бой истеъмол кунед;
- Барои мустаҳкам кардани мушакҳо машқҳои Кегелро машғулияти доимии худ кунед.