Ҳангоме ки ба санаи таваллуд 2 ҳафта мондааст ё вақти таваллуд ҳанӯз тамоман наздик нашуда бошад ҳам, шумо шояд дар бораи он фикр кунед, ки ҳангоми таваллуд чӣ рӯй медиҳад. Организми ҳар як зан гуногун буда, нишонаҳо ё аломатҳои таваллуд ва ҷараёни таваллуди кӯдак метавонанд аз дигарон фарқ кунанд.
Дар баробари ин, бо наздик шудани рӯзи таваллуд аломатҳои умумие низ ҳастанд, ки ба наздикӣ таваллуд шудани кӯдакро нишон медиҳанд.
Дарунравӣ
Дарунравӣ дар ҳар вақти ҳомиладорӣ ба вуҷуд омада метавонад. Тағйирот дар ғизо, тағйирёбии гормоналӣ ё витаминҳои пеш аз таваллуд метавонанд боиси дарунравӣ гарданд.
Агар санаи таваллуди шумо наздик шуда бошад, наҷосати мулоимтар аз муқаррарӣ аз наздик шудани таваллуд шаҳодат медиҳад. Агар аломатҳои дарунравӣ сабук бошанд, об нӯшед ва ба дигар аломатҳои таваллуд диққат диҳед.
Агар шумо зиёда аз як-ду рӯз таб, дарди сахти шикам ё дарунравӣ дошта бошед, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Хонед: Дарунравӣ ҳангоми ҳомиладорӣ
Поён фаромадани бачадон
Шумо шояд шунида бошед, ки занон дар бораи "поён фаромадани" кӯдаки худ гап мезананд. Раванде, ки онҳо тасвир мекунанд, поён фаромадани бачадон номида мешавад. Кӯдак барои омодагӣ ба таваллуд ба ковокии кос мефарояд.
Пас аз он ки кӯдак ба ковокии кос мегузарад, шумо дар масона ва гарданаки бачадон фишори бештарро ҳис мекунед ва хоҳиши зуд-зуд пешоб кардан пайдо мешавад.
Ҷолиб: Тағйирот дар шикам ҳангоми ҳомиладорӣ (хурд ё калон будан, дар поён ва боло ҷойгиршавии он)
Гарданаки пухтаи бачадон
Духтури шумо метавонад тавассути муоинаи бачадон дар бораи чӣ гуна ҳаракат кардани ҷанин маълумоти кофӣ диҳад. Ин муоина одатан дар ҳомиладорӣ то вақтҳои охир гузаронида намешавад. Бачадони шумо метавонад васеъ ва ҳатто борик шуда, дароз шавад.
Баъзе занон метавонанд дар тӯли якчанд ҳафта бо гарданаки бачадони якчанд сантиметр васеъшуда гарданд. Дар ҳар сурат, ин нишонаи он аст, ки таваллуд наздик мешавад.
Аломатҳои таваллуд: Зиёдшавии ихроҷ
Қисмҳои (порчаҳои) луобпардаи бачадон метавонанд дар байни ҳафтаҳои 37-40 афтанд. Ин ҳолати гуворо нест, аммо ин монеа ба шумо кӯмак мекунад, ки кӯдаки худро аз микробҳо ва бактерияҳои бешумор муҳофизат кунед.
Вақте ки гарданаки бачадон нарм ва ба қадри кофӣ кушода мешавад, луобҳо аз бадан хориҷ мешаванд. Дар ин ҳолат ҳамроҳ бо луоб хунравии сабук ва андаки маҳбалӣ низ мушоҳида шуда метавонад ва одатан ин ҳолати муқаррарӣ аст. Дар ҳоле ки вақти таваллуд метавонад наздик бошад, барои пурра оғоз ёфтани он метавонад якчанд ҳафта лозим шавад.
Агар дар давраи ҳомиладорӣ, ҳатто дар ҳолати наздик шудани вақти таваллуд хунравии шадид мушоҳида шавад, фавран ба духтур муроҷиат кунед. Чунки ин ҳолат метавонад ба ҳаёти ҷанин ва модар хавфи ҷиддӣ эҷод кунад.
Муҳим: Баландшавии тонуси бачадон ҳангоми ҳомиладорӣ
Эҳсоси аломатҳои дарди таваллуд
Ҳамчун аломатҳои таваллуд ё умуман нишонаҳои аввалини таваллуд, дар зани ҳомила аломатҳои бардурӯғи дарди таваллуд зуд-зуд пайдо шуда метавонанд. Ин ҳолатҳо бачадонро ба таваллуд омода мекунанд, одатан бедарданд ва мунтазам идома намеёбанд.
Агар онҳо шиддат ёбанд ё дарднок бошанд, хӯрок хӯрдан, об нӯшидан ё дароз кашидан онҳоро сабук накунанд, мумкин аст, ки ин дарди таваллуди ҳақиқӣ бошад. Вақти байни пайдоиши онҳоро мушоҳида кунед ва агар дард дар фосилаи 3-5 дақиқа пайдо шавад, ба духтури худ хабар диҳед.
Дарди ҳақиқии таваллуд одатан мунтазам буда, ҳар 3-5 дақиқа такрор мешавад ва то 40-50 сония давом мекунад. Ҳамзамон, ба дарди ҳақиқӣ тадриҷан шиддат ёфтан низ хос аст. Дарди бардурӯғ бошад, характери номунтазам дорад.
Об омадан
Пардаи амнионӣ мембранаи пур аз моеъ буда, он тифлро дар бачадон муҳофизат мекунад. Дар ибтидои таваллуд ё дар вақти таваллуд пардаи шумо пора мешавад.
Ҳангоми вайрон шудани якпорчагии парда, шумо метавонед эҳсос кунед, ки миқдори ками моеъ аз маҳбал номунтазам ё мунтазам ҷорӣ мешавад, мушаххастар гӯем, ҷараёни моеъро эҳсос мекунед. Агар дар шумо ин ҳолат мушоҳида шавад ё шубҳа дошта бошед, ки ин моеъ моеъи амнионӣ, пешоб ё чизи дигар аст, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Ба баданатон гӯш диҳед!
Таваллуд бо суръат ва вақтҳои гуногун ба амал меояд, ки ин ба организми ҳар як зан вобаста аст.
Вақте ки дар баданатон тағйирот ба амал меояд ва шумо барои ба дунё овардани тифли худ омодагӣ мебинед, ба ҳама гуна чизи нав ва ғайриоддӣ диққат диҳед. Шумо пеш аз таваллуд (ҳатто вақте ки то таваллуд каме вақт мондааст) метавонед бо аксари нишонаҳои боло дучор шавед. Бо вуҷуди ин, шумо метавонед дар тӯли чанд соат пас аз рехтани об кӯдакро ба дунё оред.
Ин номуайянӣ метавонад шуморо ба ташвиш орад, аммо пас аз оғози дарди воқеии таваллуд, давомнокии миёнаи таваллуд барои заноне, ки бори аввал модар мешаванд, аз 12 то 24 соатро ташкил медиҳад.
Маълумот доштани модари ҷавон дар бораи таваллуд ва ҷараёни он, инчунин омодагӣ ба он барои осон ва бидуни оризаҳои зиёдатӣ гузаронидани таваллуд, дар саломатии ояндаи модар ва кӯдак аҳамияти муҳим дорад. Дар омодагӣ ба ин раванди муҳим дарсҳои махсуси аз ҷониби дастаи «Lalu» омодашуда метавонанд ба шумо кӯмак расонанд.
Ин мақола аз ҷониби дастаи «Lalu» дар асоси маълумоти Mayoclinic.org, Healthline.com ва My.clevelandclinic.org таҳия шудааст.